Номаи саркушода ба СММ, САҲА ва кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон ва гурӯҳи тамос

Ба сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ): Дабири кулл, Шӯрои амният, Котиботи додгоҳи байналмилалӣ,

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА),

Кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон ва гурӯҳи тамос: Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Русия, Эрон ва Афғонистон.

Олиҷанобон!

Бо арзи дуруди бепоён!

Худ огоҳед, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аст. Аз қабули чанд пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла “Даҳсолаи байналмилаии амалиёти “Об барои ҳаёт” ва низ чанд пешниҳод дар мавриди ба эътидол овардани авзоъи Афғонистон, узви мӯътабари ин созмон будани Тоҷикистон бармеояд.

Ҳадафи мо аз иншои ин нома собит намудани узви СММ будан ё набудани кишвари мо нест. Нигаронии мо аз ҷои дигар аст, ки ба навиштани ин нома водорамон кардааст.

Дар июни соли 1997 бо миёнҷигарии СММ ва кишварҳои дар унвонии ин нома зикргардида, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид ва баъди ин раванд ба тадриҷ дар кишвари ҷангзадаи мо оромӣ барқарор шуд.

СММ барои ҳалли қазияи сулҳ дар Тоҷикистон, дар он солҳо дипломатҳои сатҳи олӣ ва фиристодагони вижаи Дабири кулли ССМ дар Тоҷикистон ба мисли ҷанобон Левиу Бота, Исмат Киттанӣ, Рамиро Перис Баллон, Дарко Шилович, Иво Петров, Ян Кубиш, Герд Дитрих Меррем, Владимир Сотиров ва инчунин роҳбарони ҳайати нозирони низомӣ Ҳасан Аббаза, Болислав Изидорчик, Тенгку Ариффрин ва Ҷон Хвидегардро фиристод, ки халқи тоҷик то имрӯз аз хадамоти онҳо ба некӣ ёд мекунанд. Ин афрод то кунун дар навиштаҳову дар суханрониҳои донишгоҳии худ ва низ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ аз таҷрибаи сулҳ миёни тоҷикон дар шахси Эмомалӣ Раҳмон ва марҳум Сайид Абдуллоҳ Нурӣ мегӯянд.

Чанд сол қабл Эмомалӣ Раҳмон чандин афроди хориҷии дар сулҳи тоҷикон нақшдоштаро бо ордену медалҳои кишвар сарфароз гардонид. Сайид Абдуллоҳ Нурӣ низ дар он шумор бо ордени “Зарринтоҷ”, дараҷаи аввал сарфароз гардонида шуд.

Аммо бо гузашти солҳо ҳукумати Тоҷикистон дар шахси Эмомалӣ Раҳмон ба нукоти аслии ин “Созишнома” ангушти рад гузошта ва хидматҳои дигаронро ошкоро нодида гирифт ва ба таври шармандавор “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон”-ро бо исми худ сабт кард.

Оё дар ягон ҷанг ва дар ягон моҷарои хунин тарафи сулҳ фақат як нафар шуда метавонад? Агар чунин имконе вуҷуд дошта бошад, пурсида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷанге, ки худ яке аз сарони тарафҳои даргир буд, бо чӣ касу бо чӣ тарафе музокираи сулҳу оштиро анҷом дода ва бо чӣ касе санади онро имзо гузоштааст?

Эмомалӣ Раҳмон инак ошкоро баён мекунад, ки сулҳро бо тарафи дигари даргирӣ, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо сарварии Саид Абдуллоҳ Нурӣ буд, имзо накардааст.

Пас бо кӣ ӯ ин сулҳро бастааст?

Моҳияти аслии номаи мо ҳоло посух ёфтан ба ин суолҳо нест.

СММ чанд пешниҳоде, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ироа шуда буд, мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод, аммо ҷониби Тоҷикистон ҳар пешниҳоде, ки аз ҷониби СММ ба Тоҷикистон шуда, ошкоро сарфи назар мекунад.

Масалан, чанд сол пеш ба СММ қазияи 13 узви аршади ҲНИТ ворид шуда буд, ки бо ҷурмҳои сохта зиндонӣ шуда буданд. Баъди омӯхтани парвандаи ин афрод, СММ ба натиҷае расид, ки онҳо бегуноҳ зиндонӣ шудаанд ва бояд ҳар чӣ зудтар озод шаванд. Ҳукумати Тоҷикистон ба ин пешниҳод эътиное накард.

Ҳамчунин қазияи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ва адвокат Бузургмеҳр Ёров мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумат қарор нагирифт. Нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз гузашта бештар шуда, шиканҷаву таъқибу таҳқир рӯ ба афзоиш аст.

Чанд сол пеш СММ талош карда буд, ки гурезаҳои иҷбории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад. Имрӯз фирори шаҳрвандон аз сарзамини модарӣ бештар шудааст. Шаҳрвандон аз тарси зиндон шудан ва таъқибу шиканҷа нашудан ба кишварҳои дигар кӯч мебанданд. Таъқибу фишор рӯи мухолифони тоҷик зиёд шуда, дар зиндонҳо дигар ҷой нест. Масалан, аз худи хонавода ва наздикони Сайид Абдуллоҳ Нурӣ, ки Шумо онро ба унвони як ҷониби сулҳи тоҷикон ёд мекунед, наздик ба 10 нафар бо ҷурмҳои сохта ба солҳои тӯлонӣ аз 8 сол то 23 сол зиндонӣ шудаанд. Чандин нафар аз аъзои ин хонавода аз ҷумла ҳамсару фарзандони Нурӣ тарки Тоҷикистон карда, дар дигар кишварҳо ба ҳайси паноҳанда зиндагӣ мекунанд ва хонаву манзили истиқоматии онҳо дар шаҳри Душанбе аз тарафи мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуда ва барои онҳое аз ин хонадон, ки дар Тоҷикистон мондаанд иҷозати фаъолияти тиҷоратӣ ҳам барояшон надоданд ва тиҷораташонро низ манъ намудаанд. Онҳое ҳар рӯз мавриди таъқибу фишор ва озору азияти мақомот қарор мегиранд. Ҳар ҳодисае, ки дар кишвар сар мезанад, ҳукумат пойи наздикони Сайид Абдуллоҳ Нуриро, ки барои ҳифзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ роҳи падарашон марҳум Нуриро идома додаанд, дар он дидан мехоҳад.

Чанд сол пеш бародарзодаи марҳум Нурӣ, Нусратулло Саидовро бо гумони ҳамкорӣ бо ДОИШ боздошт ва равонаи зиндон карданд. Баъдтар бегуноҳ буданаш исбот шуд.

Ин тарзи бархӯрди мақомоти Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо наздикону пайвандони Нурӣ як навъ паёмест ба хонавода ва фарзандони Нурӣ, то аз наздик шудан бо мухолифон ва фаъолиятҳои сиёсӣ анҷом додан дур бошанд.

Агар чанд сол пеш мақомот нафарони барои худ нописандро бо иттиҳоми бофта, мисли узви ДОИШ будан, зиндонӣ мекард, ҳоло иттиҳоми бофтаеро бо номи ”аз хориҷа пул гирифтан” сохтааст, ки бо он хешу табори мухолифони дар хориҷ бударо зиндонӣ мекунанд.

Танҳо дар моҳи феврал ва марти соли 2022 се нафар аз бастагони Сайид Абдуллоҳ Нурӣ — Нусратулло Саидов, Муҳибулло Нуриддинов ва Нурулло Саидов бо ин баҳона ва иттиҳом боздошт шуда, дар боздоштгоҳ мунтазири ҳукми додгоҳанд. Як нафар аз ин хонавода ҳам бо гумони “кӯмак ба хонаводаҳои ниёзманд ва маъюб” боздошт шудааст.

Ба ин ҳам қаноат накарда, ҳар рӯзу ҳар замон, ки хоҳанд, занону кӯдакони ин хонаводаро ба идораи пулис ва амният даъват намуда, аз субҳ то шом мавриди фишору бозпурсӣ қарор медиҳанд. Гуноҳашон ҳам ин аст, ки пайвандони марҳум Сайид Абдуллоҳ Нурӣ, як ҷониби сулҳи тоҷикон ҳастанд.

Ин ҳама таъқибу фишорҳо, боздошту бозҷӯйиҳо ва зиндонӣ карданҳо нисбати наздикони Нурӣ ангезаҳои сиёсӣ дошт, аммо баъд аз он ки писари аршади Нурӣ, Муҳаммадҷон Нурӣ — ки феълан дар хориҷ аз Тоҷикистон дар Фаронса зиндагӣ мекунад — ба унвони муовини раиси Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон интихоб шуд, ба авҷи аъло расид.

Нуктаи дигар, ки боиси нигаронии мо шуда, ба таври бесобиқа ва бешумор фиристодани гумоштаҳои амнияти Тоҷикистон ба кишварҳои ғарбӣ — Омрико ва ғайра — аз дунболи паноҳандагону интиқодгарони режим аст.

Ҳукумат ва кумитаи амнияти он барои мушаххас кардани ҷои буду боши паноҳандагони кишварҳои урупоӣ, аз вуҷуди донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин кишварҳо таҳсил мекунанд, истифода мебарад. Ин донишҷӯён бо баҳонаи ҷашнгирии Наврӯз, Иди Парчам, Рӯзи Президент ва ғайра ба сафоратхонаҳо ва консулгариҳо даъват шуда ва аз онҳо маълумот дар бораи паноҳандагон гирифта мешавад.

Ҷои нигаронист, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ин васила мушаххас карда, ки беш аз 5 000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои урупоӣ зиндагӣ мекунанд ва тамоми хонаводаҳои онҳо, наздиконашон, падару модаронашон як ба як пурсишу тафтиш ва таҳдид карда шудаанд.

Мо аз СММ ва ҳамаи кумитаву созмонҳо ва роҳбарони кишварҳо, ки дар оғози ин нома аз онҳо ёд кардем, мехоҳем, ки вазъи Тоҷикистон дар пайи ҳаводиси рӯйдодҳои охири ҷаҳон ба соя наравад. СММ боистӣ, ҳар пешниҳоду номаеро, ки нисбати нақзи ҳуқуқи инсонҳо ба Тоҷикистон карда, пайгирӣ намояд ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба посухгӯӣ водор созад.

Талаб дорем, ки бо дахолати СММ ва кишварҳои зидахл дар “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон”, комиссияе тартиб ёбад ва вазъи зиндониёну далоили зиндонӣ шудани онҳо баррасӣ гардад ва афроде, ки бегуноҳии онҳо аз ҷониби СММ таъйид шудааст, бо ин дахолати қотеъ, озод карда шаванд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

11 апрели соли 2022

Варшава, Поланд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: