Баёнияи КШНГЗС оиди боздошти Муҳибулло Нуриддинов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани боздошти Муҳибулло Нуриддинов — бародарзодаи марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, аз мақомоти марбутаи Тоҷикистон тақозо мекунад, фавран ӯро озод ва ба хотири боздошти беҷиҳати вай, аз ӯ узрхоҳӣ намоянд. КШНГЗС бо итминони комил мегӯяд, Муҳибулло Нуриддинов ҳеч айб ва гуноҳе ба ҷуз ин ки писарамуи муовини раиси КШНГЗС Муҳаммадҷон Нурӣ аст надорад ва ӯ бо ҳадафи фишор бар болои Муҳаммадҷон Нурӣ боздошт шуда, то Муҳаммадҷон даст аз фаъолият бардорад.

Чанде пеш, маъмурони яке аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар шаҳрванди Тоҷикистон, Муҳибулло Нуриддинов, бародарзодаи марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро, ки аз аркони барқарории сулҳу субот дар кишвар ба шумор меравад, боздошт карданд.

Боздошти Муҳибулло Нуриддинов ба иттиҳоми “дарёфти пул аз хориҷа” мебошад; иттиҳоме, ки пайвандони ӯ аз ҷумла Муҳаммадҷон Нурӣ, муовини раиси КШГНЗС ва писари аршади марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар Фаронса бар сар мебарад, қотеъона рад мекунанд. Боздошти Муҳибулло пас аз ду моҳи боздошт ва зиндонӣ кардани Нусратулло Саидов, яке дигар аз бародарзодаҳои марҳум устод Нурӣ ба айни иттиҳоми номбурда, мебошад.

Вақтҳои ахир мутаассифона фишор болои наздикони марҳум устод Нурӣ зиёд шудааст. Аз ҷумла, ахиран бародари марҳум устод Нурӣ, Нуруллоҳ Саидов ва ҳамчунин яке аз хоҳарони ӯро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

КШНГЗС бар ин бовар аст, ки боздошти наздикони устод ва низ фишор бар болои онҳо, ҳамагӣ пас аз он сурат мегиранд, ки Муҳаммадҷон Нурӣ, писари аршади марҳум устод Нурӣ, ба унвони муовини раиси Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон интихоб гардид.

Мо мӯътақидем, ин боздоштҳо ва фишорҳо ҳамагӣ бо ҳадафи даст кашидани Муҳаммадҷон Нурӣ аз фаъолият сурат мегиранд. Ва ин дар ҳоле аст, ки Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГНЗС) як ниҳоди сирф ҳуқуқӣ буда ва расман дар кишвари Лаҳистон (Поланд) сабт гардидааст. Аз ин рӯ, ин боздоштҳо ва фишорҳо комилан ғайриқонунӣ ва хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ онҳоро эътироф кардааст, мебошанд.

Бинобар ин, Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГНЗС) аз тамоми созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар тақозо менамояд, зимни арзёбии ҳуқуқии иқдомҳои ғайриқонунии мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои лозимро ҷиҳати даст бардоштани мақомоти Тоҷикистон аз ин амалҳо, биандешанд.

Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГНЗС)

11.03.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: