Таваккал Бобоев, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви боризи Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳадафи худро дар муборизаҳои пеш аз интихоботи парлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон, “Мубориза бар зидди ришвахорӣ (коррупсия), фасоди молӣ, идорӣ ва ахлоқӣ” унвон карда буд, вале режими Эмомалӣ Раҳмон бидуни ҳеч айбе ӯро барои 18 сол равонаи зиндон намуд…
Ба муносибати Ҳафтаи Таваккал Бобоев
Бобоев Таваккал, фаъоли сиёсӣ, рӯзноманигор, муаллим, узви барҷастаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва зиндонии сиёсӣ, 20 ноябри соли 1956 дар деҳаи Чормағзакони тоҷик (Чормағзакони болои деҳоти Чорбоғ)-и ноҳияи Рӯдакӣ (Ленини собиқ) таваллуд ёфта.
Вай баъди хатми мактаби миёна, аз соли 1973 то 1977 дар Донишкадаи омӯзгории Шевченкои шаҳри Душанбе таҳсил ва бо тахассуси забони англисӣ аз он фориғуттаҳсил шудааст.
Таваккал Бобоев аз моҳи сентябри соли 1977 то соли 1981 дар мактаби миёнаи рақами 119-и зодгоҳаш ба ҳайси муаллим кор карда.
Баъд аз он, Таваккал Бобоев то соли 1993 дар сохторҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият ва аз соли 1993 то 1998 дар ҳиҷрат ба сар бурда.
Бобоев аз соли 1998 то 2000 дар Маркази офияткунонии назди Комиссияи оштии миллӣ машғул ба кор шудааст. Аз соли 2000 то замони маҳкум ба зиндон шудан, дар сохторҳои мухталифи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият дошта.

Ҳамла ба Таваккал Бобоев дар соли 2010 аз сӯи як мақоми давлатӣ
Дар феврали 2010 Таваккал Бобоев мавриди ҳамлаи як корманди давлатӣ воқеъ гардид. Дар гузорише дар таърихи 22 феврали 2021 (аз ҷумла дар “Авесто”) омадааст, Таваккал Бобоев фаъол ва рӯзноманигор, мавриди ҳамлаи Шараф Боев, корманди додситонии ноҳияи Варзоб қарор гирифт.
Тибқи ин гузориш, дар 20 феврал (-и соли 2010) ин корманди додситонӣ дар бозори маҳаллӣ вақте мебинад, рӯзномаи “Озодагон” дар дастони Бобоев қарор дорад ва ӯ мутолеааш мекунад, аввал онро аз дастонаш кашида мегирад ва сипас таҳқир карда, ӯро латукӯб мекунад.
Бобоеви маҷрӯҳ пас аз бозгашт ба хонааш, дар дастонаш дарди шадидеро ҳис ва барои дармон ба пизишк муроҷиа мекунад.
ҲНИТ дар ин хусус дар таърихи 22 феврал (-и 2010) шикоятномае ба Додситони кулли кишвар, Шерхон Салимзода менависад.

Номзад шудани Таваккал Бобоев ба Маҷлиси намояндагон аз сӯи ҲНИТ ва барномаҳои ӯ
Таваккал Бобоев дар соли 2015 аз тарафи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии шумораи 8 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад гардида. Ӯ дар он замон дар муборизаҳои пеш аз интихоботии худ, умури зеринро ҳадафи худ шумурда:
а) Дар бахши сиёсӣ:
— принсипи баробарии қонун риоя карда шавад;
— ҳамаи шохаҳои ҳокимият: қонунгузор, судӣ ва иҷроия мустақил ва дар назди мардум ҳисобдиҳанда бошанд;
— мақомоти иҷроияи давлатӣ интихоботӣ бошанд;
б) Дар бахши иқтисодӣ:
— миқдор ва фоизи ҳама гуна андоз аз аҳолӣ кам карда шавад;
— дар сиёсати иқтисодии кишвар тағйироти ҷиддӣ ворид карда шавад;
— барои соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шароити мусоид муҳайё карда шавад;
г) Дар соҳаи маориф:
— дар соҳаи маориф, фарҳанг ва тандурустӣ ислоҳоти куллӣ ворид карда шавад;
— таҳсилоти миёнаи умумӣ ройгон ва маоши муаллимон ба шароити имрӯза мутобиқ гардонда шавад;
— соҳаи маориф барои ҳадафҳои сиёсӣ мавриди суистифода қарор нагирад;
д) Ҷавонон ва бонувон:
— ҷавонон, ки ояндасози давлату миллатанд, ҳамаҷониба дастгирӣ ёбанд;
— мақоми зан дар оила ва ҷомеа густариш пайдо кунад;
е) Дар бахши иҷтимоӣ:
— барои беҳбуди ахлоқи ҷомеа аз фарҳанги волои исломӣ дуруст истифода шавад;
— муҳоҷирон аз тарафи давлату ҳукумат қадр карда шаванд;
— ба танзим даровардани даъват ба қӯшунҳои ҳарбӣ.
Шиори аслии Таваккал Бобоев дар ин давра аз интихобот иборат буд аз:
“Мубориза бар зидди ришвахорӣ (коррупсия), фасоди молӣ, идорӣ ва ахлоқӣ. Ҳифзи манфиатҳои динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум.”

Маҳкум кардани Таваккал Бобоев ба 18 сол зиндон
Баъд аз манъи фаъолияти ҲНИТ дар дохили кишвар дар охирҳои соли 2015 ва “террористӣ” эълони шудани он аз сӯи режими Раҳмон, Таваккал Бобоев дар канори соири раҳбарони ҲНИТ, ғайриқонунӣ боздошт ва ба 18 сол зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи онҳо пушти дарҳои баста баргузор шуд.
Дар таърихи 8 феврали 2016 ва дар ҳангоми мурофиаи судии Таваккал Бобоев дар канори соири раҳбарони ҲНИТ, Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, ки мақарраш дар Пориси Фаронса аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунем, ки аз ҳукумати Тоҷикистон баргузории муҳокимаи мунсифона ва озоди ин парвандаҳоро тақозо кунад. Ба назари мо, пушти дарҳои баста барпо кардани ин додгоҳ ба ин маъност, ки мақомот мехоҳанд камбуди далелҳои кофӣ алайҳи афроди муттаҳамро аз ҷомеа рӯпӯш кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд бар ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал кунад. Яке аз чунин ӯҳдадориҳо риояи меъёрҳои демократӣ, аз ҷумла таъмини муҳокимаи одилонаи парвандаҳо дар додгоҳҳои ин кишвар аст.”

Вай бо ишора ба ҷараёни тафтишот, аз шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ, фишору таъқиби наздикони онҳо, боздошти дастикам ду вакили мудофеъ, ки аз онҳо ҳимоят мекарданд ва таъйини адвокатҳои ба ном “давлатӣ” барои ин боздоштшудаҳо изҳори нигаронӣ кард ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, боздоштшудаҳои ҲНИТ-ро маҳбусони сиёсӣ эълон кунанд.
Ҳамчунин, созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, назири Human Rights Watch ва Freedom House низ аз боздошту шиканҷаи аъзои ҲНИТ ва таъқиби наздикони онҳо ибрози нигаронӣ карданд. Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико низ дар ибтидои моҳи ноябри 2015 дар як гузориш гуфт, дар чанд моҳи охир дар Тоҷикистон ҳудуди 200 тан аз фаъолон ва ҳаводорони ҲНИТ дастгир шуда, бархеи онҳо дар боздошт мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтаанд.
КШНГЗС тамоми кӯшиши худро барои озодии Таваккал Бобоев ба харҷ хоҳад дод
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо сайти “Зиндониён”, бо баёни ин ки боздошт ва зиндонӣ кардани Таваккал Бобоев комилан ғайриқонунӣ буд, гуфт: “Ҳатто ду вакили мудофеъи боздоштшудаҳои ҲНИТ яъне Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов, баъдан бидуни ҳеч далеле боздошт ва зиндонӣ шуданд.”
Вай афзуд: “Аз назари Эмомалӣ Раҳмон, Таваккал Бобоев ва ҳамроҳонаш ҳатто ҳаққи бо вакили дифоъ таъмин шудан надоштанд. Мутаассифона, ҷомеаи байналмилалӣ дар баробари ин зулми ошкори Раҳмон ва режимаш, то ҳадде сукут ихтиёр кард. Ҳатто кишварҳои ба истилоҳ, зомини сулҳ дар Тоҷикистон, дида ва дониста ҳеч эътирозе накарданд.”
Бобоев дар поёни гуфтугӯи худ, бо таъкид бар ин ки Раҳмон ҳатто ба тавсияи СММ мабнӣ бар озодии фаврии боздоштшудаҳои ҲНИТ таваҷҷӯҳ накард, гуфт: “КШНГЗС тамоми кӯшиши худро барои озодии Таваккал Бобоев ва ҳамроҳонаш ба харҷ хоҳад дод. Мо то он даме, ки ин азизон озод нашаванд, лаҳзае ором намешинем.”
#Ҳафтаи_Таваккал_Бобоев
#Озодӣ_ба_Таваккал_Бобоев
#Свободу_Таваккалу_Бобоеву
#Free_Tavakkal_Boboev
Добавить комментарий