Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсии тоҷик, узви Шӯрои ПМТ ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар гуфтугӯ бо сайти “Зиндониён”, бо баёни ин ки “барои банда Зайд Саидов як шахсият аст, ки дар чанд соли баъдӣ низ дар Тоҷикистон чун ӯро пайдо кардан ғайримумкин аст”, гуфт: “Наҷоти миллати мо дар дасти Зайд Саидов барин шахсиятҳост.”
Матни пурраи мусоҳиба бо Мавҷуда Соҳибназарова:
Тоҷикистон имрӯз ба шахсияте мисли Зайд Саидов эҳтиёҷ дорад
Зиндониён: Шумо яке аз афроди наздик ба Зайд Саидов мебошед, дар таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” низ саҳми арзандае доштед. Лутфан, чанд ҷумла дар бораи шахсияти ин мард мегуфтед.
Мавҷуда Соҳибназарова: Сипос. Қаблан изҳори ташаккур ба яко-яки аъзои Кумита мекунам, ки ҳафтаеро ба зиндоние ихтисос медиҳанд. Ин дар назар як кори оддӣ менамояд, аммо дар асл як кори бузургест, махсусан дар чунин вазъияте, ки мардуми мо қарор доранд ва аз гузоштани як лайк ё навиштани хотироте дар бораи зиндонӣ, дар тарсу ҳаросанд, чӣ расад ба ин ки талаби озодии он нафарро кунанд. Бубинед, ҳатто дӯстону наздикон хомӯшанд. Ба тақдир тан додани тоҷик, ба он оварда расонд, ки беҳтарин фарзандони ин диёр ё кӯч бастанд ё зиндонӣ шуданд.

Хуб, ҳоло каме дар бораи Зайд бигӯям. Ёдам ҳаст, то замони вазири саноат таъйин шудани Зайд Саидов, саноати Тоҷикистони баъдиҷангӣ пурра хароб шуда буд. Ман он вақт дар идораи иқтисоди “Радиои Тоҷик” кор мекардам ва кормандони мо тамоми корхонаҳои саноатии кишварро чун панҷ панҷаашон медонистанд. Корхонаҳои харобгашта аз даст ба даст гузашта ҳар рӯз харидаву фурӯхта мешуданд. Нафаре корхонаро мехарид, аммо чун бизнесплани аниқ надоштанд, баъди чанд моҳ онро мефурӯхт, ё таҷҳизоташро мефурӯхт. Дар бораи истеҳсоли маҳсулот ва аз худ кардани бозор касе фикр намекард.
Масалан, то вазири саноат таъйин шудани Зайд Саидов, як корхонаи мебелбарории Душанбе чанд бор харидаву фурӯхта шуд. Чанд корхонаи саноатӣ ба хонаи истиқоматӣ табдил ёфт.
Бо омадани Зайд Саидов, саноат ҷони тоза гирифт. Ӯ дар атрофаш беҳтарин мутахассисонро ҷамъ намуда, вазъи тамоми корхонаҳоро омӯхт, барои аз бӯҳрон берун кашидани онҳо чораҷӯи кард. Қадами аввал муаррифии корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва иқтидор ва маҳсулоташон ба харидорони дохиливу хориҷӣ буд.

Имрӯз дар намоишгоҳҳо ба ғайр аз лӯбиёву каду чизи дигар намебинед. Ёд дорам, чанд моҳ аз фаъолияти Зайд ба ҳайси вазири саноат нагузашта буд, ки намоишгоҳи бузурги маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистонро доир намуд. Қолинҳои рангобаранги Қайроқум, маҳсулот аз сангҳои ороишии Рухом чашми бинандагонро тасхир мекарданд. Ин буд, ки чанд кишвар ҳам хоҳони ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.
Равонашон шод бод Ҷаббор Расуловро, ки беҳтарин мутахассиси соҳаи кимё муовини он кас буд. Чӣ қадар барои аз фаъолият боз намондани корхонаҳои соҳаи кимё заҳмат кашид. Медонист, ки корхонаҳои соҳаи кимёи Тоҷикистон дар Осиёи Миёна ягонанд. Талош дошт, ки бозори ин намуди маҳсулотро Тоҷикистон аз худ кунад. Дар бораи корхонаи “Тоҷиказот” ва тақдири он ҳатман шунидаед. Бо як соҳибкори укроинӣ ин корхонаро аз нав барқарор намуд. Ва бо ин ки корхона ҳанӯз ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ накарда буд, аммо маоши коргаронро сари вақт медод.

Имрӯз ҳукуматдорон бо лаҳни хеле дурушт ба ин ё он мухолиф ё аъзои ҲНИТ ишора карда мегӯянд, ки шумо ба ин ҳукумат чӣ кардед? Барои мардум чӣ кардед? Хуб, магар Зайд Саид аз тамоми аъзои ҳукумати феълӣ бештар хидмат ва саҳмгузорӣ накард? Чӣ дар сохтмону чӣ саноат.
Мисол, ҳамин корхонаи азот. Чанд сол аз зиндонӣ кардани Зайд Саидов гузашт? Оё ҳукумат бо ин ҳама дору дастгоҳ тавонист онро ба кор дарорад? Оё корхонаи “Гулистон”, ки шӯҳрати Тоҷикистонро ба хориҷ бурд ва бо ташаббуси Зайд аз нав ба кор даромад ва истеҳсол мекард, имрӯз мекунад? Оё он дастгоҳҳои навтарине, ки корхонаро ба онҳо муҷҷаҳаз гардонда буданд, имрӯз фаъоланд? Оё корхона васеъ шуд?
Аз ин ки ҳар рӯз дар бораи созмон додани ҷойҳои иловагии корӣ дар Тоҷикистон ҷор мезанем, агар ин корхона имрӯз фаъолият мекард, магар зани тоҷик дар болои осмон ҷонашро ба хатар монда гилкорӣ мекард? Агар Зайд дар озодӣ мебуд, магар мегузошт, ки зани тоҷик, модари тоҷик ба унвони ғулому муздур дар “Мардикорбозор” мунтазири харидоре бошад? Вақте, ки Зайд Саидовро зиндон карданд, коргарзанони ин корхона ҳафтаҳо пӯшти дари ин корхона меомаданд.
Мисоли дигар, корхонаи “Мармар”, ки дар чандин иншоотҳои муҳимми пойтахт аз маҳсулоти он истифода мебурданд, имрӯз фаъолият дорад?
Умуман талошҳои Зайд Саидов барои рушду пешрафти Тоҷикистон хеле назаррас буд. Талош дошт, ки халқро аз гирдобӣ бенавоӣ раҳо бахшад.

Қазоватҳои ӯ фикр мекунам, барои ҳама ҷолиб буд, зеро таҷрибаҳои зиёде дар зиндагӣ дошт, дар ғарибӣ, дар мулки бегона. Ҳамаро аз сифр шурӯъ карда буд ва нигоҳи хоссаи худро ба рафъи ин ҳама мушкилоти кишвар дошт.
Барои банда Зайд Саидов як шахсият аст, ки дар чанд соли баъдӣ низ дар Тоҷикистон чун ӯро пайдо кардан ғайримумкин аст. Хосса дар чунин рӯзҳои душворе, ки имрӯз Тоҷикистон қарор дорад ва сар то сари ҷаҳонро мушкилоти амиқи иқтисодӣ фаро гирифтааст. Наҷоти миллати мо дар дасти Зайд Саидов барин шахсиятҳост.
Президенти кишвар дар ин шабу рӯз бояд нигоҳи умед ба сӯи дигар кишварҳо надӯзад, балки яке аз сарватҳои ин миллат Зайд Саидовро аз зиндон озод кунад. Ва чун дар Тоҷикистон имсол ва чанд соли баъдӣ соли рушди саноат эълон шудааст, яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвар саноатро ба дасти ӯ диҳад.

Бешубҳа, таҳавуллоти ҷиддӣ Тоҷикистонро дар пешанд ва муҳоҷирони зиёде ба Ватан хоҳанд баргашт. Тоза, вақти он расид, ки захираҳои табии Тоҷикистонро худамон ба коркард омода кунем, на ин ки ба Чин ё кишвари дигар вогузорем. Барои ин кор бошад, фақат ва фақат ба шахсиятҳо такя кардан лозим, ки яке аз онҳо Зайд Саидов аст.
Зиндониён: Ҳизби “Тоҷикистони нав” як ҳизби марказгаро ва мӯътадил эълон шуда буд. Дар рӯзи таъсисаш, Зайд Саидов эълом карда буд, ки ҳизби навтаъсиси ӯ мухолифи ҳукумат ҳам нест. Ҳимматаш бештар рӯи ислоҳоти иқтисодӣ равона шуда буд. Аммо бо ин ҳама, иҷозат дода нашуд, ин ҳизб расмӣ бишавад. Ба илова, бо садҳо тӯҳматҳои хушку холӣ асосгузораш, Зайд Саидов ба зиндон кашида шуд. Аз он ҷо, ки шумо ин ҷараёнро ҳамроҳӣ кардаед, сабаби ин аксуламали манфии ҳукуматро тавзеҳ медодед.
Мавҷуда Соҳибназарова: Аз нигоҳи ман, Зайд инсони хеле заминӣ ва пок аст. Дурӯғ ва риёро хуш надорад. Чун дили орӣ аз бухлу кина ва ҳасад дорад, ҳамаро чун худаш фикр мекунад. Инро ман ҳангоми эълони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” эҳсос намуда будам. Албатта, аз қабл ҳам медонистам, чунки дар бораи саховату дастфарохӣ ва камбағалпарварияш зиёд мегуфтанд.
Хуб, аз рӯзи эълони таъсиси ҳизб бигӯям. Вақте ки субҳ ба он ҷо рафта будам, аллакай нафарони зиёде аз “дӯстони” Зайд, ки баъдан хеле зуд худашонро канданд, он рӯз гирдаш мисли парвона мечархиданд. Абдуллои Раҳнамо аз хушҳолӣ дар куртааш намегунҷид, мисли ин ки таваллуди дигаре дошт. Ва чандин нафарони машҳури дигар аз дастгоҳи президенту дигар ҷойҳо.

Баъди гузаронидани чорабинӣ, чанд соати дигар ҳам, ки онҷо будем, мавҷи табрикот канда намешуд. Гӯшияш беист занг мезад. Ҳоло ин суол бароям матраҳ аст, ки ҳамон нафароне, ки он рӯз дар атрофаш буданд ва имрӯз дар бораи давлатмеҳвариву дигар чизҳо мегӯянду менависанд, агар хислату хӯйи ин давлатдоронро хуб омӯхта буданд, чаро Зайдро аз ин роҳ бознадоштанд?
Ва ҳарчанд Зайд Саидов то охирин лаҳза эълон дошт, ки ҳизби “Тоҷикистони Нав” марказгаро ҳасту мақсадаш фақат ислоҳоти иқтисодист, бо ин ҳама, сабаби сабт нашудани ин ҳизб ва душманӣ бо Зайд Саидов фикр мекунам, тарси шахси аввали ҳукумат аз ӯ ва маҳбубияти зиёд пайдо кардани Зайд дар назди мардум буд.
Мо ба вазифаи худамон амал мекунем
Зиндониён: КШНГЗС эълон кардааст, ки ба ҷидд аз ҳаққу ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ дифоъ ва барои озодии онҳо талош мекунад. Шумо, ки муовини раиси ин созмон мебошед, лутфан бифармоед, ки оё дар қазияи Зайд Саидов аз ин ҳам бештар метавон талош кард ва умевор буд? Ҳатто СММ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, Зайд Саидов ва ҳамроҳонашро фавран озод кунад, аммо ҳукумат ҳеч аҳаммияте надод. Оё талошҳои шумо ва куллан КШНГЗС дар ин замина натиҷае медиҳанд?
Мавҷуда Соҳибназарова: Бубинед, мо ба вазифаи худамон амал мекунем. Вазифаи мо ҳозир талош барои озодии Зайд Саидов ва куллан зиндониёни сиёсӣ аст. Коре надорем, ки оё натиҷа медиҳад ё намедиҳад. Албатта, мутмаиннам, ки натиҷа медиҳад, зеро ҳамон тавре, ки гуфтаанд: “Қатра-қатра ҷамъ гардад, в-онгаҳе дарё шавад.” Агар ҳамаи мо сокит шинем бо ин гумон, ки талошҳоямон натиҷа намедиҳанд, қатъан ҳеч чиз намешавад. Аммо агар ман ба андозаи тавонам талош кунам, шумо ба миқдори тавонатон талош кунед, сеюмӣ ба андозаи тавонаш талош кунад, чаҳорумӣ ва ҳамин тавр панҷумӣ, шишумӣ ва ғайра, вақте ин талошҳо якҷо ҷамъ шаванд, агарчӣ ба танҳоӣ ночиз ҳастанд, вале вақте ҷамъ мешаванд, қатъан натиҷа медиҳанд.

Аслан, ин як тасаввури хатост, ки фикр кунем, агар коре натиҷа надорад, сокит шинем. Ҳукумат ҳаминро мехоҳад. Имрӯз агар хелеҳо сокитанд, ба ин гумон талош намекунанд, ки фикр мекунанд, корашон фоида надорад. Онҳо пеши худ мегӯянд, вақте ҳукумат ба тавсияи Созмони Милал мабнӣ бар ин ки Зайд Саидовро озод кунад, гӯш накард ва ҳеч чиз нашуд, оё талоши мани танҳо натиҷа медиҳад? Пас, сокит буданам беҳтар, ҳадди ақал фоидааш ин аст, ки осебе бароям намерасад. Агар ба хотири як пост ё коммент одам зиндонӣ мешавад, пас аз баҳри посту коммент баромадам. Ин аст, ки мебинед, ҳама сокитанд, бахусус рӯзноманигорон, ҳатто дар хориҷбудаҳо, ҳеч чиз намегӯянд ва наменависанд, гӯё ки ҳама чиз хуб.
Бинобар ин, ҳамаи мо бояд даст ба кор шавем. Ҳамин изҳори норизоятӣ ва “На” гуфтан аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, фоида доранд. Фикр накунем, инҳо бефоида ҳастанд. Оё медонед, ҳукумат миллионҳо доллар аз буҷаи кишвар сарф мекунад, то пеши роҳи ҳамин “На” гуфтанҳоро бигирад ва пеши роҳи талошҳои мо барои озодии зиндониёнро бигирад. Зеро инҳо натиҷабахшанд. Вагарна, барои чӣ ҳукумат “Фабрикаи ҷавоб”-ро роҳ андохта? Оё медонед, чӣ қадр аз буҷаи кишвар барои ин кор харҷ мекунанд? Агарчӣ ба даҳон мегӯянд, ки кори шумо фоида надорад, вале медонанд, инҳо натиҷа медиҳанд. Инро хуб медонанд.

Хулоса, мо, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ ва ё соири созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва ҳамчунин гурӯҳҳои дигари сиёсӣ мисли ПМТ ва ғайра, бояд талош кунанд, лаҳзае ором нашинанд ва то замоне ки як нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон бо ангезаҳои сиёсӣ ба сар мебарад, сахт камар бандем ва талош кунем. Ин вазифаи мост, коре надорем, талоши СММ ё дигар созмонҳои байналмилалӣ чӣ шуд.
Зиндониён: Саломат бошед!
#Ҳафтаи_Зайд_Саидов
#Озодӣ_ба_Зайд_Саидов
#Free_Zayd_Saidov
#Свободу_Зайду_Саидову
Добавить комментарий