Ба муносибати Ҳафтаи Шобудин Бадалов
Дар пайи мармузона нопадид шудани Шобудин Бадалов, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви “Гурӯҳи 24” дар Русия дар оғози сентябри соли 2020, мақомоти Тоҷикистон аввал ба вуҷуди Шобудин Бадалов дар Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ карданд. Сипас, бо гузашти чанд рӯз, замоне, ки нопадид шудани ин фаъоли тоҷик дар Русия ба сурати васеъ расонаӣ шуд, ночор шуданд, бигӯянд, ӯ ба ихтиёри худ ва ба пойи худаш ба Тоҷикистон баргашта. Ва саранҷом вақте маълум шуд, Бадалов дар Тоҷикистон ба 9 сол зиндон маҳкум шудааст, мисли равшании хуршед ҳувайдо гардид, ки Шобудин Бадалов ба далели мавзеъҳои сиёсиаш, тавассути мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ва бо ҳамкории ҳамтоёни онҳо дар Русия аз ин кишвар рабуда ва ба Тоҷикистон оварда шуда ва ба 9 сол зиндон маҳкум гардидааст.

Шобудин Бадалов кист?
Бадалов Шобуддин Шамсудинович, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви ҳаракати “Гурӯҳи 24”, 4 ноябри соли 1982 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зода ва бузург шудааст. Вай маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи рақами 7 зодгоҳаш ва олиро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дарёфт кардааст. Ӯ дар шаҳри Нижний Новгороди Русия ба унвони муҳоҷири корӣ зиндагӣ мекард ва аз августи соли 2019 мақоми паноҳандагӣ дар ин кишварро дошт.

Тибқи гузориши сайти “Ахбор” дар таърихи 2 сентябри 2020, Шобудин Бадалов ба гуфтаи фаъолони “Гӯрӯҳи 24” субҳи 1 сентябри 2020 дар манзили зисташ дар шаҳри Нижний Новгороди Русия боздошт шуд. Бар асоси баёнияи “Гурӯҳи 24” дар ин хусус, чанд корманди пулис худро кормандони шӯъбаи 5-уми РВКД муаррифӣ карда, Бадаловро дастгир ва бо мошини пулис бо худ бурдаанд. Бар асоси ин гузориш, макони нигоҳдории ӯ номаълум аст.
“Гурӯҳи 24” дар баёнияи худ дар ҳамин таърих, боздошти Шобудин Бадаловро ба фаъолиятҳои сиёсии оппозитсионии ӯ рабт дод ва баён дошт, боздошти вай бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст. Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”, гуфт, ба иттилои дарёфтии онҳо, Бадаловро маъмурони ВКД-и Тоҷикистон боздошт ва шоми 1-уми сентябр ба Душанбе бурдаанд.

Бар асоси гузориши сайти Радиои Озодӣ дар таърихи 3 сентябри 2020, масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябри 2020 истирдоди Шобудин Бадалов аз Русия ба Душанберо рад карданд. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо чунин ному насаб касеро ба Тоҷикистон наовардаанд. Вай гуфт: “Дар боздоштгоҳҳои вазорат касе бо чунин ном нигаҳдорӣ намешавад. Агар шахсони таҳти ҷустуҷӯ боздошт ва ба Тоҷикистон супорида шаванд, ҳатман дар сомонаамон хабар медиҳем.”
Тибқи ин гузориш, ниҳодҳои дигари қудратии Тоҷикистон дар бораи қазияи Шобудин Бадалов изҳори назар накардаанд.
Аммо Шобуддин Бадалов дар воқеъ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Аҷиб ин ки Вазорати корҳои дохилаи Русия низ истирдоди вайро рад ва иддао кард, ки Шобудин Бадалов ба ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргаштааст. Тибқи гузориши сайти ParsToday дар таърихи 5 октябри 2020, Вазорати корҳои дохилаи Русия дар посух ба дархости вакили мудофеи Шобудин Бадалов эълом кард, ки дар бозгашти Шобудин ба Тоҷикистон нақше надоштааст. Вазорати корҳои дохилаи Русия иддао кард, Шобудин Бадалов худ аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Душанбе парвоз кардааст.
Дилшод Шарифов, масъули бахши иттилооти “Гурӯҳи 24” рӯзи 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Вазорати корҳои дохилии Русия дар посухи катбӣ ба номаи вакили мудофеи онҳо оид ба сарнавишти номаълуми Шобуддин Бадалов посух дода гуфтааст, ки Бадалов рӯзи 1-уми сентябр аз фурудгоҳи Домодедово ба Тоҷикистон парвоз кардааст.

Пикетҳои эътирозӣ ба дунболи нопадидшавии Шобуддин Бадалов
Ба гузориши сайти “Аздо” дар таърихи 5 октябри 2020, шуморе аз фаъолони тоҷикистонӣ аз ҷумла Алим Шерзамонов — узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон, Муаззама Қодирова – ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик ва низ шуморе аз фаъолони “Гурӯҳи 24”, дар назди сафоратхонаҳои Русия ва кишварҳои аврупоӣ ва Амрико дар Варшаваи Лаҳистон, пикети эътирозӣ баргузор намуда ва хостори равшан шудани сарнавишти Шобудин Бадалов шуданд.
Дар шаҳри Лондони Британия ва Берлини Олмон низ гурӯҳе аз тоҷикистониён назди сафоратхонаҳои Русия пикети эътирозӣ барпо намуданд.

Муаззама Қодирова дар як гуфтугӯ бо “Аздо” гуфт, тибқи маълумоти ба дастомада, Шобудин ҳатто телефони мобилиашро аз хона нагирифта ва тамоми либосҳояш низ ҳамонҷо мебошад, ки эҳтимоли ихтиёран рафтани ӯро ботил мекунад.

Баёнияи КШНГЗС ба дунболи нопадид шудани Шобудин Бадалов
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар таърихи 9 сентябри 2020 бо интишори баёнияе, нигаронии амиқи худро аз нопадид шудани Шобудин Бадалов изҳор ва бархӯрди ғайриқонунии ниҳодҳои қудратии Русия бо вайро маҳкум кард.
КШНГЗС дар ин баёния, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон дархост кард, то бетарафии худро дар ин гуна мавридҳои ғайриқонунӣ нигаҳ доранд ва барои решакан кардани чунин падидаҳои ногувор талош намоянд.
Бадалов аз кадом замон мавриди таваҷҷӯҳи ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон қарор гирифт?
Шобудин Бадалов дар таърихи 9 майи 2020 ҳамроҳ бо узви дигари “Гурӯҳи 24” Раҳматҷони Маҳмад, дар майдони Сурх дар маркази шаҳри Маскав ҳангоми ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар паради 75-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ин шаҳр, пикети эътирозӣ баргузор намуданд ва дар таърихи 24 июни 2020 аз сӯи мақомоти интизомии Русия боздошт шуданд.
Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ибтидо ин дуро ба иттиҳоми “муқовимат ба кормандони пулис” ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум ва ба иттиҳоми “вайрон кардани тартиби баргузории пикети эътирозӣ” ҳар кадомро ба маблағи 15 ҳазор рубл ҷарима баст. Онҳо дар 9 июли 2020 баъди адои 15 рӯзи ҳабсашон озод шуданд.

Вале дубора ҳар дуро дар назди дарвозаи боздоштгоҳ дастгир ва ҳамон додгоҳи ноҳияи Твер дар 10 июли 2020 онҳоро ин бор ба иттиҳоми “намоиши рамзҳои фашистӣ” ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Шобудин Бадалов ва Раҳматҷони Маҳмад дар 24 июли 2020 пурра озод шуданд.
Маркази хабарӣ-таҳлилии русии “Сова” дар 3 августи 2020 дар гузорише таҳти унвони “Иқдомҳои зидди ифротгароии ғайриқонунӣ дар июли 2020”, боздошти Шобудин Бадалов ва Маҳмадҷон Раҳматов ба иттиҳоми “намоиши рамзҳои фашистӣ”-ро ғайриқонунӣ донист ва хотирнишон кард: “Мо боздошти Раҳматҷонов ва Бадаловро ғайриқонунӣ медонем, зеро пикети эътирозии ин ду нафар (на барои таблиғи рамзҳои фашистӣ, балки баръакс) барои нишон додани ин буд, ки фашизм идеологияи ғайриқобили қабул аст.”

Вақте маълум мешавад, Шобудин Бадалов дар Русия тавассути мақомоти тоҷик рабуда шудааст
Дар гузориши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2020 – ки дар сайти сафорат ин кишвар дар Тоҷикистон низ омада – аз рабуда шудани Шобудин Бадалов дар Русия ба шиддат интиқод шуда. Дар ин гузориш аз ҷумла омада:
“Дар моҳи сентябр як узви ҳаракати мамнӯи “Гурӯҳи 24” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз аъзои он Шобудин Бадалов дар Русия дастгир ва маҷбуран ба ватан интиқол дода шуд, ки эҳтимол дорад вай дар онҷо мавриди шиканҷа қарор дорад.”
Гузориш афзуда: “Дар робита ба ин қазия на мақомоти Русия ва на мақомоти Тоҷикистон изҳороти расмӣ содир накарданд. Дар посух ба пурсуҷӯ, ҳукумат тасдиқ кард, ки Бадалов ҳангоми расиданаш ба Тоҷикистон боздошт шудааст ва парванда алайҳи ӯ барои “ба роҳ мондани фаъолияти созмони экстремистӣ” дар марҳилаи тафтишоти тосудӣ қарор дорад. Ӯ дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешавад.”

Бадалов дар Тоҷикистон ба 9 сол зиндон маҳкум шуд
Дар гузориши сайти “Бомдод” дар таърихи 13 октябри 2021 омадааст, бино ба иттилои дарёфтӣ, Шобудин Бадалов, фаъоли “Гурӯҳи 24”, ки дар аввали сентябри соли 2020 аз шаҳри Нижний Новгороди Русия ба таври мармуз ғайб зада буд, дар Тоҷикистон ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар “Гурӯҳи 24” гуфтанд, ки аз маҳкум шудани Бадалов дар Тоҷикистон хабар доранд, вале мушаххасоти ҳукми ӯро ҳанӯз ба даст наовардаанд.
Аз рӯи маълумоти ба мо расида, то имрӯз мақомоти Тоҷикистон оиди Шобудин Бадалов ягон хабари расмӣ нашр накардаанд, на аз боздошташ, на аз додгоҳаш ва на аз ҳукмаш.
Танҳо чизе, ки маълум аст, додгоҳ Шобудин Бадаловро ба 9 сол равонаи зиндон кардааст. Суд паси дарҳои баста ва махфӣ гузашта, ки ҳатто наздиконаш баъдан хабардор шуданд. Ба гумони ғолиб, Бадалов адвокат ҳам надошта.
Ҳоло дар зиндони Хуҷанд қарор дорад ва соли пеш бемор гардида ва дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд ҷарроҳӣ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон наздикони ин зиндонии сиёсиро он қадар зери фишори сахт нигоҳ медоранд, ки касе омода нест, дар борааш ҳарфе бигӯяд.
#Ҳафтаи_Шобудин_Бадалов
#Озодӣ_ба_Шобудин_Бадалов
#Свободу_Шобудину_Бадалову
#Free_Shobudin_Badalov
Добавить комментарий