Муҳаммадҷон Нурӣ: “Боздоштҳои ахири наздиконамонро ҳамчун як қасосгирӣ медонем”

Муҳаммадҷон Нурӣ, писари аршади устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва узви Риёсати Олии ҲНИТ, собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), бо таъкид бар ин ки “борҳо аз вуҷуд доштани таъқибу фишорҳо болои хонаводаамон гуфта будем, ҳатто болои бародарони таниам, ки дар Тоҷикистон буданд”, гуфт: “Имрӯз дар зиндонҳои Тоҷикистон аз ҳама бештар хешовандони мо ва пайравону муҳиббони марҳум падарам, Сайид Абдуллоҳ Нурӣ қарор доранд. Ҳамаи ин бо ангезаҳои сиёсӣ будааст. Мо онро ҳамчун қасосгирӣ медонем.” Вай афзуд: “Ва ин дар ҳоле аст, ки фаъолиятҳои мо, махсусан камина, то ба имрӯз дар доираи қонун ва орому осуда мебошад ва ман онро идома медиҳам.”

Инак, матни пурраи гуфтугӯи сайти “Зиндониён” бо Муҳаммадҷон Нурӣ:

Зиндониён: Тақрибан ду моҳ мешавад, ки фишор болои наздикони шумо дар дохили Тоҷикистон зиёд шудааст. Аввал, писарамуятон, Нусратулло Саидовро боздошт карданд, ки ҳоло дар зиндон аст. Сипас писарамуи дигаратон, Муҳибулло Нуриддинов ва инак амуятон, Нурулло Саидовро боздошт карданд. Ба гуфтаи наздикони шумо, ҳар сеи онҳо бо иттиҳоми “дарёфти пул аз хориҷа” дастгир шудаанд. Сабаби ин боздоштҳо ва низ фишор болои бастагони шумо чист? Лутфан, дар ин хусус тавзеҳ бидиҳед.

Муҳаммадҷон Нурӣ: Бисмилоҳир Раҳмонир Раҳим. Аввалан, салом бар шумо ва низ тамоми хонандаҳои ин сайт. Фишору таъқиб болои хонаводаи мо на танҳо дар ду моҳи ахир, балки як даҳсола идома дорад. Ва ин бар хилофи гумонест, ки баъзеҳо мекунанд, ки гӯё хонаводаи мо аз сӯи ҳукумат ҳимоят мешавад. Онҳое, ки дар доираҳои ҳукумат ва ниҳодҳои интизомӣ машғули коранд ва ҳатто онҳое, ки аз мухолифон маҳсуб мешаванд, мутаассифона гумон мекарданд, ки хонаводаи мо аз як ҳимояти давлатӣ бархӯрдор аст. Вале чӣ тавре, ки мебинед, ин гумон дуруст нест.

Мо қаблан ҳам борҳо аз вуҷуд доштани таъқибу фишорҳо болои хонаводаамон гуфта будем, ҳатто болои бародарони таниам, ки дар Тоҷикистон буданд; фишорҳо ва мушкилоту мавонеъ дар зиндагӣ ва кору фаъолияташон. Дар як даҳсола мо таҳти назорат будем, даъватҳое ба ниҳодҳои гуногун мешуданд. Хулоса, ин фишорҳо болои хонавода ва дӯстону наздиконамон буд.

Имрӯз дар зиндонҳои Тоҷикистон аз ҳама бештар хешовандони мо ва пайравону муҳиббони марҳум падарам, Сайид Абдуллоҳ Нурӣ қарор доранд. Ҳамаи ин бо ангезаҳои сиёсӣ будааст. Мо онро ҳамчун қасосгирӣ медонем.

Ва ин дар ҳоле аст, ки фаъолиятҳои мо, махсусан камина, то ба имрӯз дар доираи қонун ва орому осуда мебошад ва ман онро идома медиҳам.

Боздошти амакзодаҳоям, Нусратулло Саидов ва Муҳибулло Нуриддинов ва инак амакам, Нурулло Саидов бешак шадидан маҳкум ҳастанд. Зеро онҳо муртакиби ҳеч ҷурму ҷинояте нашудаанд. Баръакс аз соли 2015 то ба имрӯз борҳо ба ниҳодҳо даъват шуда ва ҳамеша таҳти назорат буданд. Ва ҳамеша мақомот талош бар ин доштанд, ки онҳоро бо иттиҳомҳои сохтаву бофта боздошт кунанд ва аз ин тариқ болои мо фишор оваранд.

Мо ба хотири оромонҳои падарам ва ваҳдату якпорчагии кишвар ва сулҳу субот, ба ҳамаи ин сабр кардем ва ба қазия бархӯрди шахсӣ накардем. Аммо вақте фаъолиятҳои моро дар дохил бастанд, барои зиндагӣ ва кору фаъолиятҳои мо монеъа эҷод карданд, тиҷорати бародарамонро гирифтанд, алайҳи банда парвандаи ҷиноӣ боз карданд, ман ва дигар наздиконамро дар рӯйхати ба истилоҳ, “сиёҳ” шомил намуданд ва инак боздоштҳои густурда ва таъқибу фишор болои хонавода ва хешовандонамонро шурӯъ карданд, дигар ин масъалаи шахсӣ нест.

Сабаби ин боздоштҳои худсарона ва ғайриқонуниро ҳоло расман намегӯянд. Яке аз итиҳомоте, ки мақомот мегӯянд ин аст, ки онҳо гӯё аз хориҷа маблағ дарёфт мекунанд. Бояд бигӯям, ки фаразандони онҳо дар хориҷа ба сар мебаранд ва ба кору фаъолият машғуланд, мисли миллионҳо муҳоҷири тоҷик. Онҳо ба падару модарашон ва ба хонаводаҳои худ кӯмак мекунанд, аз меҳнати ҳалолашон, ягон кори ғайриқонунӣ дар ин нест. Онҳо узви ягон гурӯҳҳои сиёсӣ нестанд. Пас, маълум мешавад, ки ин боздоштҳо пурра ангезаҳои сиёсӣ доранд.

Зиндониён: Хуб, ин гумон сабаб дошт. Зеро, то замоне, ки ба унвони муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) интихоб шудед, фаъолияти чандоне аз сӯи шумо ва ё наздиконатон зоҳиран мушоҳида намешуд. Бинобар ин, ин гумон мерафт, ки шояд бо ҳукумат як навъ тавофуқ доред. Лутфан, дар бораи фаъолиятҳои худ дар КШНГЗС тавзеҳ бифармоед.

Муҳаммадҷон Нурӣ: Чуноне, ки гуфтам ва борҳо эълон кардаам, роҳи мо мушаххас, устувор, возеҳ ва равшан буд ва ҳаст. Мо ҳамеша дар роҳи падарамон, ки ҳамон сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ ва пешрафту тараққии мардуму кишварамон аст, будем ва ҳастем. Ҳеч тавофуқе миёни мо ва ҳукумат нест. Аз тарафи ҳукумат низ ҳимоят намешавем. Ин гумон бепоя аст.

Бинобар ин, чи он ки камина дар КШНГЗС ҳастам ва фаъолият мекунам ё не, ин фишорҳо буданд ва зоҳиран идома меёбанд. Ҳамон тавре ки гуфтам, ин фишорҳо як навъ қасосгирӣ аст. Албатта ин масъала боз паҳлӯҳои дигар ҳам дорад, ки баъдтар оид он муфассал сӯҳбат мекунем.

Инро ҳам бигӯям, ки фаъолиятҳои ман дар КШНГЗС, танҳо ҷанбаи гуманитарӣ ва инсонӣ дошта ва як кори ҷамъиятист. Яъне мо мехоҳем, дар Тоҷикистон зиндонии сиёсие вуҷуд надошта бошад, яъне касеро ба ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон наандозанд, ҳар касе ҳам, ки ба ин ангеза зиндонӣ шудааст, бояд озод карда шавад, аз боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона ҷилавгирӣ гардад, ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон чи дар дохил ва чи дар хориҷи он риоят шавад.

Мо мехоҳем пеш аз ҳама ба мақомоти Тоҷикистон бирасонем, ки ин боздоштҳо ва таъқибу фишорҳо болои хонаводаҳо ва наздикон, на фақат хонаводаи мо, ғайриқонунӣ ҳастанд. Имрӯз қариб, ки тамоми мардум гирифтори ин мушкилотанд. Таърих дар ин бора қазоват хоҳад кард. Ин корҳо ҷавобгарӣ дорад.

Зиндониён: Оё КШНГЗС қасд дорад, дар бораи ин боздоштҳо ва фишорҳо, ба касе шикоят кунад?

Муҳаммадҷон Нурӣ: Ин рӯзҳо бастагони марҳум Сайид Абдуллоҳ Нурӣ, ки ҷониби калидии сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон буд, як фоҷеъаро, ки таъқиб, фишор, боздоштҳои густурда ва зиндону муҳоҷират аст пушти сар мекунанд. Дӯстон ва ҳамчунин наздикону пайвандонамон ин равандро бо диққат назорат дорем. Аз Худо умед дорам, ки мо аз ин имтиҳонҳо сарбаландона бигзарем. Худо ҳамаи ин зулму ситам, таъқибу фишор ва ноадолатиҳоро мебинад ва халқи Худо ҳам ва таърих бар ин шоҳид аст.

КШНГЗС низ ҳамон тавре ки раиси он эълом дошт, роҳат аз канори ин ҳодиса рад намешавад. Ҳар чи дар тавонаш аст, ба харҷ медиҳад, то ҳақ ба ҳақдор бирасад; аз шикоятҳо ва нома навиштанҳо ба созмонҳои байналмилалии гуногун гирифта ва то ҳатто бурдани масъала ба Додгоҳи Гаага.

Ҷиҳати тавзеҳ ба хонандагон бигӯям, Гаага як шаҳрест дар Ҳоланд (Нидерландия). Дар ин шаҳр қароргоҳи Суди байналмилалии СММ (трибунали ҳарбии Гаага), Суди байналмилалии ҷиноятӣ ва ҳамчунин Суди байналмилалии ҳакамӣ воқеъ аст. Додгоҳи хеле аз диктаторҳо дар онҷо баргузор шудааст. Агар собит шавад, ки ҳокими як кишвар ба шаҳрвандони худ ситам кардааст, онҳоро мавриди анвоъи озору азияту шиканҷа қарор додааст, шаҳрвандони худро беҷиҳат зиндон ва ба қатл расондааст, ӯро ба ин додгоҳ мекашанд ва зиндон мекунанд. Раисиҷумҳури пешини Сербия дар ҳамин додгоҳ муҳокима ва ба зиндон фиристода шуда буд. Хеле аз диктотаторҳо дар ҳамин додгоҳ муҳокима ва ба зиндон фиристода шудаанд.

Хуб, чӣ хел собит мешавад, ки фалон ҳоким диктатор аст ва ба шаҳрвандони худ зулм кардааст? Яке аз роҳҳои он, созмонҳое мисли КШНГЗС аст, ки ба ин додгоҳ шикоят мебаранд ва сипас ин додгоҳ ба шикояти онҳо расидагӣ ва таҳқиқ анҷом медиҳад. Агар таҳқиқот собит кунанд, ки ӯ воқеан шиканҷагар будааст, қатъан додгоҳӣ ва зиндонӣ мешавад. Дар ин шакке нест.

Зиндониён: Ташаккур, саломат бошед!

Муҳаммадҷон Нурӣ: Шумо ҳам саломат бошед!

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_бастагони_устод_Нурӣ

#Озодӣ_ба_Муҳибулло_Нуриддинов

#Fee_Muhibullo_Nuriddinov

#Озодӣ_ба_Нусратулло_Саидов

#Fee_Nusratullo_Saidov

#Озодӣ_ба_Нурулло_Саидов

#Fee_Nurullo_Saidov

Муҳаммадҷон Нурӣ: “Боздоштҳои ахири наздиконамонро ҳамчун як қасосгирӣ медонем”: 2 комментария

Добавьте свой

  1. Салому Алейкум Мо хамрохи Акаи Мухаммад чизе навишта шудааст инчо дуруст мебошад хамаи ин далил хаст мо медонем да ТОЧК чи ахвол аст

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: