Абдураҳмон Маҳмудов фавран озод шавад!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни маҳкум кардани боздошти фаъоли иҷтимоӣ, Абдураҳмон Маҳмудов дар Туркия, аз ҳукумати ин кишвар ва мақомоти интизомии он тақозо мекунад, фавран ин фаъоли иҷтимоиро озод кунанд. КШНГЗС аз созмонҳои ҳуқуқи башари Туркия ва низ созмонҳои марбутаи байналмилалӣ таваққӯъ дорад, роҷеъ ба боздошт ва истирдоди мухолифон ва фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷикистонӣ, ки ба дархости ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, бетараф набошанд ва зимни нома навиштан ба ҳукумати кишварҳое, ки мухолифони тоҷикистонӣ дар онҳо ба сар мебаранд барои эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, аз ин фаъолон дифоъ ба амал оваранд.

Гуфтанист, ахиран бо дархости режими Раҳмон, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик, Абдураҳмон Маҳмудов дар Туркия боздошт шудааст ва эҳтимол меравад, ӯро ба Тоҷикистон истирдод намоянд.

Маҳмудов Абдураҳмон Сафаралиевич зодаи 28 июли соли 1982 дар Бохтари Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар Туркия кору фаъолият мекард. Абдураҳмон Маҳмудов бо баромадҳояш дар шабакаи “Ислоҳ” (Муҳаммадиқболи Садриддин) ва дигар барномаҳои тоҷикӣ маъруф аст. Вай дар ин барномаҳо аз ҳукумати Тоҷикистон риояти ҳуқуқи тоҷикистониҳоро талаб мекард.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз тамоми созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар интизор дорад, роҷеъ ба боздошт ва истирдоди мухолифон ва фаъолони тоҷик, ки бо дархости ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, мавзеъ бигиранд ва бетараф набошанд.

Дар сурати истирдоди Абдураҳмон Маҳмудов ба Тоҷикистон, ӯро мисли дигар истирдодшудаҳо, шиканҷа ва озору азият тавассути мақомоти амниятӣ ва интизомӣ ва низ маҳрум кардан аз озодӣ бо ҳукм ба зиндон ба мӯҳлати зиёд дар интизор аст.

Бо эҳтиром,

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

16.03.2022

Варшава, Поланд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: