Падарҷон, рӯзи зодрӯзат муборак!

Хайрулло Саидов

20 март рӯзе аст, ки муҳаббати бепоёни қалбамон ба забони гуфтан медарояд ва мехоҳем беҳтарину ноёбтарин ҳарфу суханро дар баробари бузургии падарҷонам гуфта бошем.

Аз ин ҷост, ки ин рӯз дар мағз-мағзи ҷонамон ҷой дорад. Аз дебочаи боғи хотиротам гузаштаи пурнишотамонро варақгардон мекунам, гоҳ овони кӯдакиҳои ширинам, гоҳ даврони наврасиву ҷавониҳоям, ки ҳамроҳи аҳли хонавода аз ҳузури падари гиромиамон роҳату осоиш доштему хеле хушбахту сарфароз будем, пеши назар меояд ва ба нафасҳову лаҳзаҳои осудаву хушҳоли гузаштаам шукр мегӯям.

Вале ин 9 соли дуриву сахтиҳои беҳисоби падари зиндониам хонаи дардҳои диламро чапаву рост мекунад, ки навдаҳои пурғаму пурғуссаро болои дастагули пурорзӯям мебинам.

Падарҷон, рӯзи зодрӯзат муборак! Ман як умр худро пеши меҳрубониҳои беҳисобат қарздор медонам. Ин ки ба хотири осудагии мо — фарзандон заҳматҳои бепоён кашидӣ, ҷавониҳои худро фидо кардӣ, то фарзандони шоистае ба камол бирасем. Чун падар шудам масъулияти падар буданро бештар дарк кардаму фаҳмидам…

Падарҷон, бисёр мехостам ин баҳор, ин Наврӯз ва ин зодрӯз дар озодӣ, гирди дастархони хоксоронаамон ҷамъ бошем. Аммо чӣ илоҷ, ҳанӯзам сафеду сиёҳ ҷои худро нагирифтаанд ва мо дар роҳи интизориҳои бепоён умри қимату бебозгашти худро сарф намуда истодаем.

Зодрӯз муборак, падарҷони азизам!

Илоҳо! Ба дуову илтиҷоҳои мо лутфу карам ато намоӣ ва падари меҳрубони маро ҳамеша сиҳату саломат нигаҳбон бошӣ ва озодиро барояш ато бифармоӣ!

Дар ин рӯзҳои хеле мушкилу мураккаби ҳаёт қайд бояд кунам, ки ҷаҳон дар вазъияти хеле нигаронкунанда қарор дорад, мо ва Ватани азизи мо, Тоҷикистон низ ба ҳолати хеле вазнини иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудааст ва дуо мекунем, ки тамоми ҷангу хунрезӣ бо роҳи сулҳу салоҳ ҳалли худро пайдо кунад ва мо мардуми заҳматкаш танҳо дар фикри рӯзии худ бошем, зеро мо аллакай чӣ будани оқибатҳои ҷангу хунрезиро медонем. Медонем ки он тамоми қишри ҷомеаро руҳану маънаван мешиканад!

Худовандо! Ягона мададкунанда ҳастӣ ва танҳо аз худат мехоҳем, то рӯзҳои неку бобарор ато фармоӣ!

Ва низ аз ин фурсат истифода намуда, тамоми ҳамватанони азизро ба Наврӯзи накӯпайтабрик мекунам. Аз даргоҳи Худованди бораҳм барои якоякатон саодату баракати умрро таманно мекунам!

#Ҳафтаи_Зайд_Саидов

#Озодӣ_ба_Зайд_Саидов

#Fee_Zayd_Saidov

#Свободу_Зайду_Саидову

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: