Сахт нест ин воқеиятро одам бифаҳмад, ки чӣ балое ба сари ин зани бечора овардаанд!

Анора Саркорова, рӯзноманигор

Додгоҳи ноҳияе дар Душанбе Шоҳида Маҳмадҷоноваи 45-соларо ба 6 соли зиндон маҳкум карда. Додгоҳ ӯро ба ҳимоят аз ақидаҳои гурӯҳҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон — “Гурӯҳи-24” ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ҲНИТ) муттаҳам кардааст.

Бар асоси моддаҳои парвандаи ӯ, Шоҳида Маҳмадҷонова дар соли 2021 ду маротиба зери навори блогнависони мухолифи тоҷик дар YouTube шарҳе интиқодӣ аз мақомоти Тоҷикистон навишта.

Додрас шарҳи ӯ нисбат ба раҳбарияти кишварро таҳқиромез арзёбӣ карда.

Зан ба “гуноҳаш” иқрор ва аз кирдораш “тавба” кардааст.

Сахт нест ин воқеиятро одам бифаҳмад, ки чӣ балое ба сари ин зани бечора овардаанд ва чӣ фишорҳое бар ӯ ворид кардаанд вақте ӯ ба “гуноҳи” худ ба хотири сухан гуфтанаш дар бораи бемаънигии низом иқрор мекунад.

Шоҳида Маҳмадҷонова ҳамчунин изҳор дошта, ки шарҳи ӯ аз рӯи эҳсосот пас аз хабари барканории бародараш ба далели афкори писари блогераш, ки ошкоро аз мақомоти Тоҷикистон интиқод мекунад, навишта шудааст.

Бародари Шоҳида ва аҳли оилааш корашонро аз даст дода ва дар як ҳолати бисёр вазнини молиявӣ қарор гирифтанд. Ин сабаби аксуламали зан буд.

6 сол зиндон барои ду шарҳ, барои баёни як андешаи хусусӣ.

Шахсан барои ман, ваҳшатноктарин чиз ё агар дуруст таъбир кунам, фоҷеабортарин чиз дар таърихи нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ин беназоратӣ ва саҳлангории мутлақи мақомоти тоҷик аст, ки сукут ва бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба он ва он чи дар кишвар мегузарад, онҳоро ҷареътар карда.

Тоҷикистон барои Ғарб, ки ин кишварро минтақаи нуфуз ва ҳаёти хилвати Русия медонад, чандон мавриди таваҷҷӯҳ нест. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо кӯмакҳои молӣ ва низомии азимеро ба Душанбе мекунанд ва аз ин рӯ онҳо ба мавзӯъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар аҳаммият намедиҳанд, ғофил аз ин ки ҳукумати Тоҷикистон ин молҳо ва кӯмакҳои низомиро алайҳи мардуми худаш ба кор мебарад.

Русия, ки зомини аслии амнияти режими феълӣ дар Тоҷикистон аст, аз равия ва равиши ҳокимони тоҷик комилан розӣ аст ва аз ин рӯ барояш ҷиноятҳои мақомоти тоҷик аслан мавриди таваҷҷӯҳ нест.

Барои ҳоким ва мақомоти Тоҷикистон аммо, ин тасвири тираву тор ва зарофатҳои жеупулитикӣ ба хубӣ дарк шудааст ва солҳост, ки Душанбе аз он суистифода мекунад ва бо итимнон ва оромиши комил даст ба анвоъи ҷиноятҳо мезанад бидуни он ки муҷозот шавад.

Манбаъ: Сафҳаи Анора Саркорова дар Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: