Манучеҳр Шеров, аз наздикон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро ба 10 сол зиндон маҳкум карданд

Ба гузориши расонаҳо, Манучеҳр Шеров, сокини 36-солаи шаҳри Хоруғ ва аз наздикони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро бо иттиҳоми “таҳқири намояндаи ҳокимият ва авбошӣ” ба 10 сол зиндон маҳкум кардаанд.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, Раёсати умури дохилии Бадахшон хабар дод, ки ҳукм 15-уми апрел содир шуд. Мурофиаро раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯшон Зафар Бобизода баргузор кардааст.

Бар асоси ин гузориш, қаблан фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон Манучеҳр Шеровро шахсе хонда буданд, ки “ба зидди худсариҳои мақомоти интизомӣ ва беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар вилоят садо баланд мекард.”

Мақомоти интизомӣ Манучеҳр Шеровро ба як ҷанҷолу даъво бо кормандони мақомоти интизомӣ дар Хоруғ гунаҳкор кардаанд. Дар баёнияи Вазорати корҳои дохилӣ аз 31-уми марти имсол гуфта шуда буд, ки “ӯ 14-уми ноябри соли 2021 якҷо бо аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ҷамшед Шаъбонов ва дигарон дар посгоҳи маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо табар ҳуҷум карда, онҳоро захмдор кардааст.”

Чанде пеш ва дар пайи боздошти Манучеҳр Шеров, Анора Саркорова, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, дар ёддоште навишта буд: “Даври ҷадиди рӯёрӯии Душанбе ва мардуми Бадахшон метавонад боиси нооромии ҷиддии Тоҷикистон гардад, бахусус дар пасманзари бад шудани авзоъи иқтисодии кишвар ва вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон.”

Ин рӯзноманигор дар он ёддошти худ навишта буд:

Вазъияти навбатии Хоруғ пас аз боздошти Манучеҳр Шеров, сокини маҳаллаи Бархоруғ дар субҳи имрӯз аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ оғоз шуд.

Боздоштшуда ба занозанӣ бо пулис дар моҳи ноябри соли гузашта муттаҳам мешавад.

Бино бар хабаре, ки аз Хоруғ расидааст, сокинони шаҳр роҳеро, ки ба сӯи шаҳраки Бархоруғ мебарад бастаанд.

Нерӯҳои амниятӣ барои саркӯби эътирозҳои эҳтимолӣ омодагӣ мебинанд.

Манучеҳр Шеров яке аз фаъолони шаҳрвандӣ аст, ки мухолифи рафторҳои мақомоти қудратӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

Анора Саркорова, рӯзноманигори маъруфи тоҷик

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки номи ӯ ба феҳрасти ба истилоҳ “сиёҳи” мақомоти Тоҷикистон ворид шудааст.

Ба ҳамаи онҳое, ки ба оромӣ даъват ва аз мӯътадил гардидани зоҳирии вазъият дар Помир шод мешаванд, гуфтаниам, ки худатонро фиреб надиҳед!

Кош сукут битавонад наҷот бидиҳад!..

Аммо оё сукут ҷони ҳазорон тоҷикони помириву ғармиро аз наслкушии қавмӣ дар соли 1992 наҷот дод?

Оё сукут ва хомӯшӣ ҷони даҳҳо нафарро дар солҳои 2012, 2014, 2018 наҷот дод?

Оё сукут ҷони Гулбиддин Зиёбековро наҷот дод?

Мақомот ҳеч як аз бандҳои тавофуқ бо эътирозгаронро, ки дар моҳи ноябри соли гузашта баста шуд иҷро накардаанд.

Ба ҷойи авфи эъломшуда боздоштҳои дастаҷамъӣ, муҳокимаҳо ва саркӯби сокинони ВМКБ идома дорад.

Ба ҷойи амал кардан ба ваъдаи худ мабнӣ бар таҳқиқ дар бораи қатли ваҳшиёнаи Гулбиддин Зиёбеков, гулӯлаборони тазоҳургарони мусолиматомези бесилоҳу Тутишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков ва захмӣ шудани 18 нафар, мақомоти амниятии Тоҷикистон бидуни додгоҳу тафтишот мардуми бегуноҳро роҳзан ва ҷинояткор эълон карданд.

Онҳо ба ҷойи муҷозоти прокурор Абдусаттор Абирзода, ки дар як ҷинояти шаҳавонӣ даст дорад ва ҳамчунин ба ҷойи муҷозоти милиса Ҳабиб Маҳмадов, ки ба қаллобӣ ва ришваситонӣ машғул аст, онҳоро ба кори нав мегузаронанд, ба онҳо рутба ва мансаби болотар медиҳанд.

Иҷрои тавофуқи басташуда оё ин аст?

Идораи ҳукумат дар кишвар оё чунин аст?

Ҳамаи касоне, ки ба сулҳу оромиш даъват мекунанд, оё мутмаин ҳастанд, ки фардо навбати фарзандонашон намерасад ва ба қатл расонда намешаванд? Оё итминон доранд, ки бо дархости ин ё он мақоми давлатӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор намегиранд?

Чанд нафари дигар бояд бимиранд, дар зиндонҳо бипӯканд, аз ватан фирор ва солҳо дар мулки бегона кор кунанд, то билохира бифаҳмед, ки сукуту хомӯшӣ ва беамалии мо наметавонад наҷотамон бидиҳад ва вазъиятро дигар созад?

Мо аз гургон хоҳиш мекунем, барраҳоро нахӯранд; даррандаҳоро мехоҳем мутақоъид кунем ва илтимосашон намоем, ки ин барраҳо офаридаҳои зебо ва ширине ҳастанд.

Даври ҷадиди рӯёрӯии Душанбе ва мардуми Бадахшон метавонад боиси нооромии ҷиддии Тоҷикистон гардад, бахусус дар пасманзари бад шудани авзоъи иқтисодии кишвар ва вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон.

Афзоиши ҳазинаҳои низомӣ низ як бори изофӣ бар буҷаи кишвар эҷод мекунад.

Мушаххас аст, ки контроли авзоъ дар кишвар барои мақомоти тоҷик ба таври фазояндае душвор шудааст.

Илова бар ин, бар асоси ин мантиқ, мумкин аст потенсиали эътирозӣ ва радикализатсияи ҷамъият дар кулли кишвар афзоиш ёбад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: