Домулло Муҳаммадсаъид Ризоӣ дар ёддоште, зимни табрики занони Тоҷикистон ба 8 март, Рӯзи байналмилалии бонувон, бо баёни ин ки лозим аст аз бонувон тақдир ба амал ояд ва онҳо ба қавли ӯ, “шарики шафиқу исоргар дар зиндагӣ” ҳастанд ва ҳамчунин тавсияи ҷавонон ба ин ки “шарики зиндагии худро ҷустуҷӯ ва ҳамсарони шафиқу меҳрубон барои худ ихтиёр кунанд, то шафақат ва дӯстиву меҳрубонӣ ва исореро, ки аз модару хоҳар, то имрӯз дидаанд, аз ҳамсари меҳрубони худ, амалан ба гунаи дигар ва ба наҳви беҳтар, биёбанд”, сарнавишти се модар: модари Шерзод Маҳмадҷонов (Шоҳида Маҳмадҷонова), модари Ҷунайдулло Худоёров ва модари шодравон Гулбиддин Зиёбековро ба миён оварда ва гуфтааст, ин “модаронро ба ин рӯз табрик ва аз Аллоҳ барои хоҳар Шоҳида раҳоии ҳар чи сареътар ва ба ин ду модар сиҳҳатмандии комил хоҳонам!” Вай дар поёни ёддошти худ изҳори умедворӣ кардааст, ки “дар кишвари мо занону модарон як талоши дигаре мекунанд ва ҳаққи комили худро аз озодӣ ба даст меоваранд, ки иди ҳақиқии онҳост.”
Матни пурраи ёддошти Муҳаммадсаъид Ризоӣ ба шарҳи зерин аст:
“Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Дирӯз, 8 уми март, ба зоҳир ба Зан-Модар ихтисос дошт, албатта ин муносибат бо заҳмати худи бонувон сурат гирифта. Ба ҳар ҳол, ба унвони як диндор, руҳонӣ, мулло ва донишманди динӣ, мехоҳам дар ин рӯз бо модарону хоҳарони меҳрубон ва бо Зан, бо ин шарики шафиқу исоргар дар зиндагӣ, ҳамроҳ бошам ва дар доираи салоҳият аз дину ойинам сӯҳбат кунам ва бигӯям, ки:
Ин рӯзатон хуш ва ҳар рӯзатон ид бод!
Ба баҳонаи ин рӯзи фархунда барои бонувон, шоиста аст ба ду нукта ишора кунам:
1) Як тифл вақте ба боло ҳаво дода мешавад, ба ҷои тарс хушҳол ва роҳату хандон мешавад, зеро медонад, ки он касе ин корро бо ӯ мекунад, шафиқ, меҳрубон ва саломатии ӯро бар ӯҳда дорад ва ҳифзаш мекунад, махсусан модар, ки тифл дар канори ӯ эҳсоси оромӣ мекунад. Мо ҳам мутмаин бошем, ки зан дар ҳар симат — модар, хоҳар ва ҳамсар, барои мо шафиқ ва меҳрубон аст, махсусан ҳамсар, ки мӯҷиби дур шудани ҳама гуна ранҷу хастагӣ аз инсон мешавад; дар канори ӯст, ки ба мо, мардон эҳсоси оромиш муяссар мешавад.
Аз ин рӯ, зан ҳаққи ҳама гуна эҳтиром ва қадрдониро дорад. Ва ба ҷавонон, ки ба синни издивоҷ расидаанд, тавсия мекунам, шарики зиндагии худро ҷустуҷӯ ва ҳамсарони шафиқу меҳрубон барои худ ихтиёр кунанд, то шафақат ва дӯстиву меҳрубонӣ ва исореро, ки аз модару хоҳар, то имрӯз дидаанд, аз ҳамсари меҳрубони худ, амалан ба гунаи дигар ва ба наҳви беҳтар, биёбанд.
2) Банда, илова бар ин ки домулло ҳастам, ба хотири узвият дар Наҳзати Исломӣ, ба сиёсӣ будан шӯҳрат дорам. Сиёсӣ буданам ҳам ба ин аст, ки аз Ислом, мусалмонҳо ва масҷиду ҳуқуқи бонувон ҳимоят мекунам. Ба ин хотир, дар ин рӯзи занон мехоҳам ин қисматро ба модароне, ки гуноҳе накарда, паси панҷараи зиндонҳо қарор доранд ва ё он идда модароне, ки аз фироқи фарзандони бегуноҳ ё бо баҳонаҳои сиёсӣ ва бадбинҳои шахсӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд ва ранҷ мебаранд, дар ёди фарзандони худ месӯзанд ва орзуи дидори онҳоро доранду бисёри аз онҳо ин орзуи худро ҳамроҳ бо худ ба зери хок бурдаанд, бибахшам.
Ибтидо шоиста аст матлаберо, ки қарор аст инҷо дар борааш сӯҳбат кунам, хоҳар Шоҳида Муҳаммадҷонова аст. Ин модар пизишк аст, ки солиёне зиёд, махсусан дар рӯзҳои сиёҳи гирифтории ҷаҳон ва Тоҷикистон ба вабои аср, “Ковид 19”, дармонгар ва дар хидмати ниёзмандон буд ва комилан бегуноҳ аст. Танҳо айби ӯ ин аст, ки писараш дар берун аз Тоҷикистон қарор дорад ва як блогер аст, ки ҷинояту хилофкориҳои ҳукуматдоронро дар шабакаҳои маҷозӣ бозтоб медиҳад.
Агар расонаҳо ва шахсони ҳуқуқиву маданӣ дахолат ва аз ӯ дарак намедоданд, ҳеч кас аз ҳоли ӯ ва балое, ки ба сараш овардаанд, хабар надошт. Инак, Шоҳида Муҳаммадҷонова дар ин рӯзи худаш, дар рӯзи бонувон бе вакили дифоъ ва хилофи тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҷазоии маданӣ ва таъйини ҷазо, зиндонӣ аст.
Мисоли дигар, модари Ҷунайдуллоҳ Худоёров аст. Ҷунайдуллоҳ як фаъоли иҷтимоӣ аст, ки сиёҳкориҳои раиси ноҳияи Рашт ва мақомоти амниятӣ ва интизомии маҳаллиро дар ноҳия ошкор месохт. Ҷунайдуллоҳ Худоёров эҳсос кард, ки баъди адои ҳабси иҷборӣ, дубора бо ҳамон айбномаи қаблӣ ба ҳабс гирифта мешавад, аз ин рӯ аз кишвар берун шуд ва инак дар муҳоҷират ба сар мебарад. Модар дар фироқи ӯ.
Як мисоли дигар, модари шодравон Гулбуддин Зиёбеков аст. Ин модар ҷасади беҷони фарзанди ҷавон ва бе гуноҳ ба қатл расонидашудаи худро як ҳафта дар пеши бинои ҳукумати Вилояти Мухтори Бадахшон нигоҳ дошт ва муҷозоти қотилони ӯро хостгор шуд.
Ин ду модар мактуби кушода ба унвонии Раиси Ҷумҳурӣ, Раҳмонов ирсол ва аз ӯ хостдори адолат дар қазияи фарзандони худ шуданд.
Модаронро ба ин рӯз табрик ва аз Аллоҳ барои хоҳар Шоҳида раҳоии ҳар чи сареътар ва ба ин ду модар сиҳҳатмандии комил хоҳонам!
Ин нуктаро ҳам фаромӯш накунем, ки модари Ёқуб Салимов (Вазири Корҳои Дохилаи вақт ва яке аз касоне, ки Раҳмоновро барои ба қудрат расидан кӯмак ва ҷони ӯро ҳифз кардааст) – айни ҳол дунёи фониро падруд гуфтааст — дар вақти беморӣ ва пеш аз сафар ба хонаи охираташ, аз Раҳмонов дар мактуби кушодае хост, ки агар писарашро “афв” намекунад, лоақал иҷозат бидиҳад, то барои охирин бор ӯро бибинад. Ин модари ҷигарсӯхта ба гунаҳгор будани писараш бовар надошт.
Ин намунае аз садҳо модарони соҳибкорони муваффақ ва хоҳароне мебошад, ки ё худ бо зулм гирифтор шудаанд, ё дар фироқи наздикони бо зулм зиндонӣ шуда ва овораву саргардони худ ҷон додаанд ва ё дар сад ранҷу азоб умр ба сар мебаранд.
Дар сурати ин беэҳтиромиҳо нисбат ба Зан-Модар ва ба корҳои сангин маҷбур сохтани онҳо, рӯзи занон ва иди модарон чӣ арзише дорад?! Аввалан, ин ҳеч иде нест ва сониян, ин ҷуз фиреб ва домони бонувонро бо чормағзи пуч пур кардан, чизи дигаре нест.
Ман умедворам, ки дар кишвари мо занону модарон як талоши дигаре мекунанд ва ҳаққи комили худро аз озодӣ ба даст меоваранд, ки иди ҳақиқии онҳост.
Рӯзи худатон хуҷаста бод, бонувони азиз!”
Добавить комментарий