Интиқоди шадиди Amnesty International аз шиканҷа шудани зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳои онҳо // Интиқоди ин созмон аз зиндонӣ шудани Мирзои Ҳоҷимуҳаммад

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар гузориши ҷадиди худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2021, зиндонӣ кардани узви собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро ба шиддат маҳкум карда ва онро “саркӯби озодии баён” донистааст. Гузориш ҳамчунин афзуда, ки ҳукумати Тоҷикистон “фаъолони мухолифин ва мунтақидони ҳукуматро бо иттиҳомҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ боздошт ва ба мӯҳлатҳои дароз зиндонӣ кардааст… Мақомот инчунин истирдоди намояндагони мухолифинро аз кишварҳои хориҷӣ дархост карда, ба таъқиби пайвандонашон дар Тоҷикистон ва хориҷ идома доданд.”

Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International гузориши нави худ дар бораи вазъияти ҳуқуқи инсон дар соли 2021 ба нашр расонд. Ба гузориши Радиои Озодӣ, дар ин гузориш, аз ҳукумати аксари кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, дар робита бо бемории коронавирус, саркӯби озодии баёну мунтақидон, истифода аз шиканҷаву бадрафторӣ дар хонаву боздоштгоҳҳо ва масоили дигар ба шиддат интиқод шудааст.

Бар асоси ин гузориш, узви собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад рӯзи 1-уми июни 2021 бо ҷурми “узвият дар созмони мамнӯи ифротӣ” ба 5 сол зиндон маҳкум карда шуд.

Гузориш афзуда, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад солҳои охир дар Русия ба ҳайси табиб кор мекард ва моҳи феврал (-и 2021) барои дидани пайвандон ба Тоҷикистон баргашт. Дар аввал мақомот сафари ӯро маҳдуд карданд ва сипас моҳи май дастгир намуданд.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад

Дар идома омадааст, ҳукми Мирзои Ҳоҷимуҳаммад бар асари навиштаҳои номаълум дар шабакаҳои иҷтимоӣ асос ёфтааст. Ӯ соли 2020 дар мусоҳиба бо расонаҳо мақомоти кишварро барои дер эътироф кардани вуҷуди бемории COVID-19 танқид кардааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин омада, ҳукумати Тоҷикистон бо иддаои ин ки бемории COVID-19 аз байн рафтааст ва тавассути назорати қатъияш болои расонаҳо, чораҳои қаблан ҷоришудаи ҳифзи беҳдоштиро дар давраи пандемия халалдор кард.

Гузориш ҳамчунин меафзояд, дастрасии ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ ба ҳуқуқу адолат ҳамоно мушкилии зиёд дорад.

Ҳамчунин, мавридҳои истифода аз шиканҷа ва муносибати дигари бераҳмона зиёд паҳн шудааст, вале иттилоъ дар ин замина ҳамоно кам аст.

Ва низ озодии баён бе ягон асос аз тарафи ҳукумат маҳдуд карда шудааст. Фаъолони мухолифин ва мунтақидони ҳукуматро бо иттиҳомҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ боздошт ва ба мӯҳлатҳои дароз зиндонӣ карданд.

Шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаи дигари ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон

Дар ин гузориш аз шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона дигари ниҳодҳои қудратӣ дар Тоҷикистон ба шиддат интиқод шудааст. Дар он аз ҷумла омада, “Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар моҳи март гузориш дод, ки дар соли 2020 ҳадди ақал дар бораи 38 мавриди шиканҷа ва муносибатҳои дигари бераҳмона парвандаҳоро ҳуҷҷатгузорӣ кардааст. Созмон гуфтааст, ин рақам танҳо як қисми ками шумораи воқеии парвандаҳоро ташкил медиҳад.”

Сипас идома медиҳад: “Се афсари пулис моҳи июни соли 2017 барои шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров аз 10 то 13 сол зиндонӣ шуда буданд. Ҳасан Ёдгоров пас аз чанд рӯзи шиканҷа, латукӯб ва истифодаи нерӯи барқ аз сӯи пулиси шаҳри Турсунзода, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахти Тоҷикистон, ба содир кардани куштор “иқрор шуд”. Ӯ то бекор шудани айбнома шаш моҳи зиндагиашро дар боздоштгоҳи муваққатӣ гузаронд. Моҳи майи соли 2018, вақте гумонбари асосиро боздошт карданд, раҳо шуд. Ӯ пас аз озод шудан дар бораи шиканҷа гузориш дод. Ду афсари пулис таҳти афв қарор гирифтанд ва дар натиҷа муҳлати ҷазои онҳо кӯтоҳ карда шуд.”

Ҳасан Ёдгоров

Саркӯби фаъолони мухолифин

Дар ин гузориш омадааст, мақомот ба саркӯби фаъолони мухолифин ва онҳое, ки ҳукуматро танқид мекунанд, идома доданд. Ин мухолифин бо иттиҳоми дорои ангезаҳои сиёсӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум карда шуданд. Мақомот инчунин истирдоди намояндагони мухолифинро аз кишварҳои хориҷӣ дархост карда, ба таъқиби пайвандонашон дар Тоҷикистон ва хориҷ идома доданд.

Саъдӣ Раҳматов, домоди хонаводаи Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ду моҳ дар Юнон дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро тавассути Интерпол дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дода буданд. Раҳматов аз онҷо 13-уми январ озод карда шуд. Ӯро дар Тоҷикистон ба “мусоидат ба зархаридӣ” муттаҳам мекунанд. Ин ҷиноят 15 соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Ҳуқуқшиноси мустақил ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскав Иззат Амон (Иззатулло Холов) рӯзи 25-уми март бедарак шуд. Пас аз ду рӯз намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон аз Русия истирдод шуда, дар боздоштгоҳе дар Душанбе мебошад. Иззат Амон ҳукумати Тоҷикистонро борҳо барои бетафовутӣ ба сарнавишти муҳоҷирони тоҷик дар Русия танқид кардааст. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2021 ӯро бо гуноҳи қаллобӣ ба нӯҳ сол зиндон маҳкум кард.

Иззат Амон

Рӯзноманигори мустақил Далер Шарифов баъди ба охир расидани муҳлати ҷазояш моҳи январ озод гардид. Ӯро моҳи апрели соли 2020 ба як сол зиндон маҳкум карда буданд.

Бар асоси қонуни афв, ки ба муносибати 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон эълон шуда буд, мӯҳлати ҷазои Бузургмеҳр Ёров чаҳор сол кам карда шуд. Вакили мудофеъ Ёров барои ҳимоят аз чанд узви ҲНИТ ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.

Бузургмеҳр Ёров

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: