Барқияи табрикотии КШНГЗС ба муносибати зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ ва ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик ва раҳбари Маркази тоҷикон дар Маскав Иззат Амонро барои ӯ ва бастагонаш самимона табрику таҳният мегӯяд.

Иззат Амон аз камшумортарин тоҷиконе буд, ки фаъолияташ дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва хусусан тоҷикони муҳоҷир дар Русия буд, ки ба онҳо кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва дигар кӯмакҳои зарурӣ мерасонд ва инак зиёда аз як сол аст, ки дар зиндони низоми худкомаи Тоҷикистон қарор дорад.

Оғоз аз боздошташ ва сипас ғайб задану дар Тоҷикистон пайдо шуданаш ва то айбномаву додгоҳаш ҳамааш хилофи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ва хилофи қонунҳои ҷории байналмилаллӣ буд, ки ҳатто пас аз пардохти тамоми маблағҳое, ки у гӯё бо роҳи қаллобӣ аз худ карда будааст нигоҳ накарда ӯро барои 9 сол равонаи зиндон карданд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз рӯзи аввал ҳам айбнома ва ҳам ҳукми ноодилонаи Иззат Амонро маҳкум карда буд ва имрӯз бори дигар ҳукми золимонаи ӯро маҳкум мекунад ва то озод шудани ӯ тамоми кӯшишашро ба харҷ хоҳад дод.

Бори дигар зодрӯзи Иззат Амонро барои ӯ ва мардуми тоҷик муборак бод гуфта барои ӯ озодӣ аз зиндон, тансиҳатӣ ва истодагариро таманно мекунем.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

20,04.2022

Варшава, Поланд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: