Салмон Султонзода, узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик ва фаъоли КШНГЗС бо баёни ин ки “шобудинҳо” баромада аз даруни мардум ҳастанд, онҳоро касе омода накардааст, бегонае таълим надодааст, онҳо сабзида дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳастанд, мушкилоти ҷомеа ин ҷавонмардони ғаюр ва миллатдӯстро ба воя расонида обутоб додааст, гуфт: “Ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, озодандешӣ ва худшиносу Худошинос будани ӯ сабаби зиндонӣ шудан ва зери зулми ҳукумати худкомаи Раҳмонов қарор гирифтани ӯст.”
Матни пурраи ёддошти Салмон Султонзода ба шарҳи зерин аст:
“Бо Шобудин Бадалов аз наздик шинос набудам. Ҳамин майдони Фейсбук буд, ки моро шинос кард. Ӯро низ мисли садҳо ва шояд ҳазорон дӯстҳо аз рӯи навиштаву наворҳояш шинохтам.
Ӯро як инсони самимӣ, як тоҷики ватандӯст, як мусалмони софдил дарёфт кардам. Самимӣ аз он ҷост, ки ҳарфу суханаш сохта ва ё аз пеш тарҳрезишуда набуданд, ӯ қафои “лайку комент” намегашт, умуман нигоҳаш ба ҳодиса ва воқеаҳо аз дигарон фарқ мекард, ӯ дар баробари танқид роҳи ҳалро низ дар он ҷумлааш ишора мекард.
Дар ҷое хондам, ки худ гуфтааст, дӯстдори осори Убайди Зоконӣ аст. Бале Шобудин то ҷое ба Зоконӣ тақлид мекард, шӯхиҳои ӯ намакин ва нишонрас буданд. Дар наворҳояш аз истифодаи вожа ва ибораҳои мураккаб худдорӣ карда, озодона ва бо самимияти хосси худ бо мо ҳарф мезаду менавишт. Вақте наворҳои ӯро кас тамошо кунад, фикр мекунад, бо Шобудин дар сари як пиёла чой сӯҳбат дорад, бо тамкин, бо салобат, бо як меҳрубонии дӯстона ва бародарона ба мардум ҳарф мегуфт.
Дар бораи ватандӯстиву ватанпарастиаш ҳаминро мехоҳам гуфт, ки Шобудин Бадалов шояд аз ҳамаи тоҷикони дигар бештар Тоҷикистонро дӯст медорад. Ӯ пойбанди ягон ғоя ва ё идеяи хоссе набуд. Ӯ ватандӯст буду ҳаст. Дар баробари як шаҳрванди оддӣ будан, ӯ як фарзанди ҳамин сарзамин буд ва инро барояш ҳам мояи фахр ва ҳам масъулият медонист. Ҳамаи ин дар навиштаҳо ва гуфтору рафтораш намоён аст.
Ӯ Ватанро холисан лиллоҳ дӯст медошт. Дӯст доштани ватан аз имон аст мегӯянд, бале сабаби дӯст доштани Шобудин ин марзу бумро дар ҳамин арзиш мебинам. Яъне имонаш ӯро таҳрик мекард, то ватанаш ва мардумашро дӯст дорад, ободии ӯро орзу кунад, аз мушкилоти ин миллат ғамгин шавад ва барои рафъи онҳо бо қадри тавонаш кӯшиш мекард.
Чунин инсонҳо мисли Шобудин Бадалов барои кишвари мо, ки давоми садсолаҳо дар зери истило ва мағзшӯии дигарон буд, мисли обу ҳаво зарур ҳастанд. Айнан афроди монанд ба Шобудин метавонанд, дар байни мардум бошанду бо мардум бо лаҳҷаи худаш сӯҳбат карда, ин мардумро бедор ва худшинос кунанд. “Шобудинҳо” баромада аз худи мардум ҳастанд, онҳоро касе омода накардааст, бегонае таълим надодааст, ин “шобудинҳо” сабзида дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳастанд, аз байни худи мардум ҳастанд. Айнан мушкилот ва пешравиҳои ҷомеаи мо ин ҷавонмардони ғаюр ва миллатдӯстро ба воя расонида обутоб додааст.
Бовар дорам, агар ҳоло Шобудинро дар баробари кобинаи вазирони Раҳмонов рӯ ба рӯ монда баҳс ташкил кунед, Шобудин аз ҳамаи онҳо дида беҳтару хубтар ҳам мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистонро мешиносаду ҳам роҳи ҳалли онро беҳтар пайдо мекунад. Ростӣ, намедонам, оё маълумоти олӣ дорад ё на аммо Шобудин як равшанфикри комил ва озод аст.
Сабаби зиндон шудан ва зери зулми ҳукумати худкомаи Раҳмонов қарор гирифтани Шобудин Бадалов ҳам айнан ҳамин хислатҳои ӯ буд. Яъне ватандӯстӣ, миллатдустӣ, озодандешӣ ва худшиносу Худошинос будани ӯ буд.
Вагарна як ҷавони соддаи деҳотӣ ба як диктатор, ки тамоми қудрати як давлат бо ҳамаи он артишу мақомот, дастгоҳи бузурги идеологӣ ва кормандону сарватҳои бешумораш чи хавф дошт? Айнан ҳамин озод ва худшинос будани як фард, барои як ҳукумати худкома хавфи ҷиддӣ дорад, то як артиши ҳамсоя. Раҳмонов ва дору дастаи ӯ аз ҳеҷ кас ва аз ҳеҷ чиз мисли аз як шаҳрванди озод, ки ҳомили ҳисси ватанпарастӣ аст, наметарсанд. Душмани диктаторон айнан инсонҳои озодандеш ҳастанд, сабаби зиндони шудани Шобудин Бадалов ҳам айнан ҳамин инсони озод ва ватандӯст будани ӯ шуд, дигар ҳеҷ!
Барои ҳукумати худкома мардуми бесадо, “кару кӯру” чоплус ва манқурт даркор аст ва барои чунин чоплусону мақуртон режими диктатурӣ як “биҳиштӣ рӯи замин” асту он диктатор (фиръавн) як “пешвои нестандар ҷаҳон”.
Аммо як нуқтаро набояд фаромӯш кард, Мӯсоро худи фиръавн ба воя расонид, ин нуқта хеле муҳим ва бо ҳикмат аст.
Ба умеди рӯзи озодии миллат, Ватан, Шобудин Бадалов ва дигар зиндониёни сиёсии Тоҷикистон! Салмон Султонзода.”
#Ҳафтаи_Шобудин_Бадалов
#Озодӣ_ба_Шобудин_Бадалов
#Свободу_Шобудину_Бадалову
#Free_Shobudin_Badalov
Добавить комментарий