Гурӯҳи 44: “Агар Ифтихор Саидбеков озод нашавад, даст ба гирдиҳамоӣ мезанем!”

Дар ҳоле, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар як муроҷиати видеоӣ сипосгузории худро аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати пуштибонӣ ва ҳимояти онҳо аз барқарории адолат ва волоияти қонун дар Бадахшон изҳор доштанд, намояндагони мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон яке аз аъзои гурӯҳи 44-нафараи ҷомеаи шаҳрвандиро боздошт карданд. Яке аз раҳбарони фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, баъди ин ҳодиса аъзои “Гурӯҳи 44” ба мақомот нома навишта, озод кардани Саидбековро талаб ва хотиррасон карданд, ки агар ӯ озод нашавад, “даст ба гирдиҳамоӣ мезананд”.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин минтақа мегӯянд, Ифтихор Саидбековро ҳангоми убур аз роҳ дар постгоҳи БДА дар маҳаллаи Тирчиди Хоруғ дастгир карданд ва ҳадафи мақомот “фишор” ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Ҳуқуқшинос Фаромуз Иргашев – яке аз аъзои ин гурӯҳ, 10-уми марти соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот Ифтихор Саидбековро “дар вақти пиёда аз роҳ убур намудан дастгир кардаанд”. Ба гуфтаи Иргашев, “дар соати тақрибан 12 рӯз огоҳ шудем, ки ӯро боздошт карда бурдаанду латту кӯб кардаанд”. Вай гуфт, баъди ин ҳодиса 20 узви гурӯҳ ба ҳукумати шаҳри Хоруғ ва вилояти Бадахшон нома навишта, озод кардани Саидбековро талаб карданд. Ба гуфтаи Иргашев, имзогузорон гуфтаанд, ки агар ӯ озод нашавад, “даст ба гирдиҳамоӣ мезананд”.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, ин дар ҳолест, ки дар давоми чор рӯзи гузашта 7 сокини маҳаллӣ боздошт шудаанд. Фаромуз Иргашев мегӯяд, ин боздоштҳо “аз 7-уми март то имрӯз дар маҳаллаҳои мухталифи Хоруғ” сурат гирифтааст ва аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ инро “фишор болои ин гурӯҳ” медонанд.

Ӯ гуфт: “Дастгир шудани Ифтихор Саидбеков фишор ба фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ҳоло дигар тафтишоти муштарак пеш намеравад ва баръакс, аз тариқи шабакаи ТВ Бадахшон намояндаҳои гурӯҳ танқид мешаванд”. Манзури ӯ, таҳқиқи парвандаи куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар моҳи ноябр ва эътирозҳои сокинон мебошад.

Гуфтанист, ин гурӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ тирамоҳи порсол дар паи бӯҳрони навбатӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) таъсис шуд. Қатли бераҳмонаи Гулбуддин Зиёбеков ба дасти маъмурони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон боиси эътирози мардум шуд. Дар пайи ин эътироз мақомот ваъда доданд, бо ҳамкорӣ бо фаъолони ҷамъиятӣ ин қазияро таҳқиқ мекунанд. Вале аз он замон то кунун фаъолони ҷамъиятӣ чандин бор аз маҳдуд будани ширкаташон дар таҳқиқот ва ҳам фишор бар болои онҳо шикоят мекунанд.

Ва ин дар ҳоле аст, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба “Гурӯҳи 44” маъруф шудаанд, дар як муроҷиати видоӣ сипосгузории худро аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати пуштибонӣ ва ҳимояти онҳо аз барқарории адолат ва волоияти қонун дар Бадахшон изҳор доштанд.

Матни пурраи муроҷиати онҳо ба шарҳи зерин аст:

Хоҳарону бародарони азизу гиромӣ! Мо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамаи касонеро, ки моро дар корҳои ҳаррӯзаи мо дар талаб намудани адолат ва қонуният, ҳифзи суботи ҷомеаву давлат ҷонибдорӣ намуданд, сипоси самимонаи худро изҳор менамоем.

Шумоён, хоҳарону бародарони азиз, чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чӣ берун аз ватанамон, ба мушилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мушкилоти рӯзмарра нигоҳ накарда, иттиҳоду сарҷамъӣ ва якдилӣ, бетараф будан ва қонунмадориро нишон додед.

Ҳамаи корҳои анҷомдодаи мову шумо дар чорчӯбаи қонун буда, талаботи ҳамаи мо фақат барои адолат ва баробарӣ дар назди қонун, нигаҳдории сулҳу субот, оромии ҷомеа ва давлат ҳасту халос.

Мову шумо бояд дар замони ҳозира ва дар оянда низ барои ҳимояи сулҳу суботи ҷомеа ва давлат, якпорчагии давлат, муттаҳидии миллат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, қонунмадорӣ ва баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди он, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлату миллатамон саҳмгузор бошем.

Бо эҳтиром, ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: