Мавҷуда Соҳибназарова, аз раҳбарони опозитсияи тоҷик ва муовини раиси КШГНЗС, дар гуфтугӯ бо шабакаи ВВС-форсӣ, дар бораи чароии навиштани нома ба Озода Раҳмон, бо баёни ин ки “имрӯз (8 март) рӯзи байналмилалии бонувон аст ва мутаассифона дар Тоҷикистон мақом ва ҷойгоҳи зан фақат дар ҳамин рӯз ба ёди мардум меафтад ва арҷ мегузоранд”, гуфт: “Бинобар ин, мо хостем, ҳам ӯро (Озодаро) табрик бигӯем ва ҳам таваққӯъ дорем, як армуғон ва тӯҳфае аз сӯи ӯ дар ин рӯз шавад ва ӯ дахолат кунад ва Шоҳида Маҳмадҷонова озод гардад.” Вай афзуд: “Мо ба Озода Раҳмон на ба ин унвон, ки ӯ раиси Дастгоҳи иҷроияии президент ва як сиёсатмадор аст нома навиштаем, балки ба унвони як Зан-Модар, ки қоъидатан бояд эҳсоси Зан-Модар будан дар ӯ ҳаст ва бояд Зан-Модар буданро дарк ва ламс кунад, ба ӯ муроҷиат кардем.”
Вай ҳамроҳ бо 9 нафар аз бонувони тоҷики муқими хориҷи кишвар, ки бонувоне чун Бибисоро Кабирӣ, Ҳумайро Бахтиёр, Нилуфар Раҷабова, Гулбарг Сайфова, Парвина Боева, Гулдаста Раҳмонӣ, Наргис Раҳимова, Омина Исломова ва Ёсаман Собитова дар миёни онҳо дида мешавад, номае саркушода ба Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон навишта, зимни табрики вай ба 8 март, Рӯзи байналмилалии бонувон, аз ӯ тақозо кардаанд, ба қазияи Шоҳида Маҳмадҷонова дахолат намуда ва нагузорад, ин бону зиндонӣ шавад.
Соҳибназарова дар тавзеҳи муҳтавои ин нома, ки Дориюши Раҷабиён, хабарнигори шабакаи BBC-форсӣ аз ӯ пурсид, гуфт: “Вақте фаҳмидем, Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба хотири фаъолиятҳои писараш, ки дар Олмон кору зиндагӣ мекунад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд, мо дигар наметавонистем хомӯш нишинем.”
Вай афзуд: “Мо медонистем, ки Озода Раҳмон вокунише ба номаи мо намекунад, зеро қаблан Нилуфар Раҷабова, духтари зиндонии сиёсӣ, узви Риёсати Олии ҲНИТ, Раҳматуллои Раҷаб, дар номае ба Озода Раҳмон, аз фишорҳое, ки бар ӯ аз сӯи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон мешавад шикоят карда буд, вале аз ҷониби Озода мутаассифона садое шунида нашуд.”
Дориюши Раҷабиён аз ӯ пурсид, пас ба чӣ далел ба Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи Риёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон нома навиштед, дар ҳоле, ки фикр мекардед, ӯ ҳеч вокунише намекунад, Мавҷуда Соҳибназарова гуфт: “Аз онҷо, ки имрӯз (8 март) рӯзи байналмилалии бонувон аст ва мутаассифона дар Тоҷикистон мақом ва ҷойгоҳи зан фақат дар ҳамин рӯз ба ёди мардум меафтад ва арҷ мегузоранд, бинобар ин, мо хостем, ҳам ӯро табрик бигӯем ва ҳам таваққӯъ дорем, як армуғон ва тӯҳфае аз сӯи ӯ дар ин рӯз шавад ва ӯ дахолат кунад ва Шоҳида Маҳмадҷонова озод гардад.”
Мавҷуда Соҳибназарова афзуд: “Мо ба Озода Раҳмон на ба ин унвон, ки ӯ раиси Дастгоҳи иҷроияии президент ва як сиёсатмадор аст нома навиштаем, балки ба унвони як Зан-Модар, ки қоъидатан бояд эҳсоси Зан-Модар будан дар ӯ ҳаст ва бояд Зан-Модар буданро дарк ва ламс кунад, ба ӯ муроҷиат кардем.”
Ба ин суоли Дориюши Раҷабиён, ки оё дар Тоҷикистон роиҷ аст, модарон масъули фаъолияти фарзандонашон бошанд ва ба хотири фаъолиятҳои онон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва назари Мавҷуда Соҳибназарова ба унвони як сиёсатмадор дар ин хусус чист, Мавҷуда Соҳибназарова баён дошт: “Бале, мутаассифона чунин аст. Аз замоне, ки мухолифон муҳоҷират кардаанд, мақомот бар бастагони онҳо аз падару модару хоҳару бародарон ва фарзандонашон фишор меоваранд ва ба ҷавобгарӣ мекашанд.”
Соҳибназарова дар ин хусус худашро мисол овард ва гуфт: “Аз ҷумла худам, ки дар Аврупо ҳастам ва духтарам дар Тоҷикистон аст, борҳо ва на яке ё ду бор, ӯро ба идораи амният хонданд ва бар ӯ фишор оварданд, ки шояд модарат аз тариқи Афғонистон ба Бадахшон ояд ва ту моро бояд огоҳ кунӣ.”
Вай афзуд: “На танҳо ман, балки хелеҳо бо чунин сарнавишт рӯ ба рӯ шуданд, аз ҷумла Нилуфар Раҷабова ва ҳамчунин модари Гулбиддин Зиёбеков, ки ин ҷавон ба дасти амниятиҳо кушта шуд. Модари шодравон Гулбиддин Зиёбеков ба раисиҷумҳур ва низ духтари раисиҷумҳур ва ба чанд ниҳоди дигар нома навиштааст ва аз ин ҳолат шикоят кардааст.”
Мавҷуда Соҳибназарова гуфт: “Ҳамаи мардум мехоҳанд, дар Тоҷикистон адолати судӣ барқарор шавад ва агар касе муртакиби ҷурме шудааст, худаш посугӯ бошад, на наздиконаш аз падару модару хоҳару бародарону фарзандонаш.”
Вай дар поён таъкид кард: “Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки мо ба Озода Раҳмон нома навиштаем, ба ин умед, ки адолати судӣ дар Тоҷикистон барқарор шавад.”
Машрӯҳи ин нома ба шарҳи зерин аст:
“Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зан-Модар, Раҳмон Озода Эмомалӣ
Аз номи шуморе аз занони тоҷикистонии муқими хориҷи кишвар
Ассалому алайкум
Номае, ки ба Шумо менависем, пеш аз он ки ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба як Зан-Модар аст. Зан-Модаре, ки медонад, Модар яъне кӣ ва медонад, Зан будан яъне чӣ. Асосан, чистии Зан будан ва кистии Модар буданро фақат як Зан-Модар мефаҳмад, намешавад онро бо қалам ба баён кашид. Бояд Зан буд, то моҳият ва ҳақиқати Зан-Модар буданро дарк ва ламс кард. Ва мо — нависандагони ин нома, сарфи назар аз гароишҳои сиёсӣ ва дар ду қутби мухолиф қарор дошдани мо бо Шумо дар олами сиёсат – яқин дорем, ки Шумо эҳсоси Зан-Модар буданро доред ва отифаи Модар будан ҳаргиз аз як зан – агар ӯ воқеан Зан-Модар аст – салб намешавад.
Бигзарем. Сабаби навиштани ин нома ба Шумо, бо ин ки пештар ҳеч вокунише мутаассифона аз сӯи Шумо ба нома ва дархости Нилуфари Раҷаб (духтари зиндонии сиёсӣ) нашуда буд – ва мо ба яқин мегӯем, мардҳо он номаро ба Шумо нарасондаанд, ки агар мерасонданд, қатъан вокуниш аз ҷониби Шумо сурат мегирифт – аввалан, табрику таҳниати Шумо ба 8 март, Рӯзи байналмилалии бонувон аст.
Ва сониян, чанде пеш, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Ҷумҳурии Тоҷикистон як Зан-Модарро ба хотири фаъолиятҳои писари болиғаш, ки 25 сол син дорад ва дар кишвари Олмон ба сар мебарад, ба иттиҳоми “ифротгароӣ” боздошт ва зиндонӣ кардаанд, дар ҳоле, ки худи мақомоти ниҳодҳои номбурда ба ин ҷавон тасреҳ кардаанд, ки мо модаратро ба хотири фаъолиятҳои ту боздошт кардаем. Яъне, модари ту ҳеч гуноҳ ва айбе надорад, ки ба хотири он аввал аз кор ронда шавад ва сипас боздошт ва ба гарданаш иттиҳоми “ифротгароӣ” бор карда шуда ва зиндонӣ гардад, балки иллаташ, ту ва фаъолиятҳои туст.
Манзурамон, бону Шоҳида Маҳмадҷонова аст, ки шояд аз ҷараёни боздошт ва зиндонӣ шудани ин Зан-Модари мазлум огоҳ бошед.
Қарор аст, ба зудӣ додгоҳи ин Зан-Модар баргузор гардида ва ӯ бо иттиҳоми “ифрогароӣ” ва узвият дар “Гурӯҳи 24” – ки фаъолони ин гурӯҳ қотеъона узвияти ин зан дар гурӯҳи мазкурро рад мекунанд – маҳкум ба чанд сол зиндон ва аз озодӣ маҳрум шавад.
Мо номаро ба дарозо намекашем. Ва бешак, итминон дорем, ки манзури моро ба унвони як Зан-Модар мефаҳмед. Шумо метавонед, бо дахолат дар қазияи ин зани мазлум, пеши роҳи беҷиҳат зиндонӣ шудани ин Модарро бигиред. На ин ки хилофи қонун гом бардоштаед. Ҳаргиз! Балки дар сурати дахолат, Шумо пеши роҳи иқдоми комилан ғайриқонуниро гирифтаед. Зеро, асосан, боздошт ва бо иттиҳоми комилан сохта ва бофта зиндонӣ кардани ин бону, як амали ғайриқонунӣ аст.
Шумо, ҳам бо қонунҳои кишвар огоҳед ва ба ҳам бо қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ва рисолаи номзадии шумо, ки аз он ҳимоят кардаед, “Рушди қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар Тоҷикистон” буда ва ба илова, сафири созмони байналмилалии “Занон – роҳбарони сиёсӣ” низ ҳастед, бинобар ин, ҳатман огоҳед, амале, ки бо ин бону (Шоҳида Маҳмадҷонова) мешавад, комилан ғайриқонунӣ аст.
Дар поён, ба мардоне, ки гумон мекунанд, муроҷиат ба Шумо ҳеч маъное надорад ва Озода Раҳмон бар хилофи хостаҳои падар ва атрофиёни падараш наметавонад гоме бардорад, мегӯем:
Мо ба Зан-Модар будани Озода Раҳмон ҳанӯз бовар дорем ва яқин мекунем, ӯ пеш аз ҳама ва қабл аз он ки Роҳбари Дастгоҳи падараш ва духтари Эмомалӣ Раҳмон бошад, як Зан-Модар аст ва метавонад, пеши роҳи ин зулми ошкор яъне зиндонӣ кардани Шоҳида Маҳмадҷоноваро бигирад.
Бо эҳтиром,
Мавҷуда Соҳибназарова
Бибисоро Кабирова
Нилуфар Раҷабова
Гулбарг Сайфова
Парвина Боева
Гулдаста Раҳмонӣ
Наргис Раҳимова
Омина Исломова
Ёсаман Собитова”