Муҳаммадҷон Нурӣ: “Ҳоло навбат ба ҷазо додани набераҳои устод Нурӣ расидааст”

Мақомот дирӯз (23 апрели 2022) Ҳабибулло Саидов, донишҷӯи соли сеюми риштаи дорусозии Донишкадаи Носири Хисрави шаҳри Бохтарро аз дарс хондан дар донишкада маҳрум ва “облава”-аш карда, маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурданд.

Муҳаммадҷон Нурӣ, писари аршади марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар гуфтугӯ бо сайти “Зиндониён” зимни расондани ин хабар гуфт: “Тибқи маълумоте, ки имрӯз (24 апрели 2022) субҳ ба мо расид, дирӯз Ҳабибулло Саидов, писари Нусратулло Саидовро, ки донишҷӯи соли сеюми риштаи дорусозии Донишкадаи Носири Хисрави шаҳри Бохтар мебошад, ба истилоҳ “облава” намуданд.”

Вай, бо баёни ин ки пас аз боздошти Нусратулло Саидов, бародарзодаи устод Нурӣ, сипас Муҳибулло Нурддинов ва пас аз он, бародари устод, Нурулло Саидов ба иттиҳоми “дарёфти кӯмак аз хориҷ”, инак навбати набераҳои устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ расидааст, гуфт: “Ибтидо Ҳабибуллоро ба шӯъбаи милитсияи Ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш даъват намуда, аз онҷо кормандони милитсия бо ӯ ба хонаашон мераванд ва ба модар ва ҳамсари Ҳабибулло мегӯянд, ки Ҳабибулло худ ба мо муроҷиат намуд ва мехоҳад, ки довталабона ба хидмати сарбозӣ биравад.”

Муҳаммадҷон Нурӣ, фарзанди устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини раиси КШНГЗС

Муҳаммадҷон Нурӣ дар идома бо ишора ба ин ки “сипас Ҳабибуллоро бо худ гирифта мебаранд”, гуфт: “Ин дар ҳолест, ки донишҷӯён тибқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хидмати сарбозӣ озод мебошанд.

Вай афзуд: “Сипас дар шӯъбаи милитсия ба Ҳабибулло мегӯянд, ки ӯ аз донишкада хориҷ карда шудааст ва дигар донишҷӯ намебошад.”

Гуфтанист, Ҳабибулло фарзанди аршади Нусратулло Саидов, бародарзодаи устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, поягузори Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва раиси Комиссияи оштии миллӣ мебошад. Вай мутаваллиди 11 июни соли 2001 буда, оиладор ва соҳиби як фарзанд аст.

Қобили зикр аст, ба гуфтаи Муҳаммадҷон Нурӣ, Ҳабибулло баъд аз боздошти падар ва наздиконаш, танҳо касе аз мардони хонавода буд, ки ба умури зиндагии хонаводаашон расидагӣ менамуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: