Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ гуфтааст, ҳарчанд бо суханони писари Шоҳида Маҳмадҷонова (Шерзод) дар саҳифаҳои интернет мухолиф аст, аммо бо ин ҳама ҳукм барои ин модарро “қасос мешуморад” ва ба гуфаи ӯ, “мақомот он чиро бо писараш карда натавонистанд, бо модараш карданд ва мутаасифона ин як фарҳанги роиҷ дар низоми Тоҷикистон аст.”
Вай дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо ишора ба маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷонова ба 6 сол зиндон аз сӯи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои ду шарҳи танқидиаш, бо баёни ин ки “бо он чи писари ин зан, Шерзод Маҳмадҷонов, дар саҳифаҳои интернетиаш мекунад, мухолифам ва аз мухлисони чунин блогерҳо набудаму намешавам, чунки нигоштаҳои ӯ ба куллӣ аз фаҳмиши ман аз дину ойину ахлоқ фарқ мекунанд ва бароям кифоя буд ду навори ӯро тамошо кунам ва дигар ба гуфторҳои ӯ барнагардам”, гуфтааст: “Аммо ӯро таҳаммул мекунам ва ба қонунҳое, ки ҳаққи ӯро дар мавриди гуфтору кирдор ва ақида ҳимоят мекунанд, эҳтиром мегузорам.”
Ин рӯзноманигор дар идома, бо баёни ин ки Шерзод “як инсони болиғ ва тавонманд аст, ки барои аъмолаш ҷавоб гӯяд ва аз модараш қасос гирифтан ноҷавонмардист”, тасреҳ карда: “Бар тибқи қонун ҳам чунин аст, ки ҳар болиғ барои кирдораш фақат худаш бояд ҷавоб диҳад.”
Рустами Ҷонӣ дар идома ҳукми додгоҳ барои ин занро як навъ қасос дониста ва гуфтааст: “Мақомот он чиро бо писараш карда натавонистанд, бо модараш карданд. Мутаасифона ин як фарҳанги роиҷ дар низоми Тоҷикистон аст.”
Вай афзуда: “Намегӯям, ки рафтори ғайриқонунист. Чунки ҳукумат ҳар аъмоли ношоистаро ба қонун “рост” карда, даҳҳо ваҷҳ аз ин дастуроти “ ғайриҳуқуқӣ” пеш меоварад. Муҳтавои ин ду шарҳро намедонам, аммо аз ҳукми ҷазо тахмин мезанам, ин модар онҷо ҳақиқати худро нигошта, чунки ҳукумат ҳоло фақат ба ҳақиқат ва воқеият чунин вокуниши шадид нишон медиҳад.”
Ин рӯзноманигор бо ишора ба ин ки “худи Шоҳида Маҳмадҷонова “гуноҳ”-ашро эътироф ва изҳори пушаймонӣ карда ва гуфтааст, ки аз сари эҳсос шарҳ навиштааст”, хотирнишон кардааст: “Ба гуфти Маҳмадҷонова, ҳукумат барои блогерии писари ӯ бародарашро аз кор ронд ва ӯву фарзандонаш аз нони даҳан монданд. Ӯро ин вазъ хело нигарон кард ва аз эҳсоси масъулият шарҳ навишт. Вазъи ин зан барои кулли дигарандешон ошност. Чунки ақрабои онҳо чунин фишору таъқибҳоро зиёд дидаанд ва мебинанд.”
Рустами Ҷонӣ дар идома бо таъкид бар ин ки “мо аз ин “изҳору иқрор” зиёд дидаем ва медонем мақомот бо кадом найрангу фиреб онҳоро ба даст меоранд”, гуфта: “Гоҳе, мутаасифона, дар ин кор адвокатҳо ҳам кӯмак мекунанд. Гумонбарҳоро мутмаин созанд, ки “эътирофи гуноҳ ва пушаймонӣ” сабукӣ меорад. Дар асл, ин як найранги додситонҳо ва судяҳост. Ҳаминҳо як ваҷҳи асосӣ барои ҳукм мешаванд ва ҳама норасоиҳои тафтишотро рӯпӯш мекунанд.”
Вай дар поёни ёддошти худ, бо ишора ба ин ки ҳукми ин бону ҳанӯз ниҳоӣ нест ва “мурофиаҳои дигар дар пеш аст ва кашмакашҳои низом бо модаре давом хоҳанд дошт”, тасреҳ кардааст: “Ҳанӯз дар ин гуна мурофиаҳо бегуноҳе ғолиб наомадаст.”
Добавить комментарий