“Дӯстони” Зайд Саидовро душманони ӯ мехондам

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор

Ман боре ин мардро вонахӯрадаам, аммо аз рӯзе, ки боздошт шуд, ахборашро пайгирӣ мекунам.

Аммо мегӯянд, ҷаноби Зайд Саидов марди шарифе ҳаст. Ин гапро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он борҳо аз забони дӯст ва душманони ӯ шунидаам.

Дар замони дар Тоҷикистон будан, албатта пас аз боздошти ӯ дар рафти кор ва рисолати хабарнигорӣ чанд боре ҳам бархе аз фарзандони ӯро мулоқот кардаам, ҳама инсонҳои шариф буданд.

Он замон ба ин хулоса расида будам, ҷаноби Зайд Саидов мисли хеле аз ин инсонҳои хуб содиқ ва хушбовар буда, ки ба “дӯстонаш” дар ҳукумат бовар карду соли 2013 ба ватан баргашту дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шуд.

Ман он рӯзро хуб ёд дорам, ҳаво гарм буд ва мо ҷамъе аз хабарнигорон соатҳо дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт пушти дари идораи Фаттоҳ Саидов интизор будем, то аз аҳволи вай ва сабабҳои боздошт огоҳ шавем…

Хубахтона ё шӯрбахтона ҷаноби Зайд Саидов хеле кам дӯстони ҳисобӣ дошт, ё дар интихоби дӯстон шитоб мекард, чун аксари онҳое, ки даъвои дӯст будан бо ӯро доштанд, дар вақти сахтӣ на танҳо дар канораш наистоданд, балки аз сӯҳбат кардан дар бораи вай ҳазар мекарданд.

Ман аксари онҳоро дӯст не, душманони Зайд Саидов мехондам. Он замон фикр мекардам, ки дӯстони воқеии вай чанд нафар рӯзноманигорон ҳастанд, ки аксари онҳо ҳатто як боре ҳам бо вай рубаруйи ҳам салому алайк накардаанд…

#Ҳафтаи_Зайд_Саидов

#Озодӣ_ба_Зайд_Саидов

#Free_Zayd_Saidov

#Свободу_Зайду_Саидову

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: