Ҳафтаи дифоъ аз бастагони устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Дар чанд моҳи ахир, фишор болои бастагон ва наздикони марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори Ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ки яке аз аслитарин аркони барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон ба шумор меравад, дар дохили кишвар зиёд шудааст. Ба гуфтаи пайвандони онҳо дар хориҷ аз кишвар, сабаби асосии ин фишорҳо интихоб шудани Муҳаммадҷон Нурӣ, писари устод Нурӣ ба унвони муовини раиси КШНГЗС аст. Дар рӯзҳои наздик, сайти “Зиндониён” гуфтугӯи муфассале бо Муҳаммадҷон Нурӣ дар ин хусус хоҳад дошт, ки пешкаши хонандаҳо мешавад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бар он шуд, то ҳафтаи ҷориро барои дифоъ аз боздоштшудаҳои ин хонавода ихтисос бидиҳад. Ва чунон ки маълум аст, ду моҳ пеш Нусратулло Саидов, яке аз бародарзодаҳои марҳумро боздошт ва зиндонӣ карданд. Ва инак, Муҳибулло Нуриддинов, яке дигар аз бародарзодаҳои устод, чанд рӯз пеш дар ноҳияи Бохтар боздошт шуд.

Муҳиббулло Нуриддинов кист?

Нуриддинов Муҳибулло Ҳабибуллоевич зодаи 24 марти соли 1977 дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вай дар мактаби миёнаи рақаи 20-и ноҳияи Вахш таҳсил ва дар соли 1994 онро хатм кардааст.

Муҳибулло Нуриддинов то замони боздошт ба унвони фурӯшанда дар мағозае, ки “Ҳабибуллоҳ” ном дошт, кор мекард. Ӯ оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст.

Ӯро дар таърихи 23 феврали соли ҷорӣ яъне 2022 дар ноҳияи Бохтар боздошт карданд. Ба гузориши Радиои Озодӣ, мақомоти кишвар иллати боздошти ӯро шарҳ надоданд. Пайвандонаш ба ин расона гуфтанд, ки ба ӯ иттиҳоми “гирифтани пул аз хориҷа”-ро бор кардаанд. Абӯбакри Нурӣ, бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Муҳибулло Нуриддинов, ки дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад, вакили дифоъ ҳам надорад ва аз наздикон фаҳмидем, ки ӯро ба дарёфти маблағ аз хориҷи Тоҷикистон айбдор кардаанд. Абӯбакри Нурӣ таъкид кард, ки тафтишот далеле бар ин иттиҳом пеш наовардааст.

Гуфтанист, мақомот ду моҳ пеш Нусратулло Саидов, яке дигар аз бародарзодаҳои устод Саид Абдуллоҳи Нуриро бо айни иттиҳом яъне “дарёфти пул аз хориҷа”, дастгир карда буданд.

Нусратулло Саидов кист?

Саидов Нусратулло Атоевич дар таърихи 02.07.1973 дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 1980 дар мактаби миёнаи рақами 20-и ноҳияи Вахш таҳсил ва дар соли 1990 онро хатм намудааст.

Нусратулло баъди шурӯи нооромиҳои соли 1992 дар Тоҷикистон, кишварро тарк ва ба хориҷ ҳиҷрат намуд. Баъди созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ӯ дубора ба Тоҷикистон баргашт.

Вай дар соли 1996 дар Донишгоҳи шаҳри Тароблуси Либиё дохил ва дар соли 2000 аз он фориғуттаҳсил гардидааст.

Нусратулло баъд аз таъсиси хоҷагии деҳқонии “ИСТИҚЛОЛ-2001” дар соли 2001 дар ноҳияи Вахш, дар ин хоҷагӣ машғул ба кор шуд. Вай ҳамчунин ғоибона дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шаҳри Душанбе, факултети ҳуқуқшиносӣ дохил ва дар соли 2011 онро хатм намудааст.

Нусратулло Саидов аз соли 2009 то 2010 ба унвони имом-хатиби масҷиди ҷомеи Мулло Нуриддини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш фаъолият кардааст. Аз соли 2009 то ба имрӯз ҳамчун раиси Хоҷагии деҳқонии Истиқлол (Номи ҳозирааш “Кооперативи истеҳсолии Истиқлол-2001”) кор мекунад. Вай оиладор ва соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Ӯ дар таърихи 26-уми январи соли ҷорӣ (2022) ба иттиҳоми “дарёфти пул аз хориҷа” боздошт шуд. Ба гуфтаи Нурмаҳмад Саидов, бародари Нусратулло Саидов, боздошти бародараш пас аз расондани ёрӣ ба хонаводаи маъюбон дар ноҳияи Вахш сурат гирифтааст. Нурмаҳмад Саидов дар ин бора гуфт: “Чаҳор корманди хоҷагиро низ бозпурсӣ кардаанд, ки маблағи кӯмак ба маъюбонро аз куҷо ёфтанд. Оё ин пулҳо аз хориҷи Тоҷикистон бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст ё не? Чаҳор нафар рӯзи 25-уми январ, баъди пурсиш, озод шудаанд.”

Шуморе аз бастагон ва наздикони Нусратулло Саидов, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, дастаҷаъона оиди боздошти Нусратулло Саидов муроҷиатномаи видеоӣ ва катбӣ содир намуданд.

25 январи соли ҷорӣ Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) низ бо судури баёнияе, боздошти Нусратулло Саидовро маҳкум ва онро “идомаи амали нангини ҳукумати Тоҷикистон оид ба фишор ва таъқиби хонаводаҳои мухолифин” донист.

Андаке дар бораи устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Бо вуҷуди он ки марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ниёз ба муаррифӣ надорад, вале шояд бархе аз ҷавонони имрӯз ӯро нашносанд, бинобар ин, лозим дидем, андаке дар бораи ӯ бинависем.

Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки дар 15 марти соли 1947 зода шуда ва 9 августи соли 2006 дунёро тарк кардааст, асосгузор ва нахустин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.

Ӯ мактаби миёнаро соли 1964 дар ноҳияи Вахш хатм кардааст. Аз падараш ва низ бархе аз уламо, аз ҷумла Сиёмиддин Наҷмиддинов ва Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон маъруф ба Ҳиндустонӣ, улуми исломиро фаро гирифта. Ҳамзамон, давраи муҳандисиро хатм ва то миёнаҳои соли 1986 ба унвони инженер-геодезист кор кардааст.

Ӯ ҳамроҳ бо шуморе ҷавонони мусалмон, ба сурати махфӣ созмонеро, ки ҳадафаш нашр ва таблиғи маорифи исломӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ (СССР) буд, таъсис кардааст. Дар июни соли 1986, мақомоти амниятии Шӯравии собиқ (СССР) устод Нуриро ба иттиҳоми “паҳн кардани хабарҳои бардурӯғе, ки сохти ҷамъиятиву давлатии сотсиалистиро бадном мекунанд”, ба якуним сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ӯ рӯзҳои ҷазои худро дар зиндонҳои Сибир ва Шарқи Дури СССР-и он замон сипарӣ кард.

Устод Нурӣ дар солҳои 1989-1992 сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари Ислом” — органи Идораи расмии Мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар айни замон роҳбари ғайрирасмии ҲНИТ буд.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ӯ ба Афғонистон ҳиҷрат (дар соли 1993) ва дар онҷо Ҷунбиши Наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис дод.

Устод Нурӣ бо ҳадафи ҳарчи зудтар расидан ба тавофуқи ниҳоӣ, 7 бор дар хориҷ аз кишвар бо Эмомалӣ Раҳмон дидор ва сӯҳбатҳо намуд. Мулоқоту сӯҳбатҳои мазкур, дар анҷом ёфтани раванди музокироти сулҳ миёни тоҷикон (аз апрели 1994 то июни 1997) нақши ҳалкунанда доштанд. Ӯ дар истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ, таҳким бахшидани ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик, саҳми бузург гузоштааст.

Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз июли соли 1997 то 31 марти соли 2000 Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ буд. Аз сентябри соли 1999 то даргузашташ, Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ буд.

Ӯ дар 9 августи 2006 аз бемории саратон дар Душанбе даргузашт. Бисёре аз наздикони вай, ба мубтало шудани ӯ ба бемории саратон, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро муттаҳам мекунанд, ки ба ӯ заҳр додаанд. Дар вафоти Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии ҲНИТ пас аз даргузашти устод Нурӣ низ ҳукуматро муттаҳам медонанд.

Мазори устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар гӯристони Сари Осиё наздики Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ воқеъ аст.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ муаллифи чандин асари илмӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву фалсафӣ, аз ҷумла “Дар он сӯи сиёсат” (2001), “Имрӯзу фардои Тоҷикистон” (2000), “Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом” (2001), “Оштинома” (2001), “Истиқлол чӣ мафҳум дорад?” (2001) аст.

Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ барои хидматҳои арзанда барои татбиқи нуктаҳои шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, бо ордени “Исмоили Сомонӣ” (дар соли 2000) сарфароз гардидааст.

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_бастагони_устод_Нурӣ

#Озодӣ_ба_Муҳибулло_Нуриддинов

#Fee_Muhibullo_Nuriddinov

#Озодӣ_ба_Нусратулло_Саидов

#Fee_Nusratullo_Saidov

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: