Боздошти Нурулло Саидов дар ҳафтаи дифоъ аз бастагони устод Нурӣ

Нурулло Саидов, бародари хурдии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбари пешини Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик, тавассути кормандони УБОП-и вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (бахши мубориза бо раёсати корҳои дохилӣ) боздошт шудааст. Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳафтаи ҷорӣ, ба унвони “Ҳафтаи дифоъ аз бастагони устод Нурӣ” аз тарафи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониён (КШНГЗС) номгузорӣ шуда ва фаъолони ҳуқуқӣ ва сиёсӣ-иҷтимоӣ барои раҳоии онҳо талош мекунанд. Гуфтанист, ду бародарзодаи устод Нурӣ, Нусратулло Саидов ва Муҳибулло Нуриддинов аз сӯи ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ боздошт шуда буданд.

Бар асоси гузориши расонаҳо, мақомот то кунун хабари боздошти Нурулло Саидовро шарҳ надодаанд, вале аъзои хонаводаи устод Нурӣ мегӯянд, ки ӯ ҳам мисли ду бародарзодаи эшон, ки қаблан дастгир шуданд, ба “дарёфти маблағ аз хориҷ” мутаҳҳам мешавад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи наздикони устод Нурӣ, гирифтани маблағ аз хешовандон дар хориҷ, аз назари қонун ҷурм ба ҳисоб намеравад, зеро имрӯз тақрибан тамоми хонаводаҳои тоҷик аз бастагони худ, ки дар Русия ва дигар кишварҳо кор мекунанд, кӯмаки молиявӣ дарёфт мекунанд. Ва хешовандони Нурӣ ҳам, ки қисме ҳоло дар Аврупо кору зиндагӣ мекунанд, ба хешу табори худ дар Тоҷикистон пул мефиристоданд.

Нурулло Саидов Нуридинович дар таърихи 10 июни соли 1958 дар ҷамоати деҳоти Нурободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Вай соли 1975 мактаби миёнаи рақами 20-и ноҳияи Вахшро хатм кардааст. Ӯ дар соли 1976 ба саффи қуваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (собиқ СССР) даъват шуда, то соли 1978 адои хидмат намудааст. Баъди хидмат дар совхози Туркманистони ноҳияи Вахш ҳамчун ронанда кору фаъолият карда. Ӯ дар соли 2001 баъд аз таъсис шудани Хоҷагии деҳқонии “Истиқлол-2001”, то соли 2017 ҳамчун ронанда машғул шудааст. Нурулло Саидов аз соли 2017 то замони боздошташ, ба унвони ронандаи ёрии таъҷилии бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Нуробод кор мекард. Ӯ оиладор ва соҳиби 4-фарзанд аст.

Ин охирҳо аъзои ин хонавода яке пас аз дигар боздошт мешаванд ва он ҳам, ба баҳонаи “дарёфти пул аз хориҷ”. Нурулло Саидов сеюмин нафар аз хешовандони наздики устод Нурӣ аст, ки ба ин иттиҳом тавассути кормандони раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дастгир мешаванд.

Ибтидо, рӯзи 24 январ, мақомот Нусратулло Саидов, писари бародари калонии Нурӣ Ато Саидовро дастгир карданд. Нусратулло Саидов роҳбарии як хоҷагии деҳқониро дар ҷамоати Тоҷикобод бар дӯш дошт ва ба гуфтаи наздиконаш, як умр деҳқонӣ мекарду коре ба сиёсат надошт.

Як моҳ баъди ӯ, тақрибан 23 ё 24 феврал, мақомоти РВКД Хатлон Муҳибулло Нуриддинов, писари Ҳабибулло, бародари хурдии устод Нуриро бо айни иттиҳом дастгир карданд. Муҳибулло Нуриддинов мағозаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии деҳқонии Нусратулло Саидовро дар деҳаи Ваҳдатобод роҳбарӣ мекард.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни Тоҷикистон (КШНГЗС), дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сайти “Зиндониён”, бо таъкид бар ин ки иттиҳоми “дарёфти маблағ аз хориҷ” гузашта аз ин ки қонунан мамнӯъ нест, хандаовар ҳам аст, гуфт: “Далели асосии ин боздоштҳо, ба назари мо, интихоб шудани Муҳаммадҷон Нурӣ, писари калонии марҳум устод Нурӣ, ба ҳайси муовини раиси КШНГЗС аст, ки зоҳиран мақомотро сахт нигарон карда.

Вай афзуд: “Ва ин дар ҳолест, ки кумитаи мо сирфан як созмони ҳуқуқӣ буда ва дар Поланд сабти расмӣ шудааст ва аз назари меъёрҳои байналмилалӣ, боздошти аъзои ин созмон ба ҳар баҳонае, туф кардан бар рӯйи мудофеъони ҳуқуқи башар аст ва ҷурм ба ҳисоб меравад.”

Абдусаттор Бобоев идома дод: “Мо ин корро ҳамин хел раҳо намекунем, балки сахт пайгирӣ мекунем ва ба ҳамаи ниҳодҳои байналмилалии марбута нома менависем ва шикоят мебарем.”

Вай дар поён гуфт: “Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз пойи додгоҳи Гаага нанишастаанд. Зоҳиран дилашон мехоҳад пояшон ба ин додгоҳ кашида шавад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: