Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, дар бораи ғаму ғуссае, ки имрӯзҳо Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбиддин ба хотири аз даст додани писараш аз сар мегузоранд, навиштааст.
Вай бо ишора ба ин ки “чор моҳ аз қатли Гулбиддин Зиёбеков гузашта”, ёдовар шудааст, ки аммо “на дигар гап аз тафтиши воқеа, на қотилони “амниятӣ”-аш ҷазо гирифтанд.”
Рустами Ҷонӣ дар идома бо баёни ин ки “низоми истибдодӣ менамояд, ки куштани ӯ ҷоиз буд”, хотиррасон мекунад, ҳукумат инак “дам аз қонун мезананду қатли бегуноҳе гунаҳкори зиндонӣ надорад.”
Ин рӯзноманигор бо ишора ба қотилони Гулбиддин Зиёбеков, таъкид мекунад: “Ин қотилон бо сари баланд мегарданд ва дар пеши хоҷагони худ боқадру болонишинанд.”
Вай дар идома бо таассуф менависад: “Ҳар қадар аъмол касифтар ҳамон қадар пеши ҳукумат шарифтар менамоянд.”
Рустами Ҷонӣ меафзояд: “Ин рӯзҳо дар деҳаи Тавдем модаре Наврӯз надорад, хонаро ҷорӯби идона намезанад ва аз ҳар гӯшаи хона ёди Гулбиддинро суроғ мекунад. Ӯ ҳар рӯз бо фоҷиа бедор мешавад, фоҷиа хоб мебинад. Чунки ҳанӯз қотилони фарзандаш ба дардаш ханда мезананд.”
Шумо чаро хоб меравед?
Наврӯз доред?
Магар ин саҳифаро варақ задед?
Магузоред қотилони Гулбиддин хотирҷамъ бошанд!
Набояд…”
Гуфтанист, Гулбиддин Зиёбеков, ҷавони 29-сола, дар 25-уми ноябри соли гузашта (2021) дар деҳаи Тавдеми Роштқалъаи вилояти Бадахшон ба дасти нерӯҳои амниятӣ ва интизомии режими Эмомалӣ Раҳмон кушта шуд ва марги ӯ боиси эътирози мардум дар Хоруғ гардид.
Модари вай, Певистамо Абдулмуминова, рӯзи 1-уми декабри 2021 хоҳони сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус шуд. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Бадахшон арзашро нашунидаанд ва мехоҳад, додашро ба президент расонад.
Ин модари доғдида афзуд: “Қасам ба номи Худо, қасам ба арвоҳи писари навгузаштаам, ки ӯ силоҳ надошт. Вай хидмат ҳам накарда буд, таппончаро намедонист. Бачаи ман ҳатто сигарет накашида буд. Вай ба ягон кас ягон зарар нарасонида буд.”
Добавить комментарий