Табрики КШНГЗС ба муносибати фаро расидани Наврӯз

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) фаро расидани соли нав ва иди Наврӯзро ба тамоми ҳамватанон ва касоне, ки ин идро ҷашн мегиранд, табрику таҳниат мегӯяд ва барояшон дар соли ҷадид комёбиҳо хоҳон аст.

КШНГЗС умедвор аст, дар соли нави пеши рӯ сиёҳчолҳои Тоҷикистон аз вуҷуди зиндониёни сиёсӣ ва касоне, ки фақат ба хотири мавзеъи мухолиф доштан бо сиёсатҳои ҳокими кунунӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва ё ба ҷиҳати баёни сухани ҳақ вориди зиндон шудаанд, озод шаванд.

Дар соли гузашта, чанд тан аз ҳаммиҳанонамон аз Бадахшон аз ҷумла Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоев, ба ноҳақ ва ба иттиҳомҳои пуч, боздошт ва ҳаминак додгоҳи ҳар ду дар ҷараён аст. Мо умедворем, онҳо аз толори додгоҳ озод хоҳанд шуд. Зеро ҳеч айбе надоранд, ки ба мӯҷиби он, вориди зиндон гарданд.

Ва ҳамчунин умедворем, муҳосираи ҳамаҷонибаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва таъқибу фишори сокинони ин минтақа поён пазирад.

Ба ҳамаи шумо, комёбӣ умедворем!

Соли наватон муборак!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

21.03.2022

Варшава, Лаҳистон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: