Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар баёнияе бо баёни ин ки “нодида гирифтани шикоятҳои мардуми Бадахшон метавонад боиси низои хушунатбор гардад”, нигаронии шадиди худро “аз кӯшишҳои саркӯби эътирозҳо, ҳабси мардуми помирӣ ва истифодаи аз ҳад зиёд ва ғайриқонунии нерӯҳои низомӣ” изҳор доштаанд. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, “барои пешгирӣ аз табъиз алайҳи эътирозгарони помирӣ чора андешанд.”
Ба гузориши Радиои Озодӣ, як гурӯҳ аз коршиносони Созмони Милал аз афзоиши танишҳо дар Бадахшон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки “ақаллияти помирӣ”-ро ҳифз кунанд ва ба ҳуқуқи одамон дар вилояти мухтор эҳтиром гузоранд. Онҳо тасреҳ кардаанд: “Мақомоти Тоҷикистон, пеш аз он ки дер шавад, бояд амал кунанд.” Баёния 20-уми апрел аз тарафи Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ дар Женева нашр шуд.
Бар асоси гузориши Радио Озодӣ, ба ҳайати коршиносон Фернанд де Вареннес, гузоришгари вижа оид ба масъалаи ақаллиятҳо, Ирен Хон, гузоришгари вижа оид ба ҳуқуқ ба озодии баён ва дигарон шомиланд.
Гуфтанист, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи ноябри соли 2021 шоҳиди эътирозҳо буд. Норозиён пас аз он ба майдони марказии Хоруғ рехтанд, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштақалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Дар ҷараёни эътирозҳо ду каси дигар кушта ва 18 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Коршиносони СММ гуфтаанд, нодида гирифтани шикоятҳои мардуми Бадахшон метавонад, боиси “низои хушунатбор” гардад. Онҳо гуфтаанд: “Мо аз кӯшишҳои саркӯби эътирозҳо, ҳабси мардуми помирӣ, истифодаи аз ҳад зиёд ва ғайриқонунии нерӯҳои низомӣ сахт нигарон ҳастем. Аз мақомот даъват мекунем, барои пешгирӣ аз табъиз алайҳи эътирозгарони помирӣ чора андешанд.”
Ба гузориши Радиои Озодӣ, муҳаққиқони Созмони Милал аз гузоришҳо дар бораи “афзоиши ҳузури низомиён, таҳкими посгоҳҳо, боздошту бозпурсӣ ва манъи сафари эътирозгарон ба хориҷа” изҳори нигаронӣ кардаанд. Ҳамзамон гуфтаанд, то ҳол амалкарди мақомот ҳангоми боздошту кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва истифода аз зӯр алайҳи эътирозгарон тафтиш нашудааст. Онҳо хотирнишон кардаанд: “Ин дар ҳоле аст, ки фаъолони ақаллияти помириро дар расонаҳо ва идораҳои давлатӣ ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ мекунанд.”
Коршиносони СММ гуфтанд, дар пайи эътирозҳо дастрасӣ ба интернет танҳо ба идораҳои давлатӣ ва бонкҳои маҳаллӣ дастрас буд ва ба таҳсили ҷавонону кӯдакон таъсири манфӣ расонд. Онҳо тасреҳ кардаанд: “Мо махсусан аз маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет, барои пахш кардани эътирозҳо нигаронем. Мақомоти Тоҷикистон бояд ба озодии гирдиҳамоии осоишта ва баён эҳтиром гузоранд.”
Онҳо афзудаанд: “Дар ҳоле ки аз барқарор шудани интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқбол мекунем, аз ҳукумати марказӣ даъват дорем, чораҳои пешгирӣ аз низоъҳоро фавран амалӣ кунад.”
Добавить комментарий