Барзу Абдураззоқов
Ба муносибати Ҳафтаи Зайд Саидов
Аз ҳаминак садои раъду барқ шунида мешавад. Ҳарчанд аз дур. Ва агарчӣ аз сару садои умумӣ ва овози парандаҳо ва ҳаёҳуи кӯдакон дар боғчаҳо ва ханда ва ғайбати ҳамсояҳо ва садои мошинҳо ва ҷашну маросимҳои офаринхонӣ – ки боис мешаванд, садо ва ғурриши тундбодҳо шунида нашаванд – қобили ташхис нест. Аммо омаданаш ба вузуҳ бо гӯшҳо шунида, ба чашмон дида ва ба ақл пешбинӣ мешавад.
Манзурам ин аст, ки вақте тӯфон меояд – ки аз омаданаш гурезе нест – мо ба афроде оқил, шуҷоъ, росткор, дилсӯз ва боҳуш ниёз дорем, ки то ақаллан аз осебҳои бархоста аз садоҳо ва ғурришҳои маснуъӣ ва дурӯғин бикоҳанд.
Ҳаминак, бояд ҷабҳаро тақвият кунем, барои дифоъ ва муқовимат. Ба “фармондеҳон” ниёз дорем. Акнун беш ҳар замони дигаре ба афроде монанди Зайд ниёз дорем. Зеро, моро — агар нагӯем, аз назари сиёсӣ — аммо қатъан аз назари иқтисодӣ Мариуполи худамон дар интизор аст.
Имрӯз Укройнро аз мушкилот танҳо равшанфикрон наҷот медиҳанд. Танҳо ФАРҲАНГ.
Ба назари ман, ҷанги имрӯз, ҷанги фарҳанг бо барбарият аст, ки мусалламан ФАРҲАНГ дар он пирӯз хоҳад шуд.

#Ҳафтаи_Зайд_Саидов
#Озодӣ_ба_Зайд_Саидов
#Free_Zayd_Saidov
#Свободу_Зайду_Саидову
Добавить комментарий