“Пеш аз он ки ба гиребони дигарон бинӣ халонӣ, аввал ганди гиребони худ бибӯй!”

Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ дар вокуниш ба “дастур”-и Алишер Мирзонаботов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мабнӣ бар “чораҷӯйӣ” нисбат ба “шахсоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти беасос паҳн мекунанд”, бо баёни ин ки “дар ҳақиқат паҳн кардани маълумоти дурӯғ ҷиноят аст”, навишта, ки ҳамчунин пеши роҳи иттилооти ростро гирифтан ва пинҳон кардани он низ ҷиноят аст. Ӯ сипас бо тарҳи ин суол, ки оё “ягон кас барои чаҳор моҳ бидуни интернет мондани Помир ҷазо гирифт?”, хитоб ба Мирзонаботов гуфтааст: “Пеш аз он ки ба гиребони дигарон бинӣ халонӣ, аввал ганди гиребони худ бибӯй!”

Матни пурраи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:

Алишер Мирзонабот, раиси вилояти мухтори Бадахшон гуфтааст: “Шахсоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти беасос паҳн мекунанд, нисбаташон дар асоси Қонунҳои Тоҷикистон чораҷӯйӣ хоҳад шуд.”

Аз ӯ мепурсам?

Раисоне, ки ҳар рӯз аз телевизор дурӯғ мепарокананд чӣ? Нисбати онҳо низ қонун кор хоҳад кард ё на?

Раисе, ки бидуни исботи гуноҳ даҳҳо сокини вилоятро ҷинояткор меномаду авбош ва бо ин кирдор қонун не, сарқонунро поймол мекунад, ба мукофоти амал мерасад?

Шахсе, ки боиси ҳалокати шаҳрвандон дар майдони марказии шаҳри Хоруғ шуд чӣ?

Афсар ё сарбозе, ки кӯдаки роҳгузарро парронд магар боздошт шуд?

Додситоне, ки бо истифода аз мақом ба зане дар ивази иҷрои кор пешниҳоди ғайриахлоқӣ кард дар кадом гӯшаи зиндон аст?

Нисбати чанд амниятие, ки пеши чашми мардум Гулбиддин Зиёбековро ваҳшиёна ва намоишкорона қатл карданд, ба қавли Шумо “ чораҷӯйӣ” шуд?

Бидуни шак ҳар кӣ қонунро риоя накард бояд ҷазо гирад.

Аммо..

-Шарти адолат, баробарии ҳама дар назди қонун, риоя шавад.

— Қонун василаи шикори дигарандешон ва чеҳраҳои нохушоянд ба мақомот набояд бошад.

Дар ҳақиқат “паҳн кардани маълумоти дурӯғ” ҷиноят аст, инчунин пеши иттилооти ростро гирифтан ва пинҳон кардани он низ.

Ягон кас барои чаҳор моҳ бидуни интернет мондани Помир ҷазо гирифт?

Мирзонаботов!

Пеш аз онки ба гиребони дигарон бини халонӣ аввал ганди гиребони худ бибӯй!

Ин ҳама даъво аз қонун боз як василаи аз байн бурдани “норавоён” аст. Шумо барои таги куни худ болишти нарм таҳия мекунед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: