Имрӯз (06.03.2022) дар ҷаласаи навбатии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) Муҳаммад Тағоев – блогер ва фаъоли маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик ширкат кард. Ӯ, ки ба дархости мақомоти Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2020 дар Қазоқистон боздошт ва зиндонӣ шуда буд ва бо талоши дӯстон дар “Гурӯҳи 24”, КШНГЗС ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ озод шуда ва ҳаминак дар ҷойи амне қарор дорад, дар суханоне дар ин ҷаласа, тақдиру ташаккури худро ба ҳамаи касоне, ки барои озодии ӯ кӯшиш кардаанд, иброз дошт.
Вай дар ин суханон аз ҷумла аз талошҳои раиси КШНГЗС, ҷаноби Абдусаттор Бобоев ва ҳамчунин аз саъю кӯшиши мудовими Темур Варқӣ, узви аршади ПМТ ва фаъоли КШНГЗС ва низ Мавҷуда Соҳибназарова, муовини раиси КШНГЗС ва низ ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва вакилони мудофеъ, ки бо кӯмаки Темур Варқӣ ва Мавҷуда Соҳибназарова ҷиҳати озодии ӯ аз боздоштгоҳе дар Қазоқистон талош намуда ва саранҷом ӯ ба озодӣ баромад, сипосгузории худро баён дошт.
Муҳаммад Тағоев кист?
Муҳаммад Тағоев зодаи 12 майи соли 1984 дар шарҳи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик дар Ҷумҳурии Қазоқистон зиндагӣ ва кор мекард. Дар 4 марти соли 2020 дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд. Ӯро дар департаменти пулиси шаҳри Алма-Ато нигоҳ доштанд. Кормандони пулис гуфтанд, ки Муҳаммад Тағоев бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба иттиҳоми “ифротгароӣ” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Муҳаммад Тағоев дар интернет, асосан дар шабакаи Фейсбук, аз сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон интиқод мекард. Ӯ аз ҷумла ба таҳрими интихоботи парлумонии рӯзи 1 марти 2020 даъват карда буд.
Вай дақоиқе пеш аз боздошташ дар саҳифаи фейсбукиаш навишта буд, ки: “Шодӣ Ҳафизов коргарҳои орган катӣ гап зад, маро бурданианд Тоҷикистон”. Лозим ба зикр аст, ки Шодӣ Ҳафизов (Ҳафиззода) сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил аст ва домоди вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода мебошад.

Бар асоси гузориши Паём бо такя бар манобеи худ дар он мавқеъ, Ҳафиззода ҳамроҳ бо Шоҳрух Саид, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ ва писари Фаттоҳ Саид, бо супориши мустақими хонаводаи раисҷумҳур муваззаф бо ба ҳар роҳе баргардонидани мухолифин ва фаъолони сиёсии муқими хориҷи кишвар шудаанд.
Фаъолони тоҷик дар интернет корзореро бо талаби раҳоии ӯ ба роҳ андохта, аз мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон хоста буданд, ки вайро ба Тоҷикистон насупоранд. Онҳо таъкид карда буданд, ки Муҳаммад Тағоев дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсиаш метавонад ба шиканҷа дучор шавад.

Аз ҷумла, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар санаи 4 марти соли 2020, бо ирсоли номае ба мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки нусхае аз он ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар низ фиристода шуд, аз онҳо хост, нагузоранд Тағоев ба Тоҷикистон истирдод шавад. “Дар сурати истирдоди Тағоев ба Тоҷикистон, ӯро ба хотири фаъолиятҳои сиёсиаш хатари шиканҷа ва зиндон ба муддати тӯлонӣ таҳдид мекунад”, — омада буд дар номаи КШНГЗС.
Муҳаммад Тағоев пас аз озодӣ, дирӯз (5 марти 2022) зимни паёме кӯтоҳ дар сафҳаи худ дар Фейсбук ва гузоштани аксе аз номаи расмии мақомоти Тоҷикистон ба мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон мабнӣ бар супурдани вай ба Тоҷикистон ва иттиҳоми ӯ ба “фаъолиятҳои террористӣ ва экстримистӣ”, навиштааст:
“Шармандаҳои хоин ва қотили миллати тоҷик!!! Бо кадом оби рӯ ба ҳамсоякишвар Қазоқистон нигоҳ мекунед?! Мурданатон, беҳ аст!”

Добавить комментарий