Модар

Зафари Сӯфӣ

Ба ҳар далел ва баҳонае, ки бошад, пас аз чанд моҳ дар боздошт нигоҳ доштани ин Модар ҳоло барои шаш сол зиндонӣ карданаш як фоҷеа аст.

Фоҷеаи миллӣ, ки бар асари сукути ҳар яки мо рӯз аз рӯз густараву доманааш фарохтар ва умқаш жарфтару даҳшатноктар мешавад.

Гӯё иқрори ӯ ба “ҷурми худ”, ки дар ҳолати асабоният ду шарҳе дар куҷое навиштааст, ба ҳеч ваҷҳ нишони адолат дар судури ҳукми додгоҳ нест. Балки ин “иқрор” ҷуз шармсорӣ ва бадномӣ барои мақомоти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва низоми додгоҳии вобаста, фасодзада, ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқии ӯ ба бор нахоҳад овард. Онҳо барои ҳамешаи торих лаккаи нанг бар пешонӣ хоҳанд дошт.

Ҳамзамон ин рафтори ғайриқонунии мақомот ҳушдорест ба ҳар шаҳрванди кишвар, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳамаи қонун, арзишҳо ва муқаддасотро ошкоро зери по кардаанд. Дигар ҳамаи хатҳои қирмизро гузаштаанд.

Агар вокуниш намекунед, пас, шумо ҳам, ҳоло ҳар касе ҳастед ва дар ҳар мавқеъе қарор доред, шарики ин ҷинояти зиддибашарӣ хоҳед буд.

Шояд дидгоҳу суханрониҳои фарзандашро аксарият хуш надоранд. Шахсан ман аз дидгоҳи ин ҷавонак аслан хушам намеояд. Вале ин далел намешавад, ки дар баробари беадолатӣ ва зулм нисбати хонавода, падару модар ва ҳатто шахси ӯ бетараф бошам. Ин бешарафӣ мебуд.

Бояд дар назар гирифт, ки амали фарзандаш бидуни дахолати ӯ анҷом шудаву мешавад. Пас чиро бояд Модарро боздошт, азият ва зиндонӣ кунанд?

Шояд фарзанди ӯ ҷинояте ҳам содир карда бошад. Инро бояд додгоҳи одил бар пояи далелу санадҳои мувассақ собит кунад.

Аммо бояд фаромӯш накард, ки ӯ як фарди болиғ аст ва тибқи қонун барои амалҳояш худаш бояд ҷавоб гуяд. Рафтори ӯ ба падару модараш ҳеч иртиботе надорад. Ба ҷои фарзанд боздошт, зиндонӣ ва азияту шиканҷа кардани Модар ва Падар ваҳшоният ва фақат мутобиқ ба расму оини чингизӣ аст. Ин як тӯда чингизсифат ва чингиззода имрӯз бар арикаи қудрат дар Тоҷикистон такя задаву бар ин боваранд, ки мешавад бо русуми чингизӣ ҳамеша ҳукмрон буд ва ҳар ғалате дилашон хоҳад анҷом хоҳанд дод. Аммо ҳатман рӯз ва лаҳзаи бозпурсӣ фаро хоҳад расид!

Ҳоло ҳар инсони озода ва ҳар фарде, ки Модари худро дӯст медорад, ба муқаддас будани Модар бовар дорад, бояд ба ҳар роҳи мумкин аз ҳукумати кишвар талаб кунад, ки Шоҳида Муҳаммадҷоноваро озод кунанд.

Номуси ҳар як Модари тоҷик, номуси ҳар як Зани тоҷик, бидуни ҳеч шак, номуси ҳамаи миллат аст!

Номуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зертобеъони бешарафи ӯ!

Аз нафрини миллат битарсед!

Даст аз номуси миллат бардоред!

Шоҳида Муҳаммадҷоноваро озод кунед!

Зафари Сӯфӣ: Ин навишта чанд моҳ пеш иншо ва дар ҳамин барга нашр шуда буд. Бо андак таҳрир бознашраш мекунам. Зеро мебинам мушкилоти мо ҳамчунон бетағйир, дардҳои мо ҳамчунон куҳнаи нав ва беадолатиҳо нисбати мардум аз сӯйи ҳукумат ҳамчунон бетағйир боқӣ монда, балки бештар шуда. Барои навиштани матлабе такрорӣ аз он ҳама вазъу дарду мушкилоти такрорӣ дигар ҳавсалае намонда. Беш аз ин, навиштаи куҳнаро дархӯр ва ифодагари ҳоли имрӯз ёфтам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: