Ба муносибати Ҳафтаи Сино Ҳасанзода
Сино Ҳасанзода, зиндонии сиёсӣ ва раиси шӯъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Панҷакент, 27 сентябри соли 1974 зода шудааст. Маълумоти олиро дар шаҳри Душанбе фаро гирифта. Ӯ яке аз фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик аст. Сино оиладор мебошад.
Сино Ҳасанзода пас аз Алиҷон Аҳмадов, ки дар соли 2013 ба истеъфо рафта буд, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Панҷакент интихоб шудааст. Гуфтанист, Алиҷон Аҳмадов дар декабри 2018 боздошт ва зиндонӣ ва сипас озод шуда.

Чаро иқдом ба тахриби сохтмонҳои бахши маҳаллии ҲНИТ дар кишвар намуданд?
Дар хабари 6 июни соли 2014 омадааст, ки мақомоти шаҳрдории Панҷакент иқдом ба тахриби сохтмони дафтари Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ин шаҳр намуданд. Дар 5-уми июни ҳамин сол, ниҳодҳои шаҳрдорӣ бо шумули намояндаҳои пулису амниятӣ қисмате аз ин сохтмонро тахриб кардаанд.
Дар он вақт, Сино Ҳасанзода ба расонаҳо гуфта буд, мақомот қавл доданд, ки бар ивази ин сохтмони тахрибшуда қитъаи замине ихтисос хоҳанд дод. Вай афзуд: “Дари бахши ҳизбро маҳкам карда будам, мутаассифона, симҳоро канда, дохили бахши ҳизб шуда, ба вайронкорӣ даст задаанд. Аз мо напурсиданд, ки дар бино чӣ асту дар кадом асос бояд бино тахриб шавад. Болопӯши бинои мо 11 “плита” дошт, ҳоло сетояшро канданд ва тасмим доранд, то девори биноро низ тахриб кунанд.”

Тибқи ин хабар, давлати Тоҷикистон дар он солҳо алайҳи ҲНИТ эъмоли фишорҳо ва таблиғоти густардаеро рӯйи даст гирифтааст.
Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон гумон мекунанд, ки қатъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон ва “террорист” унвон шуданаш, ба “ошӯби” муовини вақти вазири дифоъи кишвар, генерал шаҳид Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) рабт дорад, дар ҳоле, ки воқеият ғайр аз ин аст.
Воқеият ин аст, ки дар интихоботи соли 2010, ҲНИТ тибқи омори расмӣ тавонист, аксарияти овози интихобкунандагонро ба даст оварад. Аз он замон, таъқиби ошкору пинҳони аъзо ва тарафдорони ҲНИТ тақвият ёфт. Моҳи ноябри соли 2011, Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи пинҳоние гузаронид, ки дар он, протоколи машҳури № 32-20 қабул карда шуд. Ин протоколи пинҳонӣ тавассути маҷаллаи “Звезда“-и Русия ошкор шуд. Муҳтавои аслии ин протокол мубориза бар зидди ҲНИТ ва алайҳи дину диндорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки аз рӯзи қабул, зина ба зина амалӣ мешуд. Яъне тибқи ин протокол, тамоми имконоти вазоратҳои қудратӣ, Кумитаи дин, Кумитаи ҷавонон, радиою телевизион ва дигар ниҳодҳои марказию сохторҳои маҳаллии ҳокимият зидди диндорон ва хусусан ҲНИТ равона шуданд.
Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013, ки сад дар сад зери контроли нерӯҳои амниятӣ ва сохторҳои қудратӣ ва ҳукуматӣ, бо тақаллуби ошкор гузашт, бо ғалабаи мутлақи Э. Раҳмон эълон шуд. Агарчӣ Э. Раҳмон тибқи Сарқонуни кишвар, дигар хаққи президентӣ надошт, вале бо поймолкунии ҳамаи қонунҳо ва шартномаҳои байналмилалии ба имзо расида, ӯ худро бори дигар барои 7 сол президенти кишвар эълон намуд.
Дар интихоботи парлумонии соли 2015 ба ҲНИТ 1,5% овоз эълон намуданд, дар ҳоле, ки бо шаҳодати аксари нозирон ва ҳатто қисме аз раисон ва кормандони ҳавзаҳо ва нуқтаҳои интихоботӣ, ҲНИТ ва намояндагони он аз 60 то 70 % овозҳоро ба даст оварда буданд.
Моҳи марти соли 2015, раиси ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ маҷбур шуд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ шавад. Ӯро бо парвандаи сохтаи ҷиноӣ гунаҳкор намуданд. Баъди интихоботи моҳи марти соли 2015, тамоми мақомоти қудратӣ ва ҳуқуматии кишвар, бо роҳбарии КДАМ ва раиси он С. Ятимов, таъқибу фишори ошкору пинҳонро алайҳи аъзо, фаъолон ва пайравони ҳизб, ба ҳадди аксар расонида буданд.
Бо фишор, таъқиб, тарс, татмеъ ва дигар роҳҳои ғайриқонунӣ, аъзои ҳизбро аз ҳизб хориҷ мекарданд. Ташкилотҳои ибтидоӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизбро бо зӯр ва протоколҳои сохта мебастанд. Барои ин амал аз тамоми роҳҳои ғайриқонунӣ истифода мекарданд. Дар муддати 5-6 моҳи баъди интихобот, ин амалҳои ғайриқонунии худро шиддат бахшиданд ва тавонистанд, қисми зиёди раисони бахшҳо ва шӯъбаҳои ҲНИТ-ро бо таҳдиду фишор маҷбур созанд, ки протоколҳои аз қабл сохтаи мақомоти амниятии хукуматро оиди қатъи фаъолияти бахшҳои ҲНИТ, имзо намоянд.

Моҳи августи соли 2015, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба раёсати ҲНИТ номаи огоҳӣ фиристод, ки ба гуфтаи онҳо, ҲНИТ бо сабаби катъи фаъолияти бахшҳояш дар аксари минтақаҳои кишвар, хаққи фаъолият надорад. Ҳамзамон дафтари Марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ва дафтарҳои минтақавии он бо ҳар баҳона баста ё тахриб шуданд.
Ҳамаи ин дар ҳоле аст, ки ҳанӯз на “ошӯбе” шуда ва на Ҳоҷӣ Ҳалим иқдом ба амале намудааст.
Бастани дафтари ҲНИТ ва амалиёти “риштарошон” дар Панҷакент
Тибқи хабари 5 июли соли 2014, ҳукуматдорони шаҳри Панҷакент дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин шаҳрро бастанд.
Ҳамчунин, дар таърихи 28 августи 2014, амалиёти густардаи “риштарошон” дар Панҷакент аз ҷониби шӯъбаи корҳои дихилии ин шаҳр таҳти роҳбарии Раҳмонқул Давлатов гузаронида шуд.
Ва ҳамчунин, ба қавли Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, масъули интихоботии шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, субҳи 28 августи 2014 дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд як гурӯҳ милисаҳо соҳибкорони бозорро маҷбур карданд, ки ришҳояшонро тарошанд. Мирзои Ҳоҷимуҳаммад гуфт, кор ба ҳадде расида, ки кормандони милиса чанд ҷавони ришдорро зӯран аз ҷойи корашон ба сартарошхона ё ШКД бурданд ва ҳамин тавр ба чанд нафари марди ришдори дигар беасос даъватнома додаанд, то ба идораи пулис ҳозир шаванд.

Сино Ҳасанзода низ гуфт, Имомиддин Раҳматуллоев — масъули ҷавонони бахши ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент ба ӯ занг зада хабар додааст, ки милисаҳо ӯро назди бинои ШКД оварда, мехоҳанд ришашро маҷбуран битарошанд. Вай афзуд: “Вақте, ки назди бародар — Имомиддин омадам, афроди пулис аллакай ӯро ба сартарошхона даровардаанд, вале баъди як сӯҳбати кӯтоҳ аз тарошидани риши ӯ даст кашиданд.”
Боздошт ва зиндонӣ кардани Сино Ҳасанзода
Сино Ҳасанзода дар 22 сентябри соли 2015 дар пайи шаҳодати генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) – ки ба дасти нерӯҳои амниятӣ ва интизомии режими Раҳмон дар Ромит ба қатл расид — ба иттиҳоми даст доштан дар ба истилоҳ, “ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим” боздошт ва ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Иттиҳоми Сино Ҳасанзода ба даст доштан дар “ошӯб” дар зиндони Хуҷанд
Дар 7 ноябри соли 2018 дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд ошӯб сар зад ва дар пайи он бисёре аз зиндониҳо ба дасти нерӯҳои интизомии режими Раҳмон кушта шуданд. Дар хабари 24 декабри соли 2018 омада, ки манобеи наздик ба тафтиши парвандаи ин “ошӯби хунин” гуфтаанд, Сино Ҳасанзода, ки се сол пеш боздошт ва ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз саркардагони ошӯб қаламдод мешавад ва ӯро ба СИЗО гузарондаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, Алиҷон Аҳмадов низ ба иттиҳоми даст доштан дар ин ошӯб дастгир шуда буд. Бино ба фарзияи ин тафтишот, гӯё Аҳмадов бо Ҳасанзода дар тамос буда ва аз берун ба вай оид ба ташкили ошӯб дастуру супоришҳо медодааст. Дар ин хабар омадааст:
“Дар байни ҳудуди 60 маҳбусе, ки ба даст доштан дар ошӯб айбдор мешаванд, якеаш Сино Ҳасанов (Сино Ҳасанзода), роҳбари собиқи шӯъбаи ҲНИТ дар Панҷакент аст. Сино Ҳасанзода рӯзи 22 сентябри соли 2015 ба иттиҳоми даст доштан дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) боздошт ва ба 15 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд адои ҳукм мекард. Ҳоло ӯро ба унвони яке аз саркардагони ошӯб аз маҳбас ба СИЗО гузаронда, нисбаташ парвандаи нав оғоз кардаанд.”

Ва ин дор ҳоле аст, ки масъулияти ошӯби шаби 7 ноябр дар зиндони рақами сеи Хуҷандро расман созмони террористии ДОЪИШ ба дӯш гирифта буд.
#Ҳафтаи_Сино_Ҳасанзода
#Озодӣ_ба_Сино_Ҳасанзода
#Free_Sino_Hasanzoda
#Свободу_Сино_Хасанзода