“Ва ягона сабабе, ки Сино шинохта нашуду корномаҳояш пинҳон монданд ин буд, ки дар ҳудуди як ноҳияи дурдаст фаъолият мекард ва ҳеч гоҳ розӣ намешуд аз қаҳрамониҳояш ёд шавад…”
Ба муносибати Ҳафтаи Сино Ҳасанзода
Бознашр аз сайти Паём
Бархе аз ҳамсафонаш ба Маҳмадалӣ Ҳаит, мухолифи диловар ва аз қаҳрамонони муборизаи истиқлолхоҳӣ шубҳа доштанд ва мепиндоштанд, ки ӯ бо мақомоти амниятӣ ҳамкорӣ дорад. Як сабаби ин шубҳа агар собиқаи кории ӯ дар ГРУ-и Шӯравӣ буд, сабаби дигараш ҷасорати Ҳаит буд, ки ҳаргиз дар ҳеч куҷое аз гуфтани ҳақ парҳез намекард ва аз касе ҳаросе надошт. Бархе ҳамсафонаш ба ин ҷасорати ӯ бо шубҳа менигаристанд ва мепурсиданд: “Чаро бо ин ҳама тундие, ки дорад бо ӯ кордор нестанд, агар ҳамкорашон нест?”
Яке аз ин ҳамсафони ӯ, ки баъдан дар зиндон ба шаҳодат расонида шуд, Саттор Каримов маъруф ба Махсуми Абдусаттор буд. Замони баргузории мурофиъаи додгоҳӣ, ки онҷо ҳам Маҳмадалӣ Ҳаит бо ҳамон ҷасорати ба худаш хос аз худу дигарон ҳимоя мекард, Махсуми Абдусаттор ба ин шубҳаи худ эътироф кард ва дар толори додгоҳ расман аз Ҳаит узр пурсид.
Маҳмадалӣ Ҳаит муовини раиси ҲНИТ ва аз нафарони матраҳ дар расонаҳо буду камтар касе пайдо мешавад ӯро нашиносад. Аммо диловарону қаҳрамононе ҳастанд, ки аз корномаҳояшон ба ҷуз чанде аз дӯстону наздиконаш касе хабар надорад. Онҳо алайҳи зулм мубориза мекунанд, зиндон ё кушта мешаванд, аммо бино бар матраҳ нашудани номашон дар расонаҳо, ношинос боқӣ мемонанд.
Яке аз чунин қаҳрамонон Сино Ҳасанзода, раиси собиқи бахш ҲНИТ дар Панҷакент аст, ки ба 11 соли зиндон маҳкум гаштааст. Ва ягона сабабе, ки шинохта нашуду корномаҳояш пинҳон монданд ин буд, ки дар ҳудуди як ноҳияи дурдаст фаъолият мекард ва ҳеч гоҳ розӣ намешуд аз қаҳрамониҳояш ёд шавад. Танҳо хабаре, ки аз ӯ дар сатҳи кишвар нашр шуд, дифоъи ҷасуронааш аз риш дар авҷи муборизаи шадиди ҳукумат бо он буд, ки дар наворе сабт шуд ва ба расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Аммо ин ягона ҷасорат ё яке аз ҷасоратҳои Сино набуд. Ӯ, чи то расидан ба раёсати ҲНИТ дар Панҷакент ва чи баъди он ҳамеша чунин буд ва бо ҳама ноадолатиҳо ҳамин гуна бархӯрд мекард.
Аз фошгӯиву интиқодҳои ӯ раиси вақти шаҳр Хисрав Абдуназаров ба дод омада буд ва ҳеч гоҳ ҳозир намешуд бо Сино Ҳасанзода дар як маърака ширкат кунад. Бадтарин рӯзҳои раисиашро Абдуназаров замоне сипарӣ кардааст, ки дар интихоботи маҷлиси вилоятӣ бо Сино рақиб буд. То ки Ҳасанзода бо ҷасорат ва истеъдоди суханварие, ки дошт ӯро байни интихобкунандагон шарманда насозад, хилофи қонуну анъана вохӯриҳояш бо мардумро ҷудо аз рақибаш ва дар аксари ҳолат пинҳонӣ мегузаронд.
Вале вохӯрии раиси шаҳр бо интихобкунандагон дар марказ табиист, ки имкони пинҳон доштанаш вуҷуд надорад. Сино Ҳасанзода ба ин вохӯрӣ рафт ва бо вуҷуди кӯшиши раису дастгоҳаш, ки намехостанд ба минбар роҳаш диҳанд, ба минбар баромад ва суханронӣ кард. Садҳо кормандони ҳукумат, идораҳои давлатӣ ва ғайра, ки барои дастгирии раиси шаҳр ҷамъ оварда шуда буданд, баъди суханронии Ҳасанзода бо шӯру шавқ кафкӯбӣ ва раиси шаҳрро маҷбур ба фирор карданд.
Мурофиъаи додгоҳии Ҳасанзода, ки бо иттиҳоми паҳн кардани кадом варақае боздошт шуда буд, серодамтарин мурофиъа шинохта шудааст. Мақомоти Панҷакент бо фарқ аз мақомоти марказӣ ақлашон нагирифт мурофиъаро сиррӣ гузаронанд ва мардуми зиёде ба он сарозер шуд. Ҳасанзода бо ҷасорат ва овардани далелҳои мӯҳкаму кӯбандае аз худ дифоъ кард ва ҳамаи ҳозирин мутмаин буданд, ки додгоҳ камтарин далеле барои зиндонӣ карданаш надорад. Аммо аз садҳо мурофиъаи дигар хонандаи азиз медонад, ки “чӣ кор кунем, замона ҳамин аст” (иқтибос аз сухани додраси парвандаи Зайд Саид).
Дар сухани охире, ки ба ӯ дода шуд, Сино Ҳасанзода ояте аз Қуръони Карим оварду тафсир кард ва ҳамаи толор, ҳатто пулису нигаҳбононро ба гиря водошт. Додраси парванда, ки раиси ҳамонвақтаи додгоҳи Панҷакент буд, бо мушкили тамом оби чашмонашро нигоҳ медошт, мурофиаро бо садои пасту ларзон хатм намуд. Шоҳидон мегӯянд, баъди мурофиъа додрас ба утоқи кориаш рафтаву хеле гиристааст.
Ҳасанзода ҳамеша аз мазлумин дифоъ мекард ва яке аз сабабҳои аслие ҳам, ки мақомот дӯсташ намедоштанд, ҳамин пуштибониаш аз мазлумон буд. Барои мисол, вақти васеъ кардани хиёбони маркази шаҳр тамоми хонаҳо, мағозаҳо устохонаҳои таъмири нақлиёт қисман ва баъзе куллан вайрон карда ва ҳеч ҷуброне аз ҷониби ҳукумат дода нашуд. Танҳо ба баъзе афроди наздик ба ҳукумат аз як қисми дури шаҳр қитъаи замин ҷудо гардид. Сино ба ҳимояи бештари ин ҷабрдидагон бархост ва аз ҳукумат талаби ҷуброн карду ба ин кораш хеле пофишорӣ менамуд. Ин кораш яке аз сабабҳои бадбинии мақомот нисбати Сино шуд.
Барои аз фаъолияти сиёсӣ канор задани Ҳасанзода мақомот ҳамаи роҳҳоро таҷриба карданд — аз пешниҳоди замину мансаб то таҳдид ба ҳабсу ҳатто террор, аммо ҳеч гоҳ розӣ намешуд. Танҳо баъди афзоиши фишору таъқиб ба аъзои дигари ҳизб ва таҳдиди боздошти даҳҳо аъзо, ӯ розӣ ба канор рафтан аз ҲНИТ шуд.
Бо вуҷуди қатъи фаъолият ва баста шудани бахши ҲНИТ дар Панҷакент, Ҳасанзодаро мисли ҳамаи дигар зиндониёни сиёсӣ бо иттиҳомоти сохта боздошту зиндон карданд. Мақомот даъво доштанд, ки аз ҷевони хонааш варақаҳои таблиғотии “даъват ба сарнагунии ҳукумати конститутсионӣ” пайдо шудааст. Тибқи иттилоъи шоҳидон, қабл аз пайдо шудани варақаҳо корманди амният бо номи Сафаралии ғармӣ чанд дақиқае онҷо истода будааст.
Раиси шӯъбаи КДАМ-и вақт дар Панҷакент Тоҷиддин Сайназаров, ки домоди хонаводаи Ятимов ҳам гуфта мешавад, аз онҳое буд, ки бинобар ҷасорату ҳақталабиаш Синоро хуш надошт. Гуфта мешавад, ӯ ин кинаро ҳамеша дар дилаш нигоҳ медошт ва яке аз мубтакирони боздошту ҳабси Ҳасанзода низ буд.
Ҳамчунин муфаттиш Ниёзбадалов, ки худаш тамоми баёноти шоҳидон алайҳи Ҳасанзоро омода мекарду онҳоро маҷбур ба имзо кардан менамуд. Бояд гуфт ҳеч нафаре аз ҳамсафони Сино, бо вуҷуди фишору таъқибу таҳдидҳо ҳозир ба имзои тӯҳматнома нашуданд ва муфаттиш маҷбур шуд шоҳидонро аз берун ҷалб кунад. Аммо он шоҳидон ҳам дар додгоҳ иқрор карданд имзояшон бо зӯру таҳдид гирифта шудааст.
Сино Ҳасанзода мутаваллиди соли 1974 буда, ду фарзанд дорад. Шаш сол аз 11 соли ҳукмашро дар зиндон сипарӣ кардааст ва қарор аст соли 2027 дар 53-солагиаш ба озодӣ барояд.
Манбаъ: Сайти Паём
#Ҳафтаи_Сино_Ҳасанзода
#Озодӣ_ба_Сино_Ҳасанзода
#Free_Sino_Hasanzoda
#Свободу_Сино_Хасанзода
Добавить комментарий