Имрӯз (15 март) зодрӯзи тоҷири муваффақ, инсони шариф, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва зиндонии сиёсӣ Зайд Саидов аст.
Сайд Заидов мисли дигар зиндониёни сиёсӣ бо тӯҳмат зиндонӣ шуддааст. Муфаттишоне, ки номаи аъмоли Зайд Саидовро “дуруст” карданд, баъди чанд соли ҳабси ӯ боздошт ва зиндонӣ шуданд, вале аҷобат ин буд, ки аз ҳукми зиндони Зайд Саидов заррае кам нагардид. Ҳарчанд яке аз иттиҳомоти зидди ин муфаттишон ҳам, шаҳодати қалбакӣ ва пораситонӣ дар мавриди Зайд Саидов буд.
Инчунин Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид, ки соли 2015 баррасии парвандаи Зайд Саидовро оғоз карда буд, ба чунин натиҷа расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар парвандаи Зайд Саидов муқаррароти Паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандиро поймол кардааст, бинобар ин аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки соҳибкори шинохтаи тоҷик Зайд Саидовро давоми шаш моҳ озод кунад ва ба ӯ ҷуброн пардохт кунад.
Вале мисли ҳарвақта ҳукумати Тоҷикистон лаб фурӯ баста, аз озод кардани Зайд Саидов худдорӣ кард.
Бегуноҳии Зайд Саидов ҳатто ба худи ҳукуматдорон ҳам аён аст, чӣ гунае, ки баъд аз хондани ҳукм худи додрас хитоб ба Зайд Саидов гуфтааст: “Тақозои замон ҳамин аст…”
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи Зайж Саидовро муборакбод намуда, ба ӯ тансиҳативу истодагарӣ ва озодӣ аз зиндонро таманно мекунад!
Бигзор аз ин пас ҳар рӯзашон дар ҳалқаи азизону наздиконаш бигзарад!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
20.03.2022
Варшава, Лаҳистон
#Ҳафтаи_Зайд_Саидов
#Озодӣ_ба_Зайд_Саидов
#Free_Zayd_Saidov
#Свободу_Зайду_Саидову
Добавить комментарий