Шобудин Бадалов, фаъоли сиёсии тоҷик, ки ҳамакнун режими Раҳмон ӯро ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст, дар таърихи 28 июли соли 2020 баъд аз озод шуданаш аз ҳабси муваққатӣ дар Русия дар ҳамон таърих, ёддоште бисёр пурмазмун дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишта. Ӯ дар ин ёддошт, бо тақдиру ташаккур аз ҳамаи касоне, ки барои озодии ӯ ва ҳамроҳонаш талош ва дуо карданд, бо баёни ин ки “агар мо ба таърихи муборизон аз замони паёмбарон то имрӯз назар афканем, онҳо ҳама зери азобу машаққат ва зиндонию муҳоҷир буданд”, хотирнишон кардааст: “Имрӯз мо ба мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ чеҳраи диктотури замони худро ошкор кардем ва расонидем, ки дар кишвари мо низ як диктотури қотил ва роҳзан ҳоким аст. Имрӯзҳо ҳазорон шаҳрвандони худашро ин диктотур ба экстремизму терроризм муттаҳам кардааст.” Вай афзуда: “Мо ба тамоми сохторҳои ҳукуматии Русия ва дигар кишварҳо паёми худро расонидем, ки мо экстремисту террорист нестем. Мо ин режими худкомаи оилавиро қабул надорем. Мо ин қонунҳои аҳмақона ва сарқонуни таҷовузшудаи ин диктотурро қабул надорем.”
Матни пурраи ёддошти Шобудин Бадалов ба шарҳи зерин аст:
“Сипос ва ташаккурии худро ба созмонҳо ва расонаҳое, ки дар қазияи боздошти мо бетараф набуданд баён мекунам. Ҳамчунин сипосу ташаккур ба дӯстон ва ҳамватаноне, ки дар ҳаққи мо дуъогӯ будед.
Чуноне, ки таърих гувоҳӣ медиҳад, дар ҳамаи асру замон ҳокимону роҳбарони золим вуҷуд доштанд. Дар тӯли ҳазорсолаҳо чандин фиръавнҳои замон болои мардум зулму ситамро пеш гирифтагӣ ҳастанд ва билохира баъди зулму ситами зиёд аз байни мардуми оддӣ нафароне пайдо шуданд, ки бар зидди ин фиръавнҳои замони худ мубориза бурданд ва онҳоро аз байн бурданд.
Агар мо ба таърихи муборизон аз замони паёмбарон то имрӯз назар афканем, онҳо ҳама зери азобу машаққат ва зиндонию муҳоҷир буданд. Агар ба таърихи ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом назар кунем, Мӯсо алайҳиссалом ҳам муҳоҷир ва дур аз зодгоҳаш буд. Бо амри Худованд бар зидди фиръавни золими замони худ мобориза мебурд ва билохира золими асри худро аз байн бурд.
Таърихи пайёмбар Муҳаммад Саллалоҳу алайҳи салламро назар кунем, чӣ зулмҳо, азобҳову машаққатҳо болои расули Худо Саллаллоҳу алайҳи ва саллам карда буданд ва ӯ маҷбур шуд, тарки зодгоҳаш кунад ва муборизаи худро идома диҳад. Ва билохира Ватани худро аз дасти фиръавнҳои замони худ озод кард.
Ва ин роҳи мубориза бар сари ҳар як фарди мубориз мусибатҳову машаққатҳои зиёд меоварад. Ин роҳ зиндонӣ шудану қурбониҳо дорад.
Агар мо таърихи на он қадар дурро назар кунем, муборизони машҳур Че Гевара ва Фидел Кастроро дар Мехико соли 1956 боздошт карда буданд ва онҳо баъд аз як моҳ озод шуданду муборизаи худро идома доданд ва билохира диктотури замони худро аз байн бурданд.
Мисоли дигар, собиқ президентии Африқои ҷанубӣ Нелсон Мандела тӯли 28 сол зиндонӣ буд, аммо рӯҳафтода нашуд, муборизаи худро идома дод, билохира пирӯз шуд.
Ва имрӯз мо ба мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ чеҳраи диктотури замони худро ошкор кардем ва расонидем, ки дар кишвари мо низ як диктотури қотил ва роҳзан ҳоким аст. Имрӯзҳо ҳазорон шаҳрвандони худашро ин диктотур ба экстремизму терроризм муттаҳам кардааст. Мо ба тамоми сохторҳои ҳукуматии Русия ва дигар кишварҳо паёми худро расонидем, ки мо экстремисту террорист нестем. Мо ин режими худкомаи оилавиро қабул надорем. Мо ин қонунҳои аҳмақона ва сарқонуни таҷовузшудаи ин диктотурро қабул надорем.
Нафароне, ки дар Федератсияи Русия ҳастед, мо бояд занҷирҳои тарси худро шиканем ва бар зидди ин золим бархезем. Ягона роҳи наҷот аз ин зулмат ва хориву муҳоҷирӣ ин сарҷаъмии мову шумо ва нобуд сохтани диктотур Раҳмонов ва режимаш мебошад. Вагарна дар ҳар гӯшаву канори олам мо миллати тоҷикро қатл мекунанд ва мӯҳри экстримисту террористро бар гардани мо бор мекунанд. Солҳои пешин мо бо номи Ҷамшуду Равшан машҳур будем ва дар ҳар як гӯшаву канори Русия боздошт ва латукӯб мешудем. Имрӯзҳо бошад ё зиндонӣ мешавем ва ё дар рӯзи равшан қатламон мекунанд.
Бо ташаббусҳои “хирадмандонаи” диктотур Раҳмонов имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар пасттарин шароит қарор дорад.
Гуфтаниҳо бисёр аст, аммо намехоҳам вақти шуморо дар мақолаи дурудароз масраф кунам.
Бори дигар сипос ва ташаккури бепоён.
Бо умеди пирӯзӣ”
#Ҳафтаи_Шобудин_Бадалов
#Озодӣ_ба_Шобудин_Бадалов
#Свободу_Шобудину_Бадалову
#Free_Shobudin_Badalov