Ризоӣ: “Гуноҳи Таваккал Бобоев мардумӣ будани ӯст”

Муҳаммадсаъид Ризоӣ, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар ёддоште ба муносибати Ҳафтаи Таваккал Бобоев, сабаби ба зиндон равона карда шудани Таваккал Бобоев ва амсоли ӯ аз сӯи режими Раҳмонро мардумӣ будани онҳо донист. Вай афзуд, Таваккал Бобоев ба айбу ҷурми “мардумӣ будан, озодӣ ва адолатхоҳӣ дар ҳаққи кишвар ва мардуму ҷомеаи худ, пешгирӣ аз зулм, пешгирӣ аз коррупсия ва мардумхорӣ, пешгирӣ аз дуздии амволи давлатӣ”, паси панҷараи зиндон ва барои 18 сол дохили ҳабс шудааст.

Матни пурраи ёддошти Муҳаммадсаъид Ризоӣ ба шарҳи зерин аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Чаро амсоли Таваккал Бобоевҳоро зиндонӣ мекунанд?!

Касе, ки бародар, Таваккал Бобоевро мешиносад, чи дар Варзоб байни дӯстону наздикон ва ё дар ҷойи кор, шак надорад, ки ӯ як донишманд, хоксор ва инсони принсипнок аст.

Ман аз солҳои 2000-ум бо ӯ ошноӣ пайдо кардам, он замон муовини раиси бахши ноҳиявии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб буд ва ҳам он замон, ки иҷрокунандаи раис буда фаъолият мекард. Мо ҳамроҳ бо бардар, Саидумар Ҳусайнӣ дар як сафари корӣ ба ноҳия рафтем.

Таваккал Бобоевро дар манзилаш дидем. Хонаи оддӣ ва зиндагии содда дошт. Баъди баҳсу баррасӣ ва анҷоми корҳои ҳизбӣ, вақти намози Пешин фаро расид ва ба масҷиди он деҳа барои адои намоз рафтем.

Дар роҳи масҷид, бо ҳар кӣ: пир, ҷавон, мард, зан ва руҳониву корманди иҷроияи маҳаллӣ рӯ ба рӯ мешудем, бо як эҳтироми хосс салом ва аҳволпурсӣ мекарданд. Маълум буд, ки ин навъи муомила ба хотири мо, меҳмонҳо набуд, балки барои Таваккал Бобоев як эҳтироми вижае қоил буданд. Ва бо ин ки хислати мардуми мо дар умум ин гуна аст, вале маълум буд, ки бародари мо, Таваккал аз ҷойгоҳи боло ва эҳтироми фавқулъода дар байни қавму маҳалли худ бархӯрдор аст.

Албатта ин эҳтиром ҳамин хел ба ӯ ҳадя нашуда буд ё ба ин хотир набуд, ки вай ягон корманди мақомоти расмии иҷроия ва давлатӣ аст. Не. Ҳаргиз! Балки сарчашма дар бархӯрди ӯ бо мардум дошт ва ин, ки вай дар ғаму шодии мардум шарик буд ва дар ҳалли мушкилоти рӯзмарра дар паҳлӯи онҳо қарор дошт.

Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти расмии кишвари мо чун мардумӣ нестанд ва мақому вазифаро ба хотири хидмати кишвару миллат не, балки ба хотири имтиёз болои мардум ва барои суду фоидаи худ медонанд, аз вуҷуди чунин шахсиятҳои мардумӣ ва қобили эҳтирому нуфуз байни мардум, хушашаон намеояд, балки хавф доранд, бинобар ин ҳамеша дар пайи дасиса, айбҷуӣ ва беобрӯ кардани онҳоянд.

Ман мутмаиннам, гуноҳи бародар, Таваккал Бобоев ва ҳамаи бардарони мо аз ҲНИТ ҳамин эҳтиром, нуфуз ва мардумӣ будани онҳост. Агар ба ҳаёту фаъолияти ҳар як аз аъзоёни ҲНИТ назар кунем, онҳо чи аз шахсиятҳои миллӣ, муаллим, табиб ва професору соҳиби тахассус бошанд ё шахсиятҳои мазҳабӣ, мулло, олим, домулло ва эшону сайидзода ва ё кормандони олирутба ва ё шахсияти оддӣ, мебинем, саршор аз ранҷу заҳмат, зарбу лат, таҳдид ба ҷони худ, наздикон ва дар ниҳоят ҳабсу зиндон ё овораву саргардонӣ аст. Ҳеч дурӯғ ё тӯҳмату бадрафторие нест, ки дар ҳаққи онҳо раво дида нашуда бошад.

Бародари мо, Таваккал Бобоев комилан ҳамин сарнавиштро аз сар гузаронд ва бо ин айбу ҷурм; мардумӣ будан, озодӣ ва адолатхоҳӣ дар ҳаққи кишвар ва мардуму ҷомеаи худ, пешгирӣ аз зулм, пешгирӣ аз коррупсия ва мардумхорӣ, пешгирӣ аз дуздии амволи давлатӣ, паси панҷараи зиндон ва барои 18 сол дохили ҳабс шуд.

Дуо мекунем, Аллоҳи пок барои бародар, Таваккал ва дигар нафароне, ки фақат ба ин гуна айбу тӯҳматҳо дохили зиндон шудаанд, саломатии комил бидиҳад ва ҳар чи сареътар аз зиндони ин золими аср раҳоӣ насибашон гардонад!

Инчунин дуо мекунам, ҳамватанони ғаюри аз ҳақиқати тӯҳматҳои ба ин афроди мардумӣ ва бегуноҳ огоҳ шаванд ва дар пайи озодии онҳо шаванд!

Мутмаиннам он рӯз дур нест!

#Ҳафтаи_Таваккал_Бобоев

#Озодӣ_ба_Таваккал_Бобоев

#Свободу_Таваккалу_Бобоеву

#Free_Tavakkal_Boboev

Манбаъ: Сафҳаи корбарии Муҳаммадсаъид Ризоӣ дар Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: