Ба хотири як барг дарахтро насӯзем

“Чоршанбе худаш мегӯяд, ки ӯ на мухолифи давлат асту на намоянда ё аъзои кадом ҳизбеву гурӯҳе ва низ ҷои дигар мегӯяд, ки суханони ӯро бадхоҳонаш нодуруст тафсир карданд, балки: “ман омодаам зери дирафши Тоҷикистон баромад кунам ва 24 соъат дар як шабонарӯз пуштибони тоҷикон бошам”, мегӯяд. Ва суханҳои ӯро дар бораи ҳаводиси марз ҳам фаромӯш накунему канор нагузорем…”

Халил Қаюмзод

Дар дафтари кории гурӯҳе аз намояндагони додситонии кишвар, имрӯзҳо тақдири як ҷавони меҳан – Чоршанбе Чоршанбиев ҳаллу фасл шуда истодааст. Ӯро бо як ҷурми сангине ъайбдор карданианд.

Чанд соли охир, ки дар ҳеч расонае расман кор намекунам, бештар ба варзиш машғул ҳастам ва номи ин ҷавон бароям бегона нест, гарчӣ ӯ бо ман ягон пайвандие надорад, на аз доираи хешовандонам аст, на дӯстам аст ва ҳатто шинос ҳам нестем. Ҳамин тоҷикистонӣ буданаш кофист, ки дар борааш чанд ҳарфе бинависам, ки шояд тақдирсоз шаванд.

То ҷое мушоҳида доштам, Чоршанбе бештар дар Русия шӯҳрат дошт ва дар Тоҷикистон кам касе ӯро мешинохт. Ӯ дар аввал ба кикбокс машғул буд ва дар чандин шаҳрҳои Русия зери дирафши (парчами) Тоҷикистон баромад кард ва соҳиби ҷойҳои намоёну ҷоизаҳо низ гашт. Дертар ба як намуди дигари варзиш, ки имрӯзҳо хеле маъруф аст, ба ММА рӯй овард.

Инҷо зарур мешуморам бигӯям ва таъқид кунам, ки ММА на танҳо варзиш, ҳамчунин шоу, яъне саҳнасозӣ ҳам ҳаст. Бе доштани ин ду қобилият ё танҳо доштани яке, намешавад дар ин роҳ, яъне ММА муваффақ шуд. Ва дертар ӯ ҳатто ба яке аз чеҳраҳои асосии ММА-и Русия табдил ёфт.

Чоршанбе дигар кори худро мекард, гарчӣ баъзе аз рафтораш ба ҳама писанду маъқул намешуд. Чун дид, ки ӯро нодуруст фаҳмиданд, бахшиш пурсид ва пӯзиш хост.

Бубинед, ӯ бахшиши холисона ва мардона пурсид, на зери фишору таҳдидҳо, ки ин кораш қобили таҳсину офарин аст. Яъне, ба ҳалол будани бахшиш пурсиданаш инҷо ҳеч шакку шубҳае нест.

Шумо баҳсҳои ду чеҳраи ҷаҳонии ММА – Ҳабиб ва Конорро дида бошед, Чоршанберо бештар мефаҳмед, ки яке дигареро “чӯҷаяки ирландӣ” мегуфту дигаре “муши доғистонӣ”.

Намехоҳам ба корҳои мақомоти додситонии кишвар дахолат карда бошам, аммо ҳамчунин намехоҳам, як ҷавони меҳан, ки ояндаи хубе дар пеш дошту дорад, қурбони нофаҳмиҳо шавад.

Ҳама баромадҳои ӯро тамошо кардам. Шояд ҷое зиёдаравӣ карда бошад, вале боз ҳам мегӯям, ки ин як бахши ММА аст, дигар ҳеч. Аммо ӯро чун ҷинояткор шинохтан ва эътироф кардан бароям мушкилнамо аст.

Ва намехоҳаму талаб ҳам надорам, ки давлат бояд ҳамаро бахшаду ҳама ҷинояткоронро афв кунад. На, ҳаргиз чунин фикр надоштам. Аммо ҷавонҳое мисли Чоршанбе, ки хидматҳояшон барои боло бурдани дирафши давлатии мо метавонанд сабабзо шаванд, бояд як назари дигаре ба онҳо кард.

Чоршанбе худаш мегӯяд, ки ӯ на мухолифи давлат асту на намоянда ё аъзои кадом ҳизбеву гурӯҳе ва низ ҷои дигар мегӯяд, ки суханони ӯро бадхоҳонаш нодуруст тафсир карданд, балки: “ман омодаам зери дирафши Тоҷикистон баромад кунам ва 24 соъат дар як шабонарӯз пуштибони тоҷикон бошам”, мегӯяд. Ва суханҳои ӯро дар бораи ҳаводиси марз ҳам фаромӯш накунему канор нагузорем.

Намедонам, ин ҳарфҳои самимӣ ва тоҷиконаи ман то кадом андоза метавонанд ба гӯши давлатмардони мо бирасанд ва барои раҳоии Чоршанбе таъсир расонанд, аммо агар чунин воқеъа рух диҳад, бо боварии комил мегӯям, ки он давлатмардон на танҳо дуъои хайри модарони бадахшӣ, балки аксари модарони дигари моро ҳам барои худ мегиранду дар зиндагиву оянда, ин дуъоҳои хайр метавонанд балогардони онҳо шаванд.

P.S. “Барги дарахтони сабз дар назари ҳушёр,

Ҳар варақаш дафтарест маърифати Кирдугор”.

Саъдии Шерозӣ

P.P.S. Бубинед, ки ду миллати бародар, русу укроин имрӯз чӣ ҳолу ҳаво доранд. Вақте яке зӯргӯӣ кард, дигарӣ, ки миёнашон баҳсҳои тунду сахт кам набуд, ба якборагӣ дар рӯ ба рӯи як зӯргӯ, ки артишаш аз нигоҳи қудрат дуввумин дар ҷаҳон аст, ҳама яктан шуданд. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки шояд Русия ин шабу рӯзҳо Толибонро ба расмият низ шиносад, то ки як қувваи бузурги дигаре бо худ дошта бошад. Худое накарда ин кор анҷом ёбад, мо дучори хатарҳои ҷадиде хоҳем шуд. Пас, моро месазад, ки беш аз пеш барои муттаҳид шудани ҳамдиёронамон сабабу бурҳонҳо кобему ёбем. Ва ба хотири барг дарахтеро насӯзем.

“Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пӯст.”

Боз ҳам Саъдӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: