КШНГЗС зодрӯзи Шоҳида Маҳмадҷоноваро табрик мегӯяд

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо табрики зиндонии сиёсӣ, Шоҳида Маҳмадҷонова ба муносибати зодрӯзи вай, тасреҳ кард, КШНГЗС тамоми талоши худро ҷиҳати озод шудани ин Зан-Модар ба харҷ хоҳад дод.

Раиси КШНГЗС дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сайти “Зиндониён”, зимни табрики Шоҳида Маҳмадҷонова ба муносибати рӯзи таваллуди ин модар, гуфт: “Мо таваққӯъ доштем, мақомоти тоҷик ба ақл меоянд ва ба хотири фаъолиятҳои Абдураҳмон 09 (Шерзод Маҳмадҷонов) модарашро муҷозот нахоҳанд кард ва ӯро аз ҳамон толори додгоҳ озод хоҳанд кард, ба хусус ин ки Бону Мавҷуда Соҳибназарова як номаи саргушода ва пурэҳсос ба Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси дастгоҳи иҷроияи ӯ низ маҳсуб мешавад, навишта буд.”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Вай бо баёни ин ки мақомоти тоҷик “медонанд, ки ин зан ҳеч айбу гуноҳе надорад ва медонанд, ки тибқи қонуни мавҷуд, инсон ҷавобгӯи амали фарзанди болиғаш намебошад”, гуфт: “Зоҳиран, мақомоти тоҷик ва ҳатто Озода Раҳмон, дигар эҳсоси инсониро низ аз даст додаанд.”

Бобоев дар поёни гуфтугӯи кӯтоҳи худ изҳор дошт: “Кумита (КШНГЗС) тамоми талоши худро ҷиҳати озод шудани ин Зан-Модар ба хорҷ хоҳад дод.”

Гуфтанист, Маҳмадҷонова Шоҳида зодаи 15 апрели 1977 дар шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар Медколлеҷи шаҳри Ваҳдат таҳсил ва онро хатм кардааст. Шоҳида ба муддати 18 сол дар шӯъбаи уролоҷии беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ба унвони ҳамшираи шафқат кор кардааст. Ӯ модари блогер, Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон09” аст. Шерзод 25 сол син дорад ва аз соли 2016 дар Олмон зиндагӣ мекунад ва бо барномаҳои видеоии худ маъруф аст.

7 апрели соли ҷорӣ гузориш шуд, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст. Додситон ӯро ба он муттаҳам кард, ки аз ақидаҳои “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломӣ тарафдорӣ кардааст. Ба гуфтаи додситон, Шоҳида Маҳмадҷонова дар “Ютуб” дар зери наворҳои писараш ва ҳам як навори “Ислоҳ+” муқобили сохтори давлатӣ дар Тоҷикистон шарҳ навиштааст.

Шерзод Маҳмадҷонов рӯзи 7-уми апрел баъд аз эълони ҳукм гуфт, пештар мақомот ба ӯ таҳдид карданд, ки ӯро аз Аврупо ба Тоҷикистон оварда, зиндонӣ мекунанд. Вай афзуд: “Маро ба Тоҷикистон бурда натавонистанд, аммо дар ваъдаашон истоданд. Модарамро говсуд карданд. Ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки модарам ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муттаҳам аст, аммо имрӯз маълум шуд, ки танҳо барои дигарандешӣ модарамро дохили зиндон карданд. Акнун дар оянда ҳар тоҷике, ки андеша, фикр ва ақидааш аз ақидаи ҳукумат фарқият дорад пас ҷояш метавонад то 7 сол дохили зиндон бошад.” Ин блогери тоҷик ҳамчунин гуфт, зиндонӣ шудани модари ӯ як далели дигарест, ки дар Тоҷикистон барои ибрози ақида дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахс метавонад зиндонӣ шавад.

Шерзод Маҳмадҷонов, Абдураҳмон 09

Бунёди Бузургмеҳр Ёров (Buzurgmehr Yorov Foundation) низ Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба зодрӯзаш табрик карда, ваъда дод, ки ҳамаи талоши худро барои озод кардани вай харҷ медиҳад. Ин бунёд дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук навиштааст:

Имрӯз зодрӯзи яке аз маҳбусони сиёсии Тоҷикистон, якумин модаре, ки барои қасос гирифтан аз фарзандаш Ҳукумати Тоҷикистон ӯро ҳабс кардааст, Шоҳида Маҳмадҷонова аст.

Бунёди “Бузургмеҳр” ба ин модар, ба тамоми аҳли хешу табори ӯ саломатӣ ва сабру тоқат дар чунин ҳолати вазнини бавуҷудомада таманно дорад. Мо боварии комил дорем, ки тамоми мутаҳаммот бар зидди Шоҳида Маҳмадҷонова сохта ва ғайриқонунист.

Бунёди “Бузургмеҳр” тамоми кӯшиш ва имкониятҳои мавҷударо барои озод кардани Шоҳида ва барқароршавии адолат дар ин қазия сарф хоҳад кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: