Кирдори ҳукумат аксуламали хунин дорад

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, мӯътақид аст, Хоруғ ва Роштақалъа аз “раҳмат”-и ҳукумат дур уфтода ва ба ғазабаш гирифтор аст ва ба тадриҷ тамоми марзи Тоҷикистон аз “раҳмат”-и ҳукумат дур ва бегона мегарданд ва кирдори хасмонаи ҳукумат нисбат ба мардум аксуламали хунин дорад.

Ин рӯзноманигор дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо ишора ба ин ки “даҳҳо сокини Роштқалъа таҳти назар ва таъқиби “КГБ” қарор гирифтаанд ва ин рӯйхат рӯз ба рӯз меафзояд”, навиштааст, ки мардуми ин ноҳияро “барои созиш накардан ба кирдорҳои ғайриқонунии мақомот ва садо баланд кардан дар баробари беадолатӣ, “гӯшмол” мекунанд.”

Рустами Ҷонӣ дар идома, бо таъкид бар ин ки фаъолони шаҳри Хоруғ низ ба чунин ҳолат гирифтор шудаанд ва фишори амниятиҳо рӯз ба рӯз бар онҳо меафзояд, хотирнишон кардааст, ки сарукори амниятиҳо фақат “бо мардуми Роштқалъа ва Хоруғ” шудааст; амниятиҳое, ки ба гуфтаи ин рӯзноманигор, “на қонун медонанд ва на бим аз ҷазо доранд.”

Вай, бо баёни ин ки мутаассифона ба амниятиҳо иҷозат шуда, ки ҳар рафторе, ки раво бинанд, бикунанд, таъкид кардааст: “Ҳеч нерӯе гӯё барои онҳо мақбул ва қобили пазириш нест.”

Рустами Ҷонӣ дар идома бо ишора ба ин ки “ду ҷой, Хоруғ ва Роштқалъа аз “раҳмат”-и ҳукумат дур уфтода ва ба ғазабаш гирифтор аст”, ёдовар шудааст: “Ин муносибат дар Тоҷикистон собиқаи қариб сисола дорад ва гоҳе барои яке чанд сол идома ёфтаву дигаре то ҳол раҳо наёфтааст.”

Ин рӯзноманигор дар поёни ёддошти худ, бо баёни ин ки “тамоми марзи Тоҷикистон оҳиста-оҳиста аз “раҳмат”-и ҳукумат дур ва бегона мегарданд”, таъкид кардааст: “Ин кирдор аксуламали хунин дорад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: