Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, ошкор кард, ки баъд аз таътилоти наврӯзӣ ҳукми Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА) эълон хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин варзишкор ба ҷурми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ” (моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) айбдор хоҳад шуд.
Ҷонӣ дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук бо баёни ин ки “дар ҷаласаи аввали баъдинаврӯзӣ судяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Нурализода Сафар Маҷид, ҳукми Чоршанбе Чоршанбиевро эълон хоҳад кард”, навишта: “Суди ин ноҳия 28-уми феврал дар боздоштгоҳи Вазорати адлия, паси дарҳои баста, ба муҳокимаи ин парванда пардохт.”
Вай сипас бо таъкид бар ин ки “як ҷаласа кифоя будааст, ки “гуноҳ”-и Чоршанбе исбот шавад”, сабаби зуд анҷом ёфтани додгоҳи Чоршанбиевро “фармоишӣ ва сиёсӣ” дониста, гуфтааст: “Судҳои фармоишӣ ва “сиёсӣ” дар Тоҷикистон чунин тез анҷом меёбанд, чунки ҳукми онҳоро қабл аз мурофиа менависанд.”
Рустами Ҷонӣ дар идома гуфтааст, ба қавли додситонӣ гӯё Чоршанбиев аз тариқи Васоити ахбори умум даъват кардааст, мардум бархезанду ҳукумати Тоҷикистонро сарнагун кунанд.
Манзури Ҷонӣ аз “даъват барои сарнагунии давлат” моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ, “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ” мебошад.
Рустами Ҷонӣ шак дорад, ки суханони Чоршанбиев дарбардорандаи даъват барои “тағйир додани сохти конститутсинӣ” бошанд.
Вай дар идома бо баёни ин ки суд “далел” бар ин иттиҳомро навори суханони Чоршанбиев медонад, навишта: “Коршиноси махфиноме баъди ташхиси он чунин даъватро дар гуфтаҳои блогери фаъол пай бурдааст.”
Рустами Ҷонӣ дар идома афзуда: “Ин давоми бӯҳтон ва ҳаросафканиҳоест, ки мақомот даҳсолаҳо алайҳи ҳар садои баланд ва ҳар афкори нофорам ба табақаи ҳоким дар Тоҷикистон кардаасту мекунад.”
Вай бо таъкид бар ин ки суханони Чоршанбиев на даъват барои сарнагунии ҳукумат, балки “садои озодӣ ва эътироз маъдум” аст, навишта: “Видеоро Чоршанбе баъди митинги шаҳри Хоруғ, дар моҳи ноябри соли 2021 сабт кардааст. 25-уми ноябри соли 2021 амниятиҳо Гулбиддин Зиёбековро дар зодгоҳаш, деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, пеши чашми мардум бераҳмона ба қатл расонданд. Ба ин аъмоли онҳо помириҳо вокуниши шадид карданд ва ҷисми беҷони ӯро гирифта, пеши ҳукумати вилояти Бадахшон барои додхоҳӣ омаданд. Ҳукумат мардумро тирборон ва 17 нафарро захмӣ карда, се касро кушт. Ин амали онҳо эътирози помириҳоро дар тамоми ҷаҳон хезонд ва Чоршанбе Чоршанбиев яке аз онҳо буд.”
Гуфтанист, Чоршанбе Чоршанбиевро, ки дар Русия зиндагӣ мекард, шаби 29 ба 30-уми декабри соли 2021 бо қарори додгоҳ ва ба иттиҳоми “нақзи қоидаи роҳ” аз ин кишвар берун карданд. Пайвандони Чоршанбиев ва низ фаъолони иҷтимоӣ ин қарори додгоҳро истирдод шумурда ва гуфтанд, ки сабаби истирдоди Чоршанбиев ба Тоҷикистон тавассути мақомоти интизомии тоҷик, ибрози озоди ақида ва рӯшан сохтани мавқеи шаҳрвандии ӯст.
Ба иддаои прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, Чоршанбе Чоршанбиев тибқи моддаи 189 (“Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”) ва моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ (“Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ”) айбдор мешавад. Албатта, моддаи 189 сипас бардошта шуд.
Чоршанбе Чоршанбиев тасреҳ кардааст, ки гунаҳкор нест ва аз сиёсат дур буда, ҳеч гоҳ касеро аз рӯи маҳаллу нажод ҷудо накардааст.
Суханони Чоршанбиев дар Инстаграм
Рустами Ҷонӣ сипас айни суханони Чоршанбиев дар Инстаграмро оварда, ки ба шарҳи зерин аст:
“Ман сиёсӣ ва мухолиф нестам. Инсоне ҳастам, ки беадолатиро мебинад ва намехоҳам аз он чашм пӯшад.
Зиёд гап намезанам ва гуфтаҳои дигаронро такрор намекунам.
Аз мардуми дунё ва Тоҷикистон мепурсам: То кай тоқат? Адолат магар ҳамин аст?
Се рӯз боз воқеаҳои ватанамро мушоҳида мекунам. Якдилии мардум ғайриинтизор буд ва маро ба ҳайрат овард.
Ба фикрам, ин ҳодиса таъсири густардае хоҳад дошт.
Даъват мекунам, муқобили ноадолатӣ бархезед; алайҳи беадолатӣ ба мардуми бегуноҳ.
Талаб дорем, ҳар киро, ки одамони бегуноҳро куштаст, ба маҳкама кашанд; онҳое, ки 25-уми ноябри 2021 муқобили мардум яроқ истифода бурданд.”
Добавить комментарий