“Мо ба Зан-Модар будани Озода Раҳмон ҳанӯз бовар дорем!”

Шуморе аз бонувони тоҷики муқими хориҷи Тоҷикистон, дар номае саркушода ба Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроии президент, бо таъкид бар ин ки онҳо ба Зан-Модар будани Озода Раҳмон ҳанӯз бовар ва яқин доранд, ки ӯ “пеш аз ҳама ва қабл аз он ки Роҳбари Дастгоҳи падараш ва духтари Эмомалӣ Раҳмон бошад, як Зан-Модар аст”, аз ӯ тақозо кардаанд, ба парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова шахсан дахолат ва пеши роҳи зиндонӣ шудани ин бонуро бигирад. Ба эътиқоди нависандагони нома, агар Озода Раҳмон бихоҳад, метавонад.

Дар ин нома, ки Мавҷуда Соҳибназарова, яке аз фаъолони мухолифони тоҷик ва муовини раиси КШГНЗС, дар сафҳаи худ дар Фейсбук овардааст, омада:

Номае, ки ба Шумо менависем, пеш аз он ки ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба як Зан-Модар аст. Зан-Модаре, ки медонад, Модар яъне кӣ ва медонад, Зан будан яъне чӣ. Асосан, чистии Зан будан ва кистии Модар буданро фақат як Зан-Модар мефаҳмад, намешавад онро бо қалам ба баён кашид. Бояд Зан буд, то моҳият ва ҳақиқати Зан-Модар буданро дарк ва ламс кард.”

Дар идомаи нома, бо ишора ба ин ки нависандагони нома, сарфи назар аз гароишҳои сиёсӣ ва дар ду қутби мухолиф қарор дошдани онҳо бо Озода Раҳмон дар олами сиёсат, яқин доранд, ки Озода Раҳмон эҳсоси Зан-Модар буданро дорад ва отифаи Модар будан ҳаргиз аз як зан – агар ӯ воқеан Зан-Модар аст – салб намешавад.

Нависандагони ин номаи саркушода, дар сабаби навиштани нома ба Озода Раҳмон, хитоб ба ӯ баён доштаанд: “Бо ин ки пештар ҳеч вокунише мутаассифона аз сӯи Шумо ба нома ва дархости Нилуфари Раҷаб (духтари зиндони сиёсӣ) нашуда буд – ва мо ба яқин мегӯем, мардҳо он номаро ба Шумо нарасондаанд, ки агар мерасонданд, қатъан вокуниш аз ҷониби Шумо сурат мегирифт – аввалан, табрику таҳниати Шумо ба 8 март, Рӯзи байналмилалии бонувон аст.

Сабаби дигаре, ки боис шуда ба Озода Раҳмон нома нависанд, чунин баён гардида: “Ва сониян, чанде пеш, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Ҷумҳурии Тоҷикистон як Зан-Модарро ба хотири фаъолиятҳои писари болиғаш, ки 25 сол син дорад ва дар кишвари Олмон ба сар мебарад, ба иттиҳоми “ифротгароӣ” боздошт ва зиндонӣ кардаанд, дар ҳоле, ки худи мақомоти ниҳодҳои номбурда ба ин ҷавон тасреҳ кардаанд, ки мо модаратро ба хотири фаъолиятҳои ту боздошт кардаем. Яъне, модари ту ҳеч гуноҳ ва айбе надорад, ки ба хотири он аввал аз кор ронда шавад ва сипас боздошт ва ба гарданаш иттиҳоми “ифротгароӣ” бор карда шуда ва зиндонӣ гардад, балки иллаташ, ту ва фаъолиятҳои туст. Манзурамон, бону Шоҳида Маҳмадҷонова аст, ки шояд аз ҷараёни боздошт ва зиндонӣ шудани ин Зан-Модари мазлум огоҳ бошед.

Онҳо афзудаанд: “Қарор аст, ба зудӣ додгоҳи ин Зан-Модар баргузор гардида ва ӯ бо иттиҳоми “ифрогароӣ” ва узвият дар “Гурӯҳи 24” – ки фаъолони ин гурӯҳ қотеъона узвияти ин зан дар гурӯҳи мазкурро рад мекунанд – маҳкум ба чанд сол зиндон ва аз озодӣ маҳрум шавад.

Нависандагони номаи мазкур, ки бонуҳое ҳамчун Мавҷуда Соҳибназарова, Ҳумайро Бахтиёр, Нилуфар Раҷабова, Гулбарг Сайфова, Бибисоро Кабирова, Парвина Боева, Гулдаста Раҳмонӣ, Наргис Раҳимова, Омина Исломова ва Ёсаман Собитова зери он имзо гузоштаанд, дар идома бо таъкид бар ин ки “мо номаро ба дарозо намекашем ва бешак, итминон дорем, ки манзури моро ба унвони як Зан-Модар мефаҳмед”, навиштаанд: “Шумо метавонед, бо дахолат дар қазияи ин зани мазлум, пеши роҳи беҷиҳат зиндонӣ шудани ин Модарро бигиред. На ин ки хилофи қонун гом бардоштаед. Ҳаргиз! Балки дар сурати дахолат, Шумо пеши роҳи иқдоми комилан ғайриқонуниро гирифтаед. Зеро, асосан, боздошт ва бо иттиҳоми комилан сохта ва бофта зиндонӣ кардани ин бону, як амали ғайриқонунӣ аст.”

Дар идома, бо ишора ба ин ки Озода Раҳмон, ҳам бо қонунҳои кишвар огоҳ аст ва ба ҳам бо қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ, омада: “Рисолаи номзадии шумо, ки аз он ҳимоят кардаед, “Рушди қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар Тоҷикистон” буда ва ба илова, сафири созмони байналмилалии “Занон – роҳбарони сиёсӣ” низ ҳастед, бинобар ин, ҳатман огоҳед, амале, ки бо ин бону (Шоҳида Маҳмадҷонова) мешавад, комилан ғайриқонунӣ аст.

Нависандагон дар поён, хитоб ба мардоне, ки гумон мекунанд, муроҷиат ба Озода Раҳмон “ҳеч маъное надорад ва Озода Раҳмон бар хилофи хостаҳои падар ва атрофиёни падараш наметавонад гоме бардорад”, навиштаанд: “Мо ба Зан-Модар будани Озода Раҳмон ҳанӯз бовар дорем ва яқин мекунем, ӯ пеш аз ҳама ва қабл аз он ки Роҳбари Дастгоҳи падараш ва духтари Эмомалӣ Раҳмон бошад, як Зан-Модар аст ва метавонад, пеши роҳи ин зулми ошкор яъне зиндонӣ кардани Шоҳида Маҳмадҷоноваро бигирад.”

Гуфтанист, Маҳмадҷонова Шоҳида, модари блогер, Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон09” аст. Шерзод 25 сол син дорад ва аз соли 2016 дар Олмон зиндагӣ мекунад. Вай бо барномаҳои видеоии худ маъруф шуда, ки дар мавриди манъи сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон сухан мегуфт.

Дар таърихи 16-уми январи соли 2020 Шоҳида Маҳмадҷоноваро аз кор ронданд. Ба гуфтаи ӯ, аввал ӯро ба идораи амнияти шаҳри Ваҳдат даъват карда, баъди ду рӯз аз кор озод карданд. Вай афзуд: “Гуфтанд, ки писаратонро овардан даркор, гап занед, биёяд. Гуфтам, ҳамеша мегӯям, ки биё, аммо таҳсилашро бояд анҷом диҳад. Мақомот гуфтанд, писаратон муқобили давлат гап мезанад, ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Кумитаи дин ва Кумитаи кор бо занон занг задааст.”

Дар таърихи 4 феврали соли ҷорӣ (2022) гузориш шуд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова нопадид шудааст. Пайвандони вай гуфтанд, ки кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат як рӯз пеш ӯро даъват карда, дигар раҳо накардаанд. Мақомоти интизомӣ аз шарҳи масъала худдорӣ карданд.

Худи Шерзод Маҳмадҷонов гуфт, ки моҳи гузашта ду дафъа модарашро ба бахши мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Ваҳдат даъват карданд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот аз модари ӯ талаб кардаанд, ки аз писараш бихоҳад, то ба Тоҷикистон баргардад ва ӯро афв мекунанд.

Наздикони Шоҳида Маҳмадҷонова гуфтанд, бори аввал нест, ки ӯ ба хотири суханрониҳои писараш зери фишор қарор мегирад.

Бастагони ин бону дар 7-уми феврали соли ҷорӣ бо фиристодани нома ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул ва Омбудсмен хостанд, макони нигоҳдории ӯро ошкор кунанд. Ба гуфтаи онҳо, Шоҳида Маҳмадҷонова дар 3-юми феврал ба идораи пулиси шаҳри Ваҳдат даъват шуда, то ҳол бедарак аст. Мақомот аз ҳар гуна шарҳ дар бораи сарнавишти ин зан худдорӣ карданд.

Идимо Маҳмадҷонова, модари Шоҳида, мегӯяд, панҷ рӯз аст, ки духтарашро меҷӯяд. Вай гуфт: “Гуфта буд, ки телефонашро аз идораи пулиси шаҳри Ваҳдат гирифта, ба хона меояд, аммо ин кор сурат нагирифт. Домодам гуфт, ки ду моҳ пеш телефони Шоҳидаро як корманди милиса бо номи Парвиз гирифтааст. Ба назди ӯ рафтем. Вай гуфт, ки ба кори дигар гузаштааст. Рақами як корманди дигарро доданд. Ӯ бори аввал ба занги мо ҷавоб дода, гуфт, баъди 20 дақиқа вазъиятро дақиқ мекунад. Дигар ба зангҳои мо ҷавоб надод.”

Вай гуфт, аз мақомот танҳо мехоҳад, ки дар куҷо будани духтарашро ошкор кунанд. Идимо Маҳмадҷонова афзуд: “Вай чӣ гуноҳ дорад? Тарафдори бачаш ҳам нест барои мисол. Тарафдори тинҷию амонӣ аст.”

Ва ин дар ҳоле аст, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, кормандони пулис танҳо то 72 соат ҳақ доранд, шахсро дар боздошт нигоҳ доранд. Баъди ин ё қарори додгоҳ барои ҳабси гумонбаршуда содир мешавад ё шахс бояд озод гардад.

Шерзод Маҳмадҷонов дар хусуси нопадид шудани модараш гуфт: “Пештар мегуфтанд, ки фарзанди шумо як шанс дорад, ки биёяд ва ҷаноби олӣ ӯро мебахшад. Вақте ҳама планҳои онҳо кор накард, аз таҷрибаи Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Чин ва Чеченистон истифода карданд. Дар ин давлатҳо хешу таборро медузданд, бо умеде, ки фарзандашон, ҷиянашон, хешу таборашон фаъолиятҳои худро кам ё қатъ кунанд.”

Ба навиштаи сомонаи Радиои Озодӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат, борҳо мақомотро барои азияту озори наздикони мухолифин дар дохили кишвар интиқод мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора ин гуна танқидҳоро рад кардаанд.

Тибқи гузориши 9 феврали соли ҷорӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 8-уми феврали 2022 дастгир шудани Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ ва ӯро ба “ифротгароӣ” муттаҳам кард. Мақомот гуфтанд, Шоҳида Маҳмадҷонова ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” гумонбар аст ва алайҳи ӯ бар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Пайвандонаш ин иттиҳомро рад карданд. Онҳо гуфтанд, Шоҳида Маҳмадҷонова барои интиқодҳои писараш аз амалкардҳои мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст.

Масъулони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ва беҷазоӣ рӯзи 9-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои Шоҳида Маҳмадҷонова вакили мудофеъ ҷудо карданд. Вале ба гуфтаи онҳо, адвокат бо Маҳмадҷонова то ҳол вонахӯрда ва бо парванда ҳам ошно нашудааст.

Идимо Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷоноваро низ дар таърихи 9-уми феврал ба Вазорати корҳои дохилӣ даъват карда, баёнот гирифтанд. Ба гуфтаи хонум Маҳмадҷонова, дар ин ниҳод ба ӯ гуфтаанд, духтараш “барои робита бо “Гурӯҳи 24” гумонбар дониста мешавад. Вай гуфт: “Ба мақомот гуфтам, ки қотеона ин гапро маҳкум мекунам, розӣ нестам. Гуфтамашон, ки се моҳ мешавад, телефонаш дар дасти кормандони милисаи Ваҳдат буд. Ҳар чизе буд, онҳо карданд, гап задан ё лайк мондан аз дасти онҳо меояд. Ман ҳамаи ин чизро рад кардам.”

“Гурӯҳи 24” иртибот доштани Шоҳида Маҳмадҷонова бо ин гурӯҳро қотеона рад кард.

Шерзод Маҳмадҷонов гуфт, парвандаи модараш “беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ” аст. Вай афзуд: “Модари маро дуздиданд, 6 рӯз ғайриқонунӣ нигоҳ доштанд, намедонам, ки модари ман чӣ пӯшид, дар куҷо хоб кард ва чӣ хӯрд. Оё дар вақташ намозҳояшро хонд ё не, мо хабар надорем. Парвандаи модарамро дорои оҳанги сиёсӣ медонам. Чунки гунаҳкори аслӣ ман ҳастам ва инҳо мехоҳанд, ки фаъолияти маро манъ кунанд.”

Бар асоси гузориши 17 феврали соли ҷорӣ (2022), Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО бурданд. Идимо Маҳмадҷонова дар таърихи 16-уми феврали соли ҷорӣ гуфт, “ду рӯз боз ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и Душанбе хӯрок мебарем.”

Идимо Маҳмадҷонова афзуд, бо гузашти ду ҳафта аз боздошти духтараш то ҳол ӯро надидаанд. Вай гуфт: “Хӯрок мебарем, кормандони СИЗО мегиранд, вале ӯро ба мо нишон намедиҳанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: