Устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи донишгоҳ: “Дар суханони Чоршанбиев даъват ба ҳеч гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад”

Як мутахассис ва забоншиноси барҷастаи рус, бо ишора ба суханони баҳсбарангези Чоршанбе Чоршанбиев, тасреҳ кардааст, ки дар изҳороти ӯ даъват ба ҳеч гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, Елизавета Колтунова, мутахассиси криминалистикаи забоншиносӣ ва устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгороди Русия тасреҳ кардааст: “Дар изҳороти баҳсбарангези Чоршанбиев нишонаҳои психологӣ – лингвистии даъват ба содир кардани зӯроварӣ, аз ҷумла вобаста ба ҳар гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад.”

Елизавета Колтунова

Бар асоси ин гузориш, додгоҳ қарор кардааст, ки сӯҳбати ӯро дар мавриди ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Бадахшон аз нав бисанҷанд.

Муҳокимаи навбатии Чоршанбиев рӯзи 29-уми март дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия баргузор шуд, вале ба хабарнигорон иҷозаи иштирок надоданд. Танҳо вакилони мудофеъ ва пайвандонаш ба он роҳ ёфтанд.

Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев, рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ хостааст, ташхисро Вазорати адлия гузаронад. Ҳамзамон гуфта шудааст, дар вақти санҷиш мутахассиси забони русиро даъват карда, ширкати Чоршанбиев ва вакилони мудофеъро таъмин кунанд.

Вай афзуд: “Хулосаи ташхисе, ки дар парванда буд, зери суол гузоштем. Бино бар онки дар хулосаи ташхис носаҳеҳӣ ва нопуррагӣ ҷой дошт, аз додгоҳ талаб кардем, ташхиси такрорӣ таъин карда шавад ва ин дафъа мутахассиси забони русиро даъват кунанд. Ниҳоят дархости вакилони дифоъ аз сӯи додгоҳ пазируфта шуд ва ташхиси такрории сиёсӣ-лингвистӣ таъин карда шуд.”

Пештар як сиёсатшинос аз Тоҷикистон хулосаи худ оиди суханронии ин варзишгари тоҷикро бароварда буд. Вай, ки аз ӯ ном бурда намешавад, дар хулосааш гуфтааст, Чоршанбиев дар навор шаҳрвандони Тоҷикистонро ба “қиём” алайҳи ҳукумати қонунӣ даъват кард.

Гуфтанист, Чоршанбиев дар ин навор аз ҷумла гуфтааст: “То кай тоқат кунем, ба ин чашм пӯшем ва оё ин аз рӯи адолат аст? Ба назари ман, бояд ба ин рӯйдод вокуниши бештар кунем. Даъват менамоям, бар зидди беадолатӣ – беадолатӣ дар марги одамони бегуноҳ қиём карда шавад.”

Чоршанбе Чоршанбиев 31-уми декабри соли гузашта баъди ихроҷ аз Русия дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот дар оғоз ӯро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият парванда боз карданд. Иттиҳоми аввал ҳоло бекор шудааст.

Аз рӯи айбномаи даъват ба сарнагунии ҳокимият ба Чоршанбиев аз 8 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад. Варзишгар дар ду мурофиаи аввал гуфтааст, иттиҳомро қабул надорад. Пайвандону ҷонибдоронаш ба ҳақ будани ӯ таъкид доранд.

Рустами Ҷонӣ: “Ташхис дар Тоҷикистон “таъйинотӣ” аст”

Рустами Ҷонӣ дар ёддоште, бо ишора ба ин ки “гуфтаҳои Чоршанбе Чоршанберо дубора ташхис мекунанд ва ин ташхис бо ҳузури блогер ва адвокатҳояш мегузарад”, навиштааст: “Ташхисгарро Вазорати адлия таъйин мекунад. Аниқтараш онро яке аз коршиносони ин идора мегузаронад. Дер боз онҷо як шӯъбае барои чунин корҳо фаъол аст.”

Рустами Ҷонӣ

Вай бо таъкид бар ин ки “дар асл ташхисро бояд коршиноси мустақил гузаронад ва касе, ки ду тараф ба ӯ эътимод кунанд ва ба бетарафиаш шубҳа надошта бошанд”, гуфтааст: “Дар Тоҷикистон бошад ин “таъйинот”-ист. Одатан ин коршиносон гаперо хоҳанд гуфт, ки дар даҳонашон гузоштаанд.”

Ин рӯзноманигор дар идома бо баёни ин ки “аз ин ташхисгарони “ҳукуматӣ” ё “мақомотӣ” хулосаи ғайричашмдошт гирифтан, хиёлоте беш нест”, таманно мекунад: “Худоё ин гумони мо ғалат барояд… Шояд виҷдон дошта бошанд?

Рустами Ҷонӣ дар поён изҳор доштааст: “Баъди интиқод, фикр мекунам, судя мехоҳад, мурофиаи Чоршанбе Чоршанбиевро одилона намояд. Ин нияти худнамоиро, ба ҷаласа роҳ наёфтани журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ботил сохт. Бубинем боз кадом достон бофтаанд!?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: