Мавҷуда Соҳибназарова бо ишора ба дархости 7 сол зиндон аз сӯи айбдоркунандаи давлатӣ барои Шоҳида Маҳмадҷонова ба хотири навиштани шарҳи кӯтоҳ дар зери навори суханони писараш (Абдураҳмон 09) дар YouTube ва низ зери навори “Ислоҳ+” дар ин шабака, гуфтааст: “Агар додгоҳ дар Тоҷикистон барои ин ду шарҳи навиштааш 7 сол хоста бошад, воқеан ҳам “крокодил” дар Тоҷикистон мепарад.” Вай афзуда: “Дар ҳоле, ки ин Зан-Модар мунтазири ҳукми додгоҳ аст, хабарнигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии мо дунболи ҳарфи бечораи “ъ” мегарданд ва касе аз ин модар ёд намекунад, пас, магар марги ин миллат наздик нест?”
Ба гузориши Радиои Озодӣ, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷоновро, ки бо номи “Абдураҳмон 09” дар хориҷ аз Тоҷикистон блогерӣ мекунад, ба 6 соли зиндон маҳкум кард.
Пештар намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки ӯро 7 сол маҳкум ба зиндон кунанд.
Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик ва узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни тоҷик (КШНГЗС), дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, дар ин хусус навишта:
“Ин Зан-Модар дуздӣ накардааст, ба амнияти кишвар халал ворид накардааст, даъват ба сарнагунии ҳокимият накардааст. Мисли мансабдорони тоҷик пули буҷаро надуздидааст. Ҷавонмардони тоҷикро сарсону саргардон ва беватан накардааст. Кӯдакони тоҷикро зиндаятим ва хушҳолиро аз чеҳраашон надуздидааст. Занони тоҷикро ба “мардикорбозор” нарондааст. Ширкати “Барқи трҷик”-ро ба гирдоби муфлисӣ тела надодааст ва пули барқи аҳолӣ барои худаш қасру кушк насохтааст. Корхонаҳоро шахсӣ накардааст. Заминҳои мардумро кашида нагирифтааст. Ришва надодааст ва ришва наситондааст. То 18 солагии фарзандаш боре ҳам барои вайрон намудани қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Фарзандаш дар тарабхонаву клубҳои шабона бадмастӣ ва занозанӣ накардааст. Бо мошин чанд нафарро пахш накардааст. Модар барои амалҳои фарзандаш “120” сомонӣ ҷарима нашудааст.”
Ин фаъоли сиёсии тоҷик дар идома бо баёни ин ки “гуноҳи ин зан фақат як чиз будааст, он ҳам аз рӯи мақоли “Дӯст гӯяд табарвор” амал карда, барои ислоҳи камбудиҳо шарҳ навиштааст”, тасреҳ карда: “Агар додгоҳ дар Тоҷикистон барои ин ду шарҳи навиштааш 7 сол хоста бошад, воқеан ҳам “крокодил”дар Тоҷикистон мепарад.”
Соҳибназарова дар поёни ёддошти худ, бо ишора ба сукути ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик дар ин бора навишта: “Дар ҳоле, ки ин Зан-Модар мунтазири ҳукми додгоҳ аст, хабарнигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии мо дунболи ҳарфи бечораи “ъ” мегарданд ва касе аз ин модар ёд намекунад. Пас, магар марги ин миллат наздик нест?”
Гуфтанист, Мавҷуда Соҳибназарова пештар бо навиштани як номаи саркушода ҳамроҳ бо шуморе аз бонувони тоҷик ба Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Дастгоҳи иҷроии вай, бо таъкид бар ин ки онҳо ба Зан-Модар будани Озода Раҳмон ҳанӯз бовар ва яқин доранд, ки ӯ “пеш аз ҳама ва қабл аз он ки Роҳбари Дастгоҳи падараш ва духтари Эмомалӣ Раҳмон бошад, як Зан-Модар аст”, аз ӯ тақозо кардаанд, ба парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова шахсан дахолат ва пеши роҳи зиндонӣ шудани ин бонуро бигирад.

Соҳибназарова дар гуфтугӯ бо шабакаи ВВС-форсӣ, дар бораи чароии навиштани нома ба Озода Раҳмон, гуфта буд: “Мо хостем, ҳам ӯро (Озодаро) табрик бигӯем ва ҳам таваққӯъ дорем, як армуғон ва тӯҳфае аз сӯи ӯ дар ин рӯз шавад ва ӯ дахолат кунад ва Шоҳида Маҳмадҷонова озод гардад.” Вай афзуд: “Мо ба Озода Раҳмон на ба ин унвон, ки ӯ раиси Дастгоҳи иҷроияии президент ва як сиёсатмадор аст нома навиштаем, балки ба унвони як Зан-Модар, ки қоъидатан бояд эҳсоси Зан-Модар будан дар ӯ ҳаст ва бояд Зан-Модар буданро дарк ва ламс кунад, ба ӯ муроҷиат кардем.”
Намояндаи додситонӣ дар мурофиа Маҳмадҷоноваро ба он муттаҳам кард, ки аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тарафдорӣ карда, дар Ютуб дар зери навори писараш “Абдураҳмон 09” ва ҳам як навори “Ислоҳ+” муқобили сохтори давлатӣ дар Тоҷикистон шарҳ навиштааст.
Бар асоси гузориши сайти Бомдод, блогер Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф бо тахаллуси Абдураҳмон 09, ки чанд сол боз дар Олмон ба сар мебарад ва бо видеоҳояш дар мавзӯи манъи сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон ном баровардааст, парвандаи модарашро бо фаъолиятҳои худ рабт медиҳад ва мегӯяд, барояш гуфтаанд, ки агар ӯ қатъи фаъолияти блогерӣ кунад ва ба Тоҷикистон баргардад, модарашро раҳо хоҳанд кард.
Шоҳида Маҳмадҷонова, ки дар бемористони шаҳри Ваҳдат ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ кор мекард, дар аввали моҳи январи соли 2020 аз кор ронда шуд. Масъулони бемористон он вақт гуфтанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова ариза навишта, “бо хоҳиши худаш” аз кор рафтааст. Вале худи ӯ гуфт, қабл аз барканорӣ чанд дафъа барои бозпурсӣ ба шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуд ва сардухтури бемористон низ рӯирост барояш гуфтааст, ки бо хоҳиши худаш ариза нависад, зеро “бачаатон муқобили ҳукумат гап задааст. Чунин қонун аст, ки дар корхонаи давлатӣ кор кардани шумо мумкин нест.”
Добавить комментарий