Баёнияи КШНГЗС нисбат ба ҳукми ноодилонаи Шоҳида Маҳмадҷонова

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷоновро, ки бо номи “Абдураҳмон 09” блогерӣ мекунад, ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин идомаи даҳшатфиканиҳои режими Душанбе аст, ки бори дигар ниҳояти бераҳмии ҳукуматро нишон дод. Модареро барои фаъолиятҳои писари болиғаш, ки чандин сол аст дар берун аз Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунад, боздошт ва зиндонӣ кардан шояд дар ҷаҳони муосир назир надошта бошад. Ин амалкарди ҳукумат обрӯи бе ин ҳам хеле костаи ин ҳукуматро дар назди созмонҳои ҳуқуқи башар боз ҳам поёнтар хоҳад бурд ва назди ҷомеаи ҷаҳонӣ шармандагие барои ин ҳукумат эҷод хоҳад кард.

Гуноҳи ин модари мазлум танҳо ин аст, ки ӯ як модар аст; модари як блогер, ки афкораш мавриди писанди ҳукумат нест. Ӯ дигар ҳеч гуноҳе накардааст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) боздошт ва ҳабси ин модари мазлумро бадтарин сатҳи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шуморида, шадидан маҳкумаш мекунад.

Инчунин КШНГЗСТ шарҳи судиҷрочиён ба мардумро нисбати айбномаҳое, ки бо он Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум кардаанд талаб менамояд. Додситон Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба он айбдор намудааст, ки аз “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ютуб ҷонибдорӣ карда, дар зери видеоҳои писараш, “Абдураҳмон 09” ва “Ислоҳ+” шарҳ навиштааст.

КШНГЗС аз ҳукумати Тоҷикистон қотеъона талаб мекунад, ки Шоҳида Маҳмадҷоноваро фавран озод кунад, то аз бори ин шармандагӣ халос шавад.

Ҳамчунин аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ хоҳиш мекунем, ки дар қазияи Шоҳида Маҳмадҷонова, ки комилан ғайриқонунӣ аст вокуниш кунанд ва озодии фаврии ӯро тақозо намоянд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

07.04.2022

Варшава, Поланд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: