Саранҷом, мақомот маҳалли нигаҳдории бародар ва бародарзодаи устод Нуриро равшан карданд

Баъд аз тақрибан як моҳ, мақомоти вилояти Хатлон гуфтанд, ки бародари устод Нурӣ, Нурулло Саидов ва бародарзодаи устод, Муҳибулло Нуриддинов дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бохтар қарор доранд. То ин замон, мақомот маҳалли нигаҳдории ин ду наздикони устод Саид Абдуллоҳи Нуриро пинҳон ва чизе дар бораи он намегуфтанд. Писари Нурулло Саидов изҳори нигаронӣ кард, ки чаро мақомот қариб як моҳ маҳалли нигоҳдориашонро аз мо пинҳон доштанд.

Салоҳиддин Саидов, писари Нурулло Саидови 64-сола, рӯзи 23-юми апрел гуфт, як рӯз пеш ба онҳо хабар додаанд, ки падару амакаш дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бохтар ҳастанд. Ба гузориши Радиои Озодӣ, вай гуфт: “Худашон тамос гирифтанд. Дирӯз модарам ба дидани онҳо рафт. Хӯрок бурд. Гуфтанд, сиҳҳату саломат ҳастанд, вале дақиқ нест, чаро қариб як моҳ маҳалли нигоҳдорашонро аз мо пинҳон доштанд.”

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Нурулло Саидов-ро дар 15-уми март ва Муҳибулло Нуриддинов-ро дар 10-уми марти соли ҷорӣ ва ҳамчунин Нусратулло Саидовро ба иттиҳоми “дарёфти кӯмак аз хориҷ” боздошт карда буданд.

Қаблан, Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС, иттиҳоми “дарёфти кӯмак аз хориҷ”-ро хандаовар дониста гуфта буд, дарёфти маблағ аз берун аз кишвар қонунан мамнӯъ нест.

Муҳаммадҷон Нурӣ, фарзанди устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини раиси КШНГЗС

Муҳаммадҷон Нурӣ, фарзанди устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини раиси КШНГЗС низ дар мусоҳибае, бо сиёсӣ донистани ин боздоштҳо, гуфта буд: “Яке аз итиҳомоте, ки мақомот мегӯянд ин аст, ки онҳо гӯё аз хориҷа маблағ дарёфт мекунанд. Бояд бигӯям, ки фаразандони онҳо дар хориҷа ба сар мебаранд ва ба кору фаъолият машғуланд, мисли миллионҳо муҳоҷири тоҷик. Онҳо ба падару модарашон ва ба хонаводаҳои худ кӯмак мекунанд, аз меҳнати ҳалолашон, ягон кори ғайриқонунӣ дар ин нест. Онҳо узви ягон гурӯҳҳои сиёсӣ нестанд. Пас, маълум мешавад, ки ин боздоштҳо пурра ангезаҳои сиёсӣ доранд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: