Ман надорам силоҳу на тир // Қаламам силоҳу суханам тир

Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, ки чанде пеш ба дасти нерӯҳои амниятии режими Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон кушта шуд, дар навиштае шеърмонанд, достони ғамангези шаҳодати писарашро ба тасвир кашидааст.

Ӯ дар ин навишта – ки гуфтааст, “ман шоир нестам, аммо аз зулми ҳукумати нав қалам ба даст гирифтам” – дар поён баён дошта: “Ман надорам силоҳу на тир // Қаламам силоҳу суханам тир // Қасам, ки зи кӯшиш нахоҳам нишаст // Кушед маро, парронед, баред зиндон // Лек ман ҳақиқатро зи ноҳақ кунам ҷудо.

Матни пурраи навиштаи ин модар ба шаҳри зерин аст:

Он амалиёт дар таърих ҳамто набуд.

Амалиёти хунину бераҳмона буд.

Аскари амният аз дусад бештар,

Қаравул дар атрофи як варзишгар,

Фармондеҳ ҷаллодонро фармон дод:

“Кушед, парронед, зинда намонед!”

Гулики бегуноҳу бесилоҳро куштанд,

Ин маънои он, ки ӯ таслим нашуд.

Кардаанд ҷисми беҷонро кашон

Сӯйи он мошин истода чу дор.

Сими гардан нишони номардист,

Ҳилаи амният беқонунист.

Марди майдон ба мардӣ зи миён

Рафту ба модар чунин кард хитоб:

“Модарам, гиря накун ба мурдани ман!”

Ман аммо шодам, аз ин беадолатӣ мурд.

Он силоҳдори кофиру ҳаром,

Ҷисми беҷонро сӯйи шаҳр кард равон.

Ду шабу рӯз дар ҳавои хунук

Модари ғамзада бо либоси тунук

Ашк мерехту мехӯрд қасам:

“Ҳафт тири номардони ҳаром

Сӯйи фарзандҳош мекунам равон!”

Ҳамаи он мансабталабони беномус,

Сӯйи модар, сӯйи тобути писар,

Шоду хандон нигоҳаш карданд,

Худ ба худ гуфтанд:

“Хуб кардем, куштем писараш!”

* * *

Ман надорам силоҳу на тир,

Қаламам силоҳу суханам тир.

Қасам, ки зи кӯшиш нахоҳам нишаст,

Кушед маро, парронед, баред зиндон,

Лек ман ҳақиқатро зи ноҳақ кунам ҷудо.

* * *

Ман модари Гулбиддин. Ман шоир нестам, аммо аз зулми ҳукумати нав қалам ба даст гирифтам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: