Раҳмон бояд бидонад, ки бо зиндонӣ кардани Шобудин, наметавонад фарҳанги сукут ва хомӯширо дар ҷомеа ниҳодина кунад – 14 ёддошти тааммулбарангези Шобудин Бадалов дар Фейсбук

Баъд аз бознашри ёддошти зиндонии сиёсӣ, Шобудин Бадалов таҳти унвони “Мо экстремисту террорист нестем!“ дар сайти “Зиндониён”, дирӯз яке аз “дилсӯзон” дар паёме бароямон навишт, ки набояд суханони Шобудин, ки қаблан алайҳи режими Раҳмон навишта, бознашр шаванд, зеро – ба бовари ин “дилсӯз” – ӯро дар зиндон сахттар азобу шиканҷа мекунанд.

Дар посух ба “дилсӯзиҳои” ин одам бояд гуфт, Раҳмон ва дунболаравонаш дақиқан ҳаминро мехоҳанд, ки касе алайҳи Раҳмон мавзеъ нагирад. Режими Раҳмон барои ин манзур, роҳҳои мухталиферо пеша карда. Яке ин ки ин паёмро ба ҳамаи мо мерасонад, ки агар диламон ба фалон одам месӯзад, набояд суханони вай бознашр шаванд, ки дар сурати бознашр, он зиндонӣ мавриди азобу шиканҷа қарор мегирад. Ва ё худи шумо – ки дар ҳоли ҳозир масалан дар Аврупо ҳастед – набояд алайҳи Раҳмон ва режимаш матлаб бикоред, ки наздикон ва бастагонатон дар дохили кишвар мавриди озору азият қарор мегиранд ва агар мехоҳед, чунин нашавад, пас сукутро ихтиёр кунед.

Раҳмон дақиқан бо ҳамин роҳ мехоҳад, даҳони мардумро бибандад. Ин девор бояд шикаста шавад. Он кас, ки дар зиндон аст, бе ин ҳам мавриди озору азият аст. Агар ҳамаи мо, бидуни истисно, мавзеъ бигирем ва корамонро бикунем, дар ин сурат, имкон надорад, Раҳмон масалан як миллион шаҳрвандро муҷозот кунад.

Бинобар ин, ҳама бояд даст ба кор шаванд. Девори тарс бояд шикаста шавад ва Раҳмон ва дунболаравонаш бояд бидонанд, ки бо зиндонӣ кардани Шобудин ва амсоли ӯ, наметавонанд фарҳанги сукут ва хомӯширо дар ҷомеа ниҳодина кунанд.

Дар зер, 14 ёддошти Шобудин Бадалов, ки воқеан тааммулбарангез ҳастанд оварда мешавад:

1) 28 августи 2020: “Падар модар, зан фарзанд, инҳо муваққатӣ ҳастанд, аз байн мераванд. Аммо ватан, миллат, дин, фарҳанг муваққатӣ нестанд. Нагузорем, як тӯдаи пойлуч ватану миллату дину фарҳанги моро аз байн бибаранд.”

2) 23 августи 2020: ”Диктотурҳо аввал шарманда мешаванд, баъд сарнагун мешаванд. Дар ин шакке надорам.”

3) 8 августи 2020: “Ҳар ки нон аз амали хеш хӯрад, минат аз “Пешвои” муъазам набарад.”

4) 5 августи 2020: “Зодрӯз муборак, бародари мубориз ва ҳамсангар Rahmatjoni Mahmad!”

5) 19 июляи 2020: “Сипос ва ташаккур ба занҳои шуҷоъ! Шуҷоъати шумо ғайрати мост!”

6) 12 июни 2020: 

Ҳикоят

Дар яке аз кишварҳои дури олам як подшоҳ тӯли 28 сол подшоҳӣ мекард. Ва ҳар касе аз ӯ норозигӣ мекард, ӯро ба шукрона ё ба таҳдид ё ба зиндон ё ба қатл (водор) мекард. Рӯзе аз рӯзҳо дар тамоми олам як тоъун болои мардум омад. Аз он бемории тоъун тамоми халқ дар таҳлука афтода буд. Мардуми ҳамон кишвар бозорҳоро фаро гирифтанд, дунболи харидани орду равғану тушка шуданд. Баъд якчанд муддат моҳи мубораки Рамазон омад, чунки дар он кишвар 97 фисадаш мусалмоннишин буданд. Ҳатто подшоҳ ҳам чор маротиба хонаи Худоро хабар гирифта буд. Подшоҳ мардумашро тавсия дод, ки дар тамоми рӯи олам бемории тоъун омадааст. Ин беморӣ бисёртар ба нафароне, ки кам менӯшанду мехӯранд, сироят мекунад. Ва ҳатто оятҳо ва ҳадисҳоро далел ба мардуми кишвараш овард, ки рӯзаро ба ягон рӯзи дигар гузоред ва ҳоло бошад вақти кор аст, ба киштукор машғул шавед.

Баъд моҳи мубораки Рамазон тамом шуд. Боз дубора ба мардум тавсия дод, ки нонро кам истеъмол кунед, нон инсонро фарбеҳ мекунанд, фарбеҳӣ метавонад ба ҳар касалҳо дучор кунад.

Баъди якчанд рӯз боз подшоҳ ба тамоми мардум фармон дод, ки дусола захира кунед!

Аз он кишвари подшоҳӣ тақрибан ду миллион шаҳрвандаш аз дасти зулмҳои ӯ муҳоҷиру гурезаву дар бадари ҳар гӯшаву канори олам шудаанд.

7) 12 июни 2020

#Ин_мақоларо_30.01.2020_навишта_будам.

Хитоб ба Кумитаи танзим ва анъана

Хуб ҳамаи мову шумо медонем, ки дар Тоҷикистон як кумита аст номаш танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо. Ва нафароне туй ё хайре дар хонаҳои худ мекунанд, ин кумита рафта онҳоро ҷаримаҳои дандоншикан мекунад.

Ва тӯли якчанд моҳ шуд як гурӯҳ дар шаҳри Душанбе гӯё артисту масхарабоз ҳастанд хайр мекунад ва садҳо таксиҳоро даъват мекунанду навор мекунад. Аммо дар онҷо на кумитаи танзиму анъана пайдо мешавад на корманди пулис. Сабаб дар чист?

Дар пушти ин бозиҳо якчанд нафари оилаи Раҳмонов истодааст.

Яке бо рекламаи таксиҳо ва дигаре ба намоиш додани кӯчаву хиёбонҳои Душанбе.

Бигузор ин нафар хайр кунад, хайр кардан кори беҳтарини уммати ислом аст. Аммо дар инҷо як сухани дигаро ҳам илова карданд. Суханҳои пешвои миллат “матываца” медодаасту баъд дунболи хайру саховат шуданд.

Шояд нафароне пайдо шавад пуштибонӣ аз ӯ нафар кунанд. Бигузор пуштибонӣ кунанд. Суоли матраҳ ин аст, ки (ба ҷои) садҳо таксиро ҷамъ кардан ва ба онҳо пул додан, намешуд пуле дар таксиҳо дода? Мешуд ҳазорон сомониро ба як камбағалу фақир хайр мекардед?

Ман ба Кумитаи танзиму анъана хитоб мекунам, ки бас аст! Дастони фасодзадаатонро аз болои мардум гиред! Ва ин кумита куллан аз байн бурда шавад.

Як нафар тӯю хурсандӣ мекунад. Барои ӯ зиёда аз чор мошин иҷозат набудаасту нафаре хайр мекунад бо гуфти худашон ҳазорон мошинро ҷамъ мекунанд?!

Ба ин кумита бояд ба қавли Бег Сабуров, “публично” ин масъаларо шарҳ диҳад.

Мунтазири ҷавобҳои Кумитаи танзиму анъана ҳастем!

8) 9 июни 2020: 

Ду рӯз пеш ин акси рӯзро гузошта будам.

Баъзан нафароне ҳастанд, ки дидгоҳашон тамоман дар дараҷаи сифр аст.

Дар замонҳои пеш шоирон бузургони мо воқеъияти замони худро бо номҳои ҳайвонот қисса ё ин ки шеъру ғазал менавиштанд.

Аз он ҷумла шоири тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ китобе дорад бо номи “Калила ва Димна”. Аз он ҷумла шоири мушфиқ Убайдуллои Зоконӣ ва амсоли инҳо чандин шоирону олимон буданд, ки воқеаҳои инсониятро ба олами ҳайвонот мекашиданд.

Ва худи банда яке аз мухлиси ашадии шоири тоҷик Убайдуллои Зоконӣ ҳастам, чӣ кадар олами ҳайвонотро ба риштаи назм даровардааст.

Ва нафароне буданд, мегуфтанд, сатру ҳиҷобу риш ҷарима надорад, аммо нафароне пайдо шуда фармони пияндармон гуфта ҷарима карданд.

Ва имрӯзҳо ҳам оҳиста-оҳиста боз касби пешинро иҷро мекунанд, яъне фармони писари пияндармон гуфта мардумро ҷарима мекунанд.

Баъзе аз кормандон аз мақомашон суистифода намуда, онҳоеро, ки ниқоб надоранд, бо гирифтани пора аз ҷавобгарӣ озод мекунанд ва нисбат ба баъзеи дигар чашм мепӯшанд. Бояд назорат дар ин самт ҷиддӣ шавад. Дигар ин ки Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бояд барвақт ин иқдомро амалӣ мекард, ба фикрам каме дер кард.”

9) 8 июни 2020: 

Худкушии як нафар боиси инқилоб шуд, худкушии тоҷикон чӣ?

Салому дуруд дӯстон, азизон ва ҳамватанони гиромӣ, умедворам, ки сиҳҳату саломат бошед!

Имрӯз як ҷанозаеро мушоҳида кардам, сокини шаҳри Кӯлоб, Зариф Абдуллоев будааст. Аз ҷавру зулму қарз худро дар назди бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб оташ задааст. Амсоли ин ҳодисаҳо чандин бор мешавад. Дар гӯшаву канори Тоҷикистони азизамон такрор мешавад, аммо мутаассифона ба истилоҳи ВКД тафтишот идома дорад.

Мегузарем ба инқилоби Тунис.

Инқилоби Тунис пайдоишаш аз як ҷавони арабакаши тоҷир рух дод. Пулиси бозор чандин маротиба ба ин ҷавон зулм ва таҳқиру латукӯбаш мекунад, билохира ин ҷавон даст ба худкушӣ мезанад, худро дар назди мардум оташ мезанад. Ин оташ задани ҷавон мардуми Тунисро маҷбур месозад, ки ба кӯчаҳо резанд ва талаби истеъфои президенти диктотур Бен Алиро кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Зайналобиддин Бин Алӣ мисли бародарзодааш Эмомалӣ Раҳмонов ҳокимиятро ғасб карда буд. Аз соли 1987 то соли 2011 президенти Тунис буд. Ёдовар мешавем, Тунис ҳам ҳатто мисли имрӯзаи ҳукумати Раҳмонов шуда буд, мисле ки як коргари корхона вориди коргоҳ мешавад, дар дармади корхона посбон бо автомати электронии картадор шита аст дармаду маромадро мушоҳида мекунад. Айнан дар масҷидҳои Тунис ҳамин корҳоро карда буданд. Ба истилоҳи ҳукумати Раҳмонов, барои бехатарии амният. Билохира мардум қиём карданд ва президенти диктотурро аз курсияш фароварданаш Ва гарчанде диктотур Зайналобиддин бахшиш пурсид ва ин корҳоро бартараф мекунам гуфт, мардум ӯро аз кишвар ронданаш. Ин буд кӯтоҳе аз инқилоби кишвари Тунис.

Аммо сад афсӯсу сад афсӯс имрӯзҳо аз зулмҳои ин режими Раҳмонов чандин нафар худро қурбонӣ мекунад, хомӯш чандин нафар кушта мешаванд, хомӯш чандин нафар зиндонӣ мешавад, хомӯш чандин нафар аз ватан бе ватан мешавад… То ба кай хомӯшӣ?

10) 8 июни 2020: “Таърихро набояд дурӯғ навишт, мо шоҳидон зинда ҳастем!”

11) 4 июня 2020: “Инқилоб барои номус бошад, на барои нафс!”

12) 2 июни 2020:

Обрӯи миллати тоҷикро ки резонд?

Вақте мо мегӯем, Раҳмонов як ҳукумати диктотурӣ ва оилавӣ сохтааст, як гурӯҳи чоплусу лаганбардори ин оила мегӯянд, шумо дар тамоми олам обрӯи тоҷикро паст мезанед. Имрӯзҳо мебинем, шаҳрвандони Тоҷикистон дар чӣ ҳолат қарор доранд, оё дар тамоми рӯи дунё номи оилаи Раҳмоновро ном мегиранд?

Не албатта, номи Тоҷикистонро мегиранд. Ин аст сиёсати пешгирифтаи Раҳмонов нисбати шаҳрвандон. Ҳатто ҷасади беҷони Тоҷикистони бӯй мегирад дар офтоб як каф хоке пайдо намекунад ӯро гуронанд. Марг ба он сафирони болои миз шиштагӣ, ягон кор барои шаҳрвандони худ карда наметавонед. Рӯзе мешавад ҷасадҳои шумо сафирони бемасъул ҳам дар офтоби сӯзон бӯй мегирад мисли Абӯлаҳаби лаъин ва ин зулмҳоеро болои мардуми худ раво дидед.

13) 30 майи 2020: “Муҳим зебо будан нест. Муҳим он аст, ки суханат таъсирбахш бошад.”

14) 29 майи 2020: 

Ҳикоят

Дузд тортанакро гунаҳкор кард

Дар яке аз кишварҳои кучаки олам як гурӯҳи дуздон ҳоким буданд. Ва он ҳокимон дузд, ки буданд, рӯзе бо навбат пулҳои хазинаро медуздиданд. Аз байн чанд рӯз гузашт. Рӯзе раисашон хазинаро кушод, дар хазина як тортанак буду халос, пул набуд.

Раис ба коргаронаш суол кард, пулҳоро, ки гирифтааст? Коргарон хомӯш. Раис гуфт, пулҳои мардумро ҳамин тортанаки терорист дуздидааст.

#Ҳафтаи_Шобудин_Бадалов

#Озодӣ_ба_Шобудин_Бадалов

#Свободу_Шобудину_Бадалову

#Free_Shobudin_Badalov

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: