7 саволи модари Гулбиддин Зиёбеков аз КДАМ

Модари Гулбиддин Зиёбеков дар номае ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 7 савол матраҳ карда ва хостааст, масъулони ин ниҳод ба саволҳои ӯ ҷавоб диҳанд.

Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари Гулбиддин Зиёбеков, дар номае саркушода ба масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), 7 савол матраҳ карда ва хостааст, масъулони ин ниҳод ба саволҳои ӯ посух диҳанд. Певистамоҳ Абдулмӯъминова дар поёни номаи худ, алайҳи омилон ва дастандакорони қатли фарзандаш дуо кардааст.

Гуфтанист, Гулбиддин Зиёбеков, ҷавони 29-сола, дар 25-уми ноябри соли гузашта (2021) дар деҳаи Тавдеми Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба дасти нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ кушта шуд ва марги ӯ боиси эътирози мардум дар Хоруғ гардид.

Модари вай, Певистамоҳ Абдулмӯъминова, рӯзи 1-уми декабри 2021 хоҳони сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус шуд. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Бадахшон арзашро нашунидаанд ва мехоҳад, додашро ба президент расонад.

Ин модари доғдида дар ин гуфтугӯ гуфта: “Қасам ба номи Худо, қасам ба арвоҳи писари навгузаштаам, ки ӯ силоҳ надошт. Вай хидмат ҳам накарда буд, таппончаро намедонист. Бачаи ман ҳатто сигарет накашида буд. Вай ба ягон кас ягон зарар нарасонида буд.”

Матни пурраи номаи Певистамоҳ Абдулмӯъминова ба шарҳи зерин аст:

Нолаи модари ҷигарбирён, Абдулмӯъминова Певиста

4 моҳу 19 рӯз гузашта бошад ҳам, дар бораи делои фарзандам маълумоте нест. Ман мехоҳам, ки сиёҳ кардани фарзандам, масалан: силоҳ доштан, 2 сол дар кофтуков будан, 11 даъватнома фиристодан, ду коркуни амниятро дар хонаи истиқоматиаш сахт захмдор намудан, латукӯб ва гаравгон гирифтан (ва) беасос будани “Нерӯи қонун” (“Нерӯи қонун” филми мустанаде аст, ки дар телевизиони Бадахшон нишон дода шудааст), бо далел исбот шавад.

Коркунони амният! Ман ҷавоби (ин) савол (-ро, ки) чаро (дар санаи) 26.11.2021 даъватнома овардед ва (дар санаи) 25.11.2021 чиро анҷом додед, аз шумо мепурсам.

Ҷабборови қонуншинос ба саволҳои ман ҳам ҷавоб диҳед:

1) Магар амалиёти хунинатон (дар) рӯзи равшан (ва) дар байни халқ, занон (ва) кӯдакон (дар) нуқтаи бензинфурӯшӣ, аз рӯйи қонун буд?

2) Оё бе ҳалномаи суд ҷазои шахс, аз рӯйи қонун аст?

3) Куштани як одами бесилоҳ, магар (аз рӯйи) қонун аст ё ҷиноят?

4. Оё дохил шудани 200 нафар силоҳдор ба як қишлоқи орому осоишта, аз рӯйи қонун аст?

5) Ҳиларо истифода бурдани сардори амнияти ноҳия ва ҷонишини сардори амнияти шаҳри Хоруғ ва гурехтан аз ҷойи ҳодиса, магар (аз рӯйи) қонун аст?

6) Магар ба тарафи халқи бечора тир холӣ кардан, (аз рӯйи) қонун аст?

7) Дар Сарқонун тӯҳмату дурӯғ ҷой дорад ё не?

Ман қонундон нестам, аммо он доғе, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Бадахшон, амният (ва) прокуратура бар ҷигарам ниҳод, фаромӯш нахоҳам кард. Бинобар ин, силоҳи ман дуои ман аст.

Дар моҳи шарифи Рамазон онҳое, ки дар қатли фарзандам рӯсиёҳ ҳастанд, мисли ман сиёҳпӯш шаванд!

Кафани хунини се шаҳид насиби фарзандҳои шумоён шавад!

Маоши гирифтаатон заҳри фарзандонатон шавад!

Санги мазор дар хонаҳоятон қатор шавад!

Ашки чашмони Алияҷон ва Фарзонаи бетақдир (фарзандони Гулбиддин) дар чашмони модаронатон макон гирад!

Аз Худо умед дорам, ки бо фарзандонатон касалии рак шуда муред!

Ҷоятон дар дӯзах ва оташи сӯзон шавад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: