Дар Тоҷикистон ҳукмро додгоҳ содир намекунад, балки мақомот

Анора Саркорова, рӯзноманигор

Додгоҳ ҳукм содир кард. Додгоҳ дар кишварҳое ҳукм содир мекунад, ки қонун дар онҳо амал мекунад ва қонунмадор ҳастанд.

Дар Тоҷикистон аммо, ҳукмро мансабдорони баландпоя содир мекунанд ё Кумитаи давлатии амнияти миллӣ содир мекунад ё додситонӣ (прокуратура) ва ё гоҳе ҳам ВКД ва хулоса, афроде ҳукм содир мекунанд, ки як манфиат доранд, на ба ҳеч ваҷҳ додгоҳ.

Дар Тоҷикистон қувваи қазоия (органи судӣ) ғайрифаъол аст ва ҳамчун механизми фаъол амал намекунад, ваколат (адвокатура) низ мутаассифона чунин аст.

Низоми судии Тоҷикистон на танҳо як ниҳоди вобаста ва таҳти контрол, балки фақат як сухангӯ аст, ки иродаи касони дигарро баён мекунад.

Анора Саркорова, рӯзноманигори маъруфи тоҷик. Ӯ фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1997 аст. Анора Саркорова аз соли 1995 то 1996 ба унвони сардабири барномаи “Диалог”-и радиои ҷавони Ҷумҳури Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1997 то 2003 дар бахши тоҷикии радио ва телевизиони “Мир” машғул ба кор буда. Дар солҳои 1997-1998 дар “Вместе” – барномаи Кишварҳои Мустақилли Муштаракулманофеъ (СНГ) Тоҷикистонро намояндагӣ мекард. Ӯ 18 сол ба унвони хабарнигор дар шабакаи ВВС русӣ дар Тоҷикистон кор кардааст. Дар сентябри 2017 Вазорати умури хориҷа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эътибори ӯро пасгирифта ва ӯро аз кор дар расонаҳои хориҷӣ манъ карданд. Маҳрум кардани ӯ аз эътибор ва манъаш аз кор, ба мавзеъи усулӣ ва фаъолиятҳои рӯзноманигории Анора Саркорова марбут будааст.

Ин як гузина (вариант) аст, режим хостаҳои худро аз тариқи он анҷом медиҳад, албатта зоҳире “мутамаддинона” ба он додааст.

Оё як нафар ақаллан дар ин системаи бузург боқӣ мондааст, ки бифаҳмад, мақомот (шаҳрвандонро) мешикананд, маълул мекунанд, одамони зиндаеро мекушанд, ки фақат як зиндагӣ доранд ва нахоҳанд тавонист бори дигар ба ин ҳаёт баргарданд?

Манучеҳр Шеров, сокини 36-солаи маҳаллаи Бархоруғ, ки қаблан аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуда буд, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳ ӯро ба ҷурми тавҳин ба намояндаи давлат ва авбошӣ гунаҳкор донист.

Манучеҳр Шеров яке аз фаъолони шаҳрвандӣ аст, ки мухолифи худсарии мақомоти қудратӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) буд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, номи ӯ ба феҳристи ба истилоҳ “сиёҳ”-и мақомоти Тоҷикистон ворид шудааст.

Манучеҳр Шеров дар 31 март (-и соли ҷорӣ) боздошт шуд ва пас аз ду ҳафта мақомот дар борааш ҳукм содир карданд. Таҳқиқот зиёд тӯл накашид.

Ба ҳамаи онҳое, ки ба оромӣ даъват ва аз мӯътадил гардидани зоҳирии вазъият дар Помир шод мешаванд, гуфтаниам, ки худатонро фиреб надиҳед!

Мақомот ҳеч як аз бандҳои тавофуқ бо эътирозгаронро, ки дар моҳи ноябри соли гузашта баста шуд иҷро накардаанд.

Ба ҷойи авфи эъломшуда боздоштҳои дастаҷамъӣ, муҳокимаҳо ва саркӯби сокинони ВМКБ идома дорад.

Ба ҷойи амал кардан ба ваъдаи худ мабнӣ бар таҳқиқ дар бораи қатли ваҳшиёнаи Гулбиддин Зиёбеков, гулӯлаборони тазоҳуркунандагони мусолиматомез амсоли Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков ва захмӣ шудани 18 нафар, мақомоти амниятии Тоҷикистон бидуни додгоҳ ва таҳқиқот, мардуми бегуноҳро роҳзан ва ҷинояткор эълон карданд.

Манбаъ: Сафҳаи корбарии Анора Саркорова дар Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: