“Парвандаи эронӣ”-и донишҷӯёни тоҷик

Анора Саркорова, рӯзноманигор

“Мардум ҳама баробаранд. Аммо бархеҳо аз дигарон бештар баробаранд.”

(Ҷорҷ Оруэл)

Соли 2020, як силсила мурофиаҳои ғайриаланӣ дар Тоҷикистон алайҳи 18 шаҳрванди Тоҷикистон — фориғуттаҳсилони марокизи омӯзишии Эрон — баргузор шуд; донишҷӯёне, ки мақомоти Тоҷикистон онҳоро ба “хиёнат ба Ватан”, нақзи қонуни истифода аз роёна ва кӯмак ба аъзои гурӯҳи “теруристӣ”-и дар кишвар мамнӯъ муттаҳам карданд.

Боздоштҳо, бозпурсиҳо ва мурофиаи онҳо дар пасзаминаи сард шудани равобити Душанбе ва Теҳрон сурат гирифт.

Тоҷикистон Эронро муттаҳам карда буд, ки аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) — ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст — ҳимоят мекунад ва Эрон низ ба навбаи худ аз мақомоти Тоҷикистон барои бозгардондани 2 милёрд евро кӯмак хоста буд. Маболиғе, ки ба гуфтаи мақомоти эронӣ, милёрдер Бобаки Занҷонӣ эҳтимол дорад, дар Тоҷикистон пинҳон кардааст.

Анора Саркорова, рӯзноманигори маъруфи тоҷик аст. Ӯ фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1997 мебошад. Анора Саркорова аз соли 1995 то 1996 ба унвони сардабири барномаи “Диалог”-и радиои ҷавонони Ҷумҳури Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1997 то 2003 дар бахши тоҷикии радио ва телевизиони “Мир” машғул ба кор буда. Дар солҳои 1997-1998 дар “Вместе” – барномаи кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ (СНГ), Тоҷикистонро намояндагӣ мекард. Ӯ 18 сол ба унвони хабарнигор дар шабакаи ВВС русӣ дар Тоҷикистон кор кардааст. Дар сентябри 2017, Вазорати умури хориҷа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эътибори ӯро пасгирифтанд ва ӯро аз кор дар расонаҳои хориҷӣ манъ карданд. Маҳрумият аз эътибор ва манъ кардани ӯ аз кор, ба мавзеъи усулӣ ва фаъолиятҳои рӯзноманигории Анора Саркорова марбут будааст.

Мақомоти ду кишвар муддати тӯлонӣ талош карданд, тарафи муқобил он чиро аз ӯ хоста шудааст иҷро кунад, вале кор фаротар аз табодули ҳарфу ҳадис нарафт.

Билохира, Тоҷикистон тасмим гирифт, Эронро муҷозот кунад. Хуб, чӣ гуна? Бо боздошти тоҷикистониҳои таҳсилдида дар Эрон ва фориғуттаҳсилони марокизи омӯзишии ин кишвар. Ҳукумати Тоҷикистон ин донишҷӯёнро ба яке аз сангинтарини ҷиноёт — “хиёнат ба Ватан” муттаҳам кард.

Дар воқеъ аммо, ин ҷавонон қурбонии кашмакаши бузурги сиёсии сиёсатмадорони тоҷик ва Эрон гардиданд.

Мурофиаи онҳо бидуни ҳузури наздиконашон ва пушти дарҳои баста баргузор шуд.

Бисёре аз маҳкумон ҳатто вакили дифоъ ҳам надоштанд ва ҳамагӣ иттиҳомоти ворида ба худро қотеъона рад ва гуфтанд, ки ҳангоми таҳқиқ мавриди золимонатарин шиканҷаҳо ва рафторҳои ғайриинсонии ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон қарор гирифтанд.

Наздикони ин маҳкумон мегӯянд, бо вуҷуди гузашти ду сол аз поёни додгоҳ, ҳанӯз ҳукми додгоҳ дар дасти онҳо нест. Ҳамчунин шавоҳиде мабнӣ бар ҷинояткор будани зиндониён ба онҳо ироа нашуд.

Донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон бо муроҷиа ба мақомоти расмии он кишвар, хостори тарҳи мавзӯъи боздошт ва бозҷӯии ғайриқонунии донишҷӯёни шоғил ба таҳсил дар Эрон шуданд.

Фаъолони ҳуқуқи башарӣ ин иттиҳомот ва аҳкоми додгоҳро беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.

Лозим ба зикр аст, тамоми маҳкумон билофосила пас аз итмоми таҳсил дар Эрон, ба кишвари худ яъне Тоҷикистон бозгашта буданд.

Феҳристи ин донишҷӯён ба шарҳи зерин аст:

1) Муҳаммад Соҳибназар, фарзанди марҳум Сайидзакариё Иброҳимӣ, аз ноҳияи Восеъ, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд. Ӯ ба иттиҳоми кӯмак ба аъзои гурӯҳи мамнӯъ дар Тоҷикистон (ҲНИТ) ба 6 сол зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи вай пушти дарҳои баста баргузор шудааст;

2) Хайруллоҳ Шарифов, мутаваллиди соли 1978, аз ноҳияи Ҳамдонӣ, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд. Ӯ фориғуттаҳсили ҳуқуқ аст. Хайруллоҳ дар соли 2015 ба ватан бозгашта. Ӯ ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи вай пушти дарҳои баста баргузор шуда;

3) Салоҳуддин Нуруддинов, мутаваллиди соли 1984, аз ноҳияи Данғара, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд. Ӯ дар соли 2017 ба Тоҷикистон бозгашта. Фориғуттаҳсили докторӣ ва ирфони исломӣ. Салоҳуддин ба 12 сол маҳкум шуд. Додгоҳи ӯ низ пушти дарҳои баста баргузор шуда;

4) Сайидмурод Обидов, фарзанди Сайиднуруддин, мутаваллиди соли 1970, аз шаҳри Кӯлоб, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд. Сайидмурод доктори улуми қуръонӣ ва ҳадис аст. Ӯ дар соли 2018 ба Тоҷикистон бозгашта. Сайидмурод ба 14 сол зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи вай пушти дарҳои баста баргузор шуда;

5) Мустафо Амруллоҳзода, мутаваллиди соли 1992, аз ноҳияи Ҳисор, оиладор ва соҳиби 2 фарзанд. Ӯ фориғуттаҳсили риштаи фалсафа аст. Мустафо соли 2016 ба ватан бозгашта. Ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста баргузор шуда;

6) Муҳиддин Каримов, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд. Доктори улуми ҳадисӣ. Вай ба 14 сол зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста баргузор шуда;

7) Зафар Ғафуров, аз ноҳияи Фархор, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, фориғуттаҳсили доктории улуми қуръонӣ. Зафар ба 14 сол зиндон маҳкум шуда. Додгоҳи вай пушти дарҳои баста баргузор шуда;

8) Раҳим Иброҳимов, аз ноҳияи Восеъ, оиладор ва соҳиби 6 фарзанд, коршиноси фалсафаи исломӣ. Раҳим ба 12 сол зиндон маҳкум шуда. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста баргузор шуда;

9) Баҳруддин Қурбон, аз ноҳияи Данғара, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд. Ба 6 сол зиндон маҳкум шуда. Додгоҳи вай пушти дарҳои баста баргузор шуда;

10) Руҳуллоҳ Қаландаров, коршиноси аршади улуми қуръонӣ, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд. Ба 12 сол зиндон маҳкум шуда. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста баргузор шуда;

11) Абдулвоҳид Мирзоев, фориғуттаҳсили риштаи улуми қуръонӣ, оиладор ва соҳиби 2 фарзанд. Ба 12 сол зиндон маҳкум шуда. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста баргузор шуда;

12) Абдурраҳмон Холисов, коршиноси аршади фалсафаи исломӣ, мутахассиси забон ва адабиёти форсӣ, ҳамчунин коршиноси тибби исломӣ, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд. Ба 12 сол зиндон маҳкум шуда. Додгоҳи вай пушти дарҳои баста баргузор шуда;

13) Асроруддин Розиқов, писари домулло Зубайдуллоҳ Розиқ, ки аз раҳбарони ҲНИТ аст. Асроруддин коршиноси аршад аст. Ба 5 сол зиндон маҳкум шуда. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста баргузор шуда;

14) Муҳаммад Тӯйчизод, маҳкум ба 12 сол зиндон. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста баргузор шуда.

15) Умед Қурбонов. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста баргузор шуда. Бастагонаш аз ҷузъиёти парванда ва иттиҳомоти вай иттилоъе надоранд.

16) Зайнулбидин Шамсуддинов, коршиноси аршад, имоми собиқи масҷиде дар шаҳри Душанбе. Ба 6 сол зиндон маҳкум шуда. Додгоҳи вай пушти дарҳои баста баргузор шуда;

17) Сайидмуҳаммади Ғозӣ, фарзанди Эшон Қиёмуддини Ғозӣ. Вай коршиноси фалсафа ва ирфони исломӣ аст. Ба 13 сол зиндон маҳкум шуда. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста баргузор шуда.

Гуфтанӣ аст, Эшони Қиёмуддини Ғозӣ низ ба иттиҳоми “хиёнат ба Ватан” ба 25 сол зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ дар ҷараёни “ошӯб” дар зиндони шаҳри Ваҳдат дар 19 майи соли 2019 кушта шуда буд.

18) Сайидҳасани Ғозӣ, фарзанди Эшони Қиёмуддини Ғозӣ, маҳкум ба 11 сол зиндон. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста баргузор шудааст.

Шахсан барои ман, ваҳшатноктарин чиз ё агар дуруст таъбир кунам, фоҷеабортарин чиз дар таърихи нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ин беназоратӣ ва саҳлангории мутлақи мақомоти тоҷик аст, ки сукут ва бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба он ва он чи дар кишвар мегузарад, онҳоро ҷареътар карда.

Тоҷикистон барои Ғарб, ки ин кишварро минтақаи нуфуз ва ҳаёти хилвати Русия медонад, чандон мавриди таваҷҷӯҳ нест. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо кӯмакҳои молӣ ва низомии азимеро ба Душанбе мекунанд ва аз ин рӯ онҳо ба мавзӯъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар аҳаммият намедиҳанд, ғофил аз ин ки ҳукумати Тоҷикистон ин молҳо ва кӯмакҳои низомиро алайҳи мардуми худаш ба кор мебарад.

Русия, ки зомини аслии амнияти режими феълӣ дар Тоҷикистон аст, аз равия ва равиши ҳокимони тоҷик комилан розӣ аст ва аз ин рӯ барояш ҷиноятҳои мақомоти тоҷик аслан мавриди таваҷҷӯҳ нест.

Барои ҳоким ва мақомоти Тоҷикистон аммо, ин тасвири тираву тор ва зарофатҳои жеупулитикӣ ба хубӣ дарк шудааст ва солҳост, ки Душанбе аз он суистифода мекунад ва бо итимнон ва оромиши комил даст ба анвоъи ҷиноятҳо мезанад бидуни он ки муҷозот шавад.

Ҷорҷ Оруэл дуруст гуфта мисли ҳамеша. Бо иқтибос ба суханони вай мехоҳам арз кунам: “Мардум ҳама баробаранд. Аммо бархеҳо аз дигарон бештар баробаранд.”

Манбаъ: Сафҳаи Анора Саркорова дар Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: