Ба муносибати Ҳафтаи донишҷӯёни зиндонӣ
Режими Эмомалӣ Раҳмон ду сол пеш 19 тан аз нухбаҳои тоҷикро, ки баъзе устоди донишгоҳ, баъзе пажӯҳишгар ва баъзе донишҷӯ ҳастанд, ба ҷурмҳои пуч ва воҳӣ аз ҷумла “хиёнат ба Ватан” зиндонӣ кард. Иттиҳомҳое, ки ин азизон ба шиддат онҳоро рад кардаанд, ба хусус “хиёнат ба Ватан”-ро.
Асосан, иттиҳоми “хиёнат ба Ватан” охирин тӯҳмате аст, ки вақте режим натавонад барои касе ҷурмеро собит кунад, ин барчаспро рӯи ӯ мезанад ва равонаи зиндонаш мекунад. Гуфтанӣ аст, ҷомеъи муштараки ин азизон он аст, ки ҳамагӣ дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил кардаанд. Дар воқеъ, ҷурме, ки ба мӯҷиби он зиндонӣ шудаанд, таҳсил диданашон дар ин кишвар аст.
Дар таърихи 23 сентябри соли 2020 хабаре дар расонаҳо аз ҷумла дар сойти “Ахбор” мунташир шуд мабнӣ бар ин ки “Додгоҳи Тоҷикистон чанд нафар аз таҳсилкардаҳои донишгоҳҳои Эронро ба ҷурми “хиёнат ба Ватан” (моддаи 305-и Қонуни ҷазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ҳамчунин ба ҷурми нақзи қонуни истифода аз шабакаи компютерӣ (моддаи 304) барои солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардааст.”
Воқеият аммо он аст, ки зиндонӣ кардани ин азизон — ҳамон тавре, ки коршиносон ба он ишора кардаанд — сиёсӣ буд. Сойти “Ахбор” дар ҳамон гузориш навиштааст: “Боздошти даҳҳо ва маҳкум ба зиндон шудани чанд нафар аз таҳсилкардаҳои марокизи илмии Эрон дар ҳоле аст, ки равобити Тоҷикистону Эрон дар дастикам 5 соли ахир даврони пуртанишеро пушти сар мекунад. Душанбе Эронро ба ҳимоят аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муттаҳам мекунад ва мегӯяд, шарти аслии оддисозии равобит, даст кашидани Ҷумҳурии Исломӣ аз ҳимояти ҲНИТ аст.”
Дар гузориши “Ахбор” ҳамчунин омадааст: “Дар Эрон бар ин боваранд, ки Бобаки Занҷонӣ, милёрдери эронӣ, ки ба ҷурми дуздии пули нафт дар ин кишвар маҳкум шудааст, беш аз ду милёрд евро маблағеро, ки аз фурӯши нафт ба даст овардааст, ба эҳтимоли зиёд дар Тоҷикистон пинҳон карда ва Душанбе бояд ин пулҳоро бе чуну чаро ба Эрон баргардонад.”

Даъват ба озодии донишҷӯёни тоҷик
Дар таърихи 12 апрели соли 2021 дар сойти Радиои Озодӣ гузорише ба ин шарҳ мунташир шуд, ки “ҳештеги “Озодӣ ба донишҷӯёни тоҷик”, ки дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил кардаанд, тайи чанд рӯзи ахир миёни корбарони форсизабони шабакаи Твиттер машҳур шуд. Танҳо дар 7-уми апрел ин навиштаро тақрибан 11 ҳазор бор паҳн карданд.”

Дар ҳамин гузориш омада: “(Оятулло) Алиризо Аърофӣ, имоми ҷумъаи яке аз масоҷиди Қум (ва раиси ҳавзаҳои илмия дар Эрон), ҳангоми суханронӣ дар намози ҷумъа, аз “боздошт ва озору азияти ҷавонони таҳсилдидаи тоҷик дар Эрон” изҳори нигаронӣ кард.”
Дар гузорише дигар дар ин сойт дар таърихи 25 феврали соли 2021 омада: “Донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон аз вазири кишвар (умури дохилӣ)-и Эрон хостаанд, дар мулоқоташ бо мақомоти тоҷик масъалаи бозҷӯӣ ва боздошти донишҷӯёнеро матраҳ кунад, ки дар Ҷумҳурии Исломӣ таҳсил кардаанд. Онҳо гуфтаанд, беш аз 50 таҳсилкардаи Эрон дар Тоҷикистон боздошту бозпурсӣ ва бархе аз онҳо зиндонӣ шудаанд. Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ (вазири вақти кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон), ҳамин ҳафта (дар феврали 2021) баъди мулоқот бо мақомоти баландпояи Душанбе ба Теҳрон баргашт. Вазири эронӣ ва мақомоти тоҷик ба ин нома вокунише нишон надодаанд.”

Бар асоси ин гузориш, дар номаи донишҷӯёни муқими Эрон ба оқои Фазлӣ омадааст: “Беш аз 50 тан аз донишҷӯёни муқими Эрон пас аз бозгашт ба кишвар боздошт шуда, мавриди шиканҷаву бозҷӯӣ қарор гирифта, теъдоде аз онҳо озодии машрут гирифта ва теъдоде дигар ба ҷурмҳои мухталиф муттаҳам ва ба ҳабсҳои тулонӣ маҳкум шуданд.”
Дар гузориши Радиои Озодӣ дар таърихи 12 апрели 2021 ҳамчунин омада: “Наздикони донишҷӯёне, ки дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шудаанд, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки беш аз 20 нафар дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.”
Вақте кӯмак ба зиндониён ва хонаводаҳои онон ҷурм маҳсуб мешавад
Шуморе аз азизони боздоштшуда, илова бар “хиёнат ба Ватан”, ба хотири кӯмак ба зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳои онон низ маҳкум шуданд. Дар гузориши Радиои Озодӣ дар таърихи 24 декабри соли 2020 омадааст, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе се нафар аз донишҷӯёни тоҷики таҳсилдида дар Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҷурми “кӯмак ба хонаводаҳои зиндониёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” маҳкум кардааст.
Ба гузориши Радиои Озодӣ, наздикони Муҳаммад Соҳибназаров (фарзанди марҳум эшони Сайидзакариё) ва Баҳриддини Қурбон – ду нафар аз муттаҳамон — дар гуфтугӯ бо ин расона гуфтанд, ки додгоҳ ҳукми ин ду нафарро дар 18-уми декабр эълон кард, вале наздикони онҳоро ба толори додгоҳ роҳ надод.
Тибқи ин гузориш, дар он рӯз дар як муҳокимаи пӯшида се нафар маҳкум шуданд. Нафари севвум Асроруддин, писари домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҲНИТ аст, ки ба панҷ соли ҳабс маҳкум шудааст.
Резагул Розиқова, модари Асроруддин, ки додгоҳ ҳини эъломи ҳукм иҷоза надод, ӯ ба толори додгоҳ ворид шавад, дар 19-уми декабр (-и 2020) ба Радиои Озодӣ гуфт: “Писарамро беасос зиндонӣ карданд. Мо адвокат надоштем. Ба толор даромадан намонданд. Дар бораи он ки вакили медофеи давлатӣ дошт ё не, чизе намедонам.”

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар 10 июли соли равон (2020) аз Тоҷикистон хост, “Асроруддин Розиқовро фавран озод кунад” ва “дар заминаи боздошти худсарона таҳқиқот анҷом дода, масъулонро ба ҷавобгарӣ кашад”. Мақомот ин дархостро нодида гирифтанд.
Баёнияи КШНГЗС дар бораи боздошт ва зиндонӣ кардани ин азизон
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар таърихи 7-уми августи соли 2020 баёнияе дар хусуси ин боздоштҳои дастаҷамъӣ мунташир кард. Дар ин баёния, КШНГЗС зимни изҳори нигаронии амиқ, аз тамоми созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ ва низ корпусҳои дипломатии дар Тоҷикистон қарордошта талаб кард, ки “ба мақомоти тоҷик нисбат ба ин иқдомҳои ғайриинсонӣ ва ғайриқонуниашон ҳушдор диҳанд ва тақозои озодии боздоштшудаҳоро намоянд.”
Гуфтанӣ аст, додгоҳи ин донишҷӯён ба сурати махфӣ ва пушти дарбҳои баста баргузор шуд ва ҳеч кадом вакили мудофеъ надоштанд.
Феҳристи 19 нафар аз нухбаҳои зиндонии тоҷик ба шарҳи зерин аст:
1) Муҳаммад Соҳибназар: фарзанди марҳум Сайидзакариё Иброҳимӣ, аз ноҳияи Восеъ, соҳиби 3 фарзанд, маҳкум ба 6 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шудааст;

2) Хайруллоҳ Шарифов: соли таваллуд 1978, аз ноҳияи Ҳамадонӣ, соҳиби 3 фарзанд, фориғуттаҳсили ҳуқуқ, бозгашт ба Тоҷикистон соли 2015, маҳкум ба 12 сол зиндон, додгоҳи ӯ низ махфӣ баргузор шудааст;

3) Салоҳуддин Нуриддинов: соли таваллуд 1984, аз ноҳияи Данғара, соҳиби 3 фарзанд, бозгашт ба Тоҷикистон дар соли 2017, муҳассили доктории ирфони исломӣ, маҳкум ба 12 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шудааст;

4) Сайидмурод Обидов, фарзанди Сайиднуриддин, соли таваллуд 1970, аз ноҳияи Кӯлоб, соҳиби 4 фарзанд, фориғуттаҳсили доктории Қуръон ва ҳадис, бозгашт ба Тоҷикистон дар соли 2018, маҳкум ба 14 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шуда;

5) Мустафо Амруллоҳзода: соли таваллуд 1992, аз ноҳияи Ҳисор, соҳиби 2 фарзанд, фориғуттаҳсили риштаи фалсафа, бозгашт ба Тоҷикистон дар соли 2016, маҳкум ба 12 сол зиндон, додгоҳи ӯ ҳам махфӣ баргузор шудааст;

6) Муҳиддин Каримов: соҳиби 3 фарзанд, фориғуттаҳсили доктории риштаи улуми ҳадис, маҳкум ба 14 сол зиндон, додгоҳаш махфӣ баргузор шуда;

7) Зафар Ғафуров: аз ноҳияи Фархор, соҳиби 4 фарзанд, фориғуттаҳсили доктории риштаи улуми Қуръон, маҳкум ба 14 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шудааст;

8) Раҳим Иброҳимов: аз ноҳияи Восеъ, соҳиби 6 фарзанд, фориғуттаҳсили коршиносии аршади фалсафаи исломӣ, маҳкум ба 12 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шуда;

9) Баҳруддин Қурбон: фарзанди Муҳаммадраҷаб, аз ноҳияи Данғара, соҳиби 3 фарзанд, маҳкум ба 6 сол зиндон, додгоҳи ӯ ба сурати махфӣ баргузор шуда;

10) Руҳуллоҳ Қаландаров: соҳиби 4 фарзанд, фориғуттаҳсили коршиносии аршади улуми Қуръон, маҳкум ба 12 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шудааст;

11) Абдулвоҳид Мирзоев: соҳиби 2 фарзанд, фориғуттаҳсили коршиносии улуми Қуръон, маҳкум ба 12 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шуда;

12) Абдурраҳмон Холисов: соҳиби 4 фарзанд, фориғуттаҳсили коршиносии аршади риштаи фалсафаи исломӣ ва коршиносии забон ва адабиёти форсӣ ва мутахассиси тибби исломӣ, маҳкум ба 12 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шудааст;

13) Асроруддин Розиқов, фарзанди домулло Зубайдуллоҳ Розиқ: донишҷӯи коршиносии аршади Ҷомеатул-Мустафо (с), маҳкум ба 5 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ ва пушти дарҳои баста баргузор шуда;

14) Муҳаммад Тӯйчизод: маҳкум ба 12 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шуда;

15) Умед Қурбонов: додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шудааст;

16) Зайнулобидин Шамсуддинов: фориғуттаҳсили коршиносии аршад, имоми ҷумъаи собиқи яке аз масоҷиди ҷомеи атрофи шаҳри Душанбе, маҳкум ба 6 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шуда;

17) Сайидмуҳаммади Ғозӣ, фарзанди Эшони Қиёмуддини Ғозӣ: оиладор, коршиноси фалсафа ва ирфони исломӣ, маҳкум ба 25 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шуда.

18) Сайидҳасани Ғозӣ: фарзанди шаҳид Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, маҳкум ба 11 сол зиндон, додгоҳи ӯ махфӣ баргузор шуда.

Гуфтанӣ аст, ки падари Сайидмуҳаммад ва Сайидҳасан яъне Эшони Қиёмиддини Ғозӣ низ бо ҷурми “хиёнат ба Ватан” ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Рӯзи 19 майи соли 2019 дар ҷараёни ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат шаҳид гардида.
19) Саъдулло Ҳаётов, коршиноси аршади улуми исломӣ, оиладор. Ба 12 сол зиндон маҳкум шуда.

Раиси КШНГЗС: “Хиёнат ба Ватан ин аст, ки ту порае аз хоки кишваратро бифурӯшӣ”
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар гуфтугӯ бо сайти “Зиндониён”, бо табрики ҳулули моҳи мубораки Рамазон ба ҳамватанони азизи тоҷикистонӣ ва низ тамоми мусалмонони ҷаҳон, аз мардуми шарифи миллатамон хост, дар ин моҳ зиндониёни сиёсиро дар дуоҳои худ фаромӯш накунанд. Вай гуфт: “Дар ин моҳ Худованд ваъда додааст, ки дуои рӯзадоронро мустаҷоб мекунад, аз ин рӯ, барои зиндониёни сиёсӣ дуо кунанд, то ҳарчи зуд аз зиндонҳо озод ва ба оғӯши хонавода ва фарзандони худ баргарданд.”
Раиси КШНГЗС дар идома, хитоб ба мақомоти Тоҷикистон, бо баёни ин ки зиндонӣ кардани инсон ва озору шиканҷаи вай фақат ба хотири ин ки мухолифи назар ва мавзеъи раисиҷумҳур аст ҷоиз нест, гуфт: “Мо ба мақомоти тоҷик ва хусусан Эмомалӣ Раҳмон илтиҷо ва илтимос намекунем, ки хоҳиш менамоем, фалон корро кунед, балки тақозоямон аз ӯ ин аст, ки ба масъулияти қонунии худаш ҳамчун ҳокими кишвар амал кунад. Бинобар ин, дар ин моҳи шариф, аз Эмомалӣ Раҳмон тақозо мекунем, зиндониёни сиёсиро фавран озод кунад.”
Абдусаттор Бобоев бо ишора ба паёми Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани моҳи Рамазон баён дошт: “Эмомалӣ Раҳмон дар паёми рамазонии хеш гуфт, ки “дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову мӯҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд”. Озод кардани зиндониёни сиёсӣ, ки бе ҳеч гуноҳе аз озодӣ маҳрум шудаанд, бешак як амали солеҳ аст. Дастгириву навозиши фарзандони бепаноҳи ин зиндониён ба ин аст, ки падарони онҳоро озод кунад. Мо аз Раҳмон мехоҳем, ба гуфтаҳои худ амал кунад.”
Раиси КШНГЗС дар идома, бо ишора ба 19 нафар аз донишҷӯёни тоҷики зиндонишуда, бо таъкид бар ин ки “ин ҷавонон, ки бе ҳеч ҷурме барои солҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд ва додгоҳи онҳо бидуни вакили мудофеъ ва ҳатто бидуни ҳузури наздиконашон аз падару модар ва хоҳару бародаронашон баргузор гардидааст”, гуфт: “Бояд ҳама бидонанд, ки зиндонӣ кардани ин донишҷӯён сирф сиёсӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон пештар ба хотири бидеҳу бистонҳои иқтисодӣ бо як шаҳрванди эронӣ ба номи Бобаки Занҷонӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар зиндонӣ аст ва ҳамчунин бад шудани равобити сиёсиаш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дастур дод, то ин ҷавононро, ки дар Эрон таҳсил кардаанд, бидуни ҳеч гуноҳе боздошт ва зиндонӣ кунанд.”
Бобоев дар идома бо тарҳи ин суол, ки “агар равобити ту бо Эрон бад бошад, оё ҷавонони тоҷике, ки дар ин кишвар таҳсил дидаанд, зиндониашон кунӣ”, гуфт: “Ҷурмҳое, ки ба сари ин ҷавонон бор кардаанд низ аҷибу ғариб аст. “Хиёнат ба Ватан” яъне чӣ? Оё ин ҷавонон порае аз хоки сарзаминашонро ба касе фурӯхтаанд? Оё ин ҷавонон дар бонкҳо ва офшорҳои баъзе кишварҳо пулу сарвати Тоҷикистонро, ки ба мардумаш таъаллуқ дорад, гузоштаанд?”
Раиси КШНГЗС афзуд: “Хиёнат ба Ватан ин аст, ки ту порае аз хоки кишваратро эҳдо кунӣ, ҳамон тавр ки Раҳмон миқдоре аз хоки Бадахшонро ба Чин фурӯхт. Хиёнат ба Ватан ин аст, ки ту пулу сарвати Тоҷикистонро дар бонкҳо ва офшорҳои баъзе кишварҳои бегона нигаҳ дорӣ, ҳамон тавр ки Раҳмон ва домодҳояш мекунанд. Хиёнат ба Ватан ин аст, ки ту аз он чи дар Исфара мегузарад, ки қирғизҳо порае аз замини мо дар марзро тасарруф кунанд, чашм бипӯшӣ. Ин аст хиёнат ба Ватан.”
Вай дар идома бо ишора ба ин ки “ҷурме, ки ба мӯҷиби он баъзе аз ин ҷавонон маҳкум ба зиндон шудаанд, кӯмаки молӣ ба зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳои онҳо эълом шудааст”, гуфт: “Раҷоӣ (Муҳаммад Соҳибназар), Баҳруддин Қурбон ва Асрор (писари домулло Зубайдуллоҳ)-ро ба ин “ҷурм” ба зиндон фиристодаанд, ки онҳо ба зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳои онҳо кӯмаки пулӣ кардаанд.”

Бобоев афзуд: “Асрор писари домулло Зубайдуллоҳ аст. Кӯмак расондан ба падараш, ки дар зиндон аст вазифаи ӯст. Агар ӯ ба падараш кӯмак нарасонад, пас чӣ касе бояд ин корро кунад? Оё падараш аз ташнагӣ ва гуруснагӣ бимирад?”
Вай дар идома, бо тарҳи ин пурсиш, ки “мақомоти тоҷик оё аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон хабар доранд”, гуфт: “Ҳамин чанд рӯз пеш яке аз дӯстон, ки тоза аз зиндон дар Тоҷикистон озод шуд, номашро намеоварам, гуфт, ки асосан кулли зиндониҳо аз ҳисоби кӯмаке, ки аз берун мешавад, зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, агар дар ҳар моҳ ҳадди ақал 100 дулор ба дасти як зиндонӣ нарасад, ӯ мемирад. Зиндониҳо ҳатто ба кормандони зиндон барои ин ё он ниёзашон пул медиҳанд.”
Абдусаттор Бобоев дар идомаи гуфтугӯи худ баён дошт: “Бо интихоби Иброҳимӣ Раисӣ ба унвони раисиҷумҳури ҷадиди Эрон ва сафари вай ба Тоҷикистон, зоҳиран равобити ин кишвар бо Тоҷикистон дар ҳоли беҳбудӣ аст, ин хуб аст, аз масъулони ҷадиди ин кишвар тақозо мешавад, лоақал ҳарфе ба Раҳмон дар бораи ин донишҷӯён бизананд.”
Вай афзуд: “Масъулони ҷадиди имрӯзи Эрон дар замони Ҳасани Руҳонӣ дар баёноти худ аз саҳлангорҳои давлати Руҳонӣ роҷеъ ба донишҷӯёни тоҷик интиқод мекарданд. Инак, шумо дар раъси коред. Бисмиллоҳ, камар бандед, чизе монеъи шумо нест.”
Бобоев дар поён хотирнишон кард: “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ кори худро мекунад. Мо тамоми талоши худро барои азизони зиндонии худ, аз ҷумла ин 19 нафар аз донишҷӯён ба харҷ медиҳем, то озодашон кунем, чӣ масъулони ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон коре дар ин замина бикунанд ва чӣ ба хотири масолеҳу манофеъи сиёсии худ сукутро ихтиёр кунанд. Мо ба вазифаи худамон амал мекунем.”
#Ҳафтаи_донишҷӯёни_зиндонӣ
#Озодӣ_ба_донишҷӯёни_зиндонӣ
#Free_imprisoned_students
Добавить комментарий