Ҳарфе аз таҳқиқ дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон ва қатли Гулбиддин нашавад?

Таҳқиқи дақиқи ҳодисаҳои талхи Бадахшон, ки зарурати анҷоми он аз сӯи рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ матраҳ шуд, бо вокуниши бисёр тунди ба қавли ӯ, “даҳҳо аккаунтҳои бардурӯғ” рӯ ба рӯ гардид. Ӯ менависад: “Ман дар бораи тадқиқи чанд куштор гап мезанам ва мехоҳам онҳое, ки мардумро дар маркази Хоруғ тирборон карданд, ба мукофоти амал бирасанд”, аммо “хидматгорони султон” баҳси ҷангу сулҳро ба миён мекашанд, ки гӯё ин мавзӯъ боиси ноором шудани ҷомеа мешудааст ва аз ин рӯ, ба қавли онҳо, ҳодисаи мазкур фаромӯш шавад гӯӣ он ки аслан ҳеч иттифоқе науфтода ва дигар набояд ҳарф аз таҳқиқ дар бораи ин ҳодиса зада шавад. Рустами Ҷонӣ далели ин вокунишҳоро баён карда ва хитоб ба вокунишкунандаҳо гуфтааст: “Тадқиқи он пардаро аз афти Шумо мебардорад.”

Ин рӯзноманигор дар ёддоште, хостори таҳқиқи дақиқ дар бораи воқеаҳои талхи Бадахшон шуда, ки мунҷар ба қатл ва захмӣ шудани шуморе аз шаҳрванд гардид. Вай навишт: “Тадқиқи воқеаҳои ноябри 2021 дар шаҳри Хоруғ бояд идома ёбад. Он “чароҳо”-е, ки баъдаш боқӣ монданд, посух ёбанд. Чунки хун рехта ва ҳанӯз бо баҳонаи он садҳо помирӣ шиканҷа мешаванд.”

Вай дар идома, бо ишора ба ин ки “давоми чаҳор моҳ мардуми Помир дар муҳосираи иттилоотӣ буданд”, тасреҳ кардааст: “Ҳукумат онҳоро аз гирифтан ва паҳн кардани иттилоот маҳрум кард.”

Рустами Ҷонӣ дар ин ёддошт афзуда: “Ҷавононе барои талаби ҳаққи худ, ки дар Сарқонуни Тоҷикистон навишта шудааст, зиндонианд ва даҳҳои дигар таъқиб мешаванд.”

Ин рӯзноманигор дар идома, зимни дархост аз “Кумитаи 44” барои ҷоннок кардани кори худ, дархост кардааст, ки “ин тадқиқ бо иштироки мақомот ё бе онҳо бояд ба хулосае бирасад.”

Рустами Ҷонӣ дар ёддоште дигар, бо зикри гуфторе аз Шамси Табрезӣ, ки “Оина ба зиштрӯйе доданду ба ӯ таъкид карданд: ҳар чӣ дар ӯ бинад, айби оина надонад”, менависад: “Ҳамин ки дар бораи тадқиқ ва таҳқиқи воқеаҳои хунини Помир даҳан кушодӣ, “фейкҳои КГБ”, “авангард”-ҳои велгард, хокзанҳои дарбор, бачаву “качча”-и мақомдорон, косалесону кунлесон, ба ҷумбу ҷӯш меоянд.”

Вай дар идома, бо тарҳи ин суол, ки “чаро ба тадқиқу тафтиш ин қадар ҳассосед?”, навишта: “Агар ҷое аз Шумо пури ганд набошад, чӣ ҷои талвосаву асабоният? Ман дар бораи тадқиқи чанд куштор гап мезанам. Мехоҳам онҳое, ки мардумро дар маркази Хоруғ тирборон карданд, ба мукофоти амал бирасанд. Ин “хидматгорони султон” баҳси ҷангу сулҳро ба миён мекашанд. Ба гуфти онҳо, ин мавзӯъ мардумро ноором мекунад.”

Рустами Ҷонӣ афзудааст: “Инҳое , ки дар “КГБ”-у “ВКД”-у даҳҳо идораҳои давлатӣ нишаста, даҳҳо “аккаунт”-и бардурӯғ бофта, заҳрҳову бӯҳтонҳои худро паси лақабҳои занонаву мардона ба чорсӯ мепошанд, ҷуръате дар худ пайдо накунанд, ки мақомоти “ҷононо ҷон”-и худро бо номи худ дифоъ кунанд. Чунки онҳо бо ҳамон камоли бевиҷдонӣ бар афсонаҳое, ки мепарокананд, бовар надоранд. Медонанд, нафсашон виҷдонро гуфтаи помириҳо “ пикунҷ чуҷ”, ба кунҷе тела додааст. Бахше аз як низоми истибдодӣ ҳастанд, ки бо маблағи калон онҳоро харидаву онҳо ба терори мағзҳо машғуланд. Ба фикрҳои зинда дарафтода, мехоҳанд Тоҷикистон гӯристон бошад.”

Ин рӯзноманигор сипас хитоб ба онҳо навиштааст: “Ой кӯршапаракҳо! Аз кадом мантиқ талаби иҷрои қонун ҷомеаро ноором месохтааст? Шояд “оромӣ” гуфта, аз вазъи ақрабои мансабдори худ, ки аз порахӯрӣ сиёҳу кабуд шудаанд, худро чӯпон медонанду мардумро рама, дар ташвиш уфтодаед. Ҳамонҳо оромии худу ақрабову ҳаммаҳаллу ҳамқабилаи худро оромии тамоми миллат дониста, ҳар кӣ хоста ин тартибро тағйир бидиҳад, “душмани миллат” мешавад. Вақте ватан гӯянд, “оғил”- и худро медонанд. Чун аз миллат гап кушоданд, аз қабилаи худ фаротар нараванд.”

Рустами Ҷонӣ дар идома, бо баёни ин ки таҳқиқ дар хусуси ҳодисаҳои Бадахшон бо ин ки “фарзи айн”-и мақомот аст, вале “ба шӯрии бахти ин миллат, як табақаи ноӯҳдабароро ҳофизи ҳаққу ҳуқуқи мо гуморидаанд.”

Вай бо таъкид бар ин ки мақомот бояд ҳомии шаҳрванди Тоҷикистон новобаста аз ақидаву мавқеъи онҳо бошанд, хотирнишон кардааст: “Мутаассифона, ин андешаи хайр ба хаёлот пайваста, дергоҳ мардум барои қонунҳои Тоҷикистон дар орзуи амини беҳтар саргардон хоҳанд монд. Ҳарчӣ аз қонун бархезад, мақомотро ба хавотир меандозад, ҳар кӣ аз қонун гӯяд, ба онҳо аждаҳо менамояд.”

Ин рӯзноманигор дар идома бо хитоб ба мақомот афзудааст: “Бе тадқиқ ва таҳқиқи мунсифонаи марги Гулбиддин Зиёбеков ба ҷое намерасед ва аз гиребонатон бӯйи хун меояд. Яке аз онҳое, ки хунбаҳои ӯро хоҳад хост, ман хоҳам буд. Ва то расидан ба як тафтиши мунсифона, рӯ ба рӯятон меистам ва луқмаатонро дар даҳани Шумо заҳр хоҳам кард.”

Рустами Ҷонӣ дар поён хитоб ба мақомот навишта: “Ҳар қадар ҳукумат талош варзад, ки хиёли мардумро аз воқеаҳои Хоруғ баргардонад, ҳамон қадар бовар хоҳам кард, ки онҳо дар талоши рӯпӯш кардани сангинтарин ҷинояти худанд. Намефорад! Мавзӯи хунрезии Хоруғ намефорад, чунки тадқиқи он пардаро аз афти Шумо мебардорад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: