Ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон
Ин ҳафтаро барои азизоне, ки дар зиндонҳои режими Эмомалӣ Раҳмон ҷоми шаҳодат нӯшидаанд, ихтисос додаем. Ва бо ин ки шумори дақиқи онҳо ба дастамон наомад, вале дӯстон дар КШНГЗС саъй карданд ва дар бораи касоне, ки мешиносанд ва ё номе аз онҳо дар расонаҳо омада ва ё аз тариқи наздикон ва хешовандонашон маълумоте аз онҳо ба даст овардаанд навиштанд.
Инак, он шаҳидон ба тартиб зикр мешаванд:
1) Шаҳид Эшони Шамсиддин:

Шамсиддин Шамсиддинов маъруф ба Эшони Шамсиддин, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), соати 11-и рӯзи 30 январи соли 2008 дар зиндони “Нефтянник”, воқеъ дар 6-километрии шарқи Душанбе, дар синни 55-солагӣ ҷоми шаҳодат нӯшид.
Ба гуфтаи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сарвари Маркази таҳлилию иттилооти ҲНИТ дар он таърих, марги Шамсиддинов бар асари маризии сурхрӯда, ки 6 моҳ ба ин сӯ ӯро дар зиндон азият медод будааст. Сайфуллозода гуфт, мақомот танҳо баъди талошҳои зиёди раҳбарияти ҲНИТ ва наздикони марҳум, соати 3-и зуҳри ҳамон таърих ҷасади ӯро таслим карданд.
Шамсиддин Шамсиддинов соли 1953 дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба дунё омада, нимаи дуввуми солҳои 80-и асри гузашта дар канори фаъолони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон таҳти сарварии марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ фаъолият мекард. Аз соли 1992 то 1997 дар ҳайати нерӯҳои оппозитсиони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар ба фаъолиятҳои фарҳангӣ машғул буд. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, муддате риёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт. Соли 2003 муовини раиси ҳизб интихоб шуд.
Моҳи майи соли 2003 Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шамсиддин Шамсиддинов ва се нафар ҳамроҳи ӯро муддати аз 16 то 25 солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Насим Ҳасанов, қозии Додгоҳи Олӣ ва раиси мурофиаи мазкур, гуфт, Шамсиддин Шамсиддинов ва Алишер Комилов ба 16 сол, Муҳаммадҷон Фозилов 18 сол ва Лутфулло Файзуллоев ба 25 сол барои ташкили “гурӯҳи ҷиноӣ”, “куштор” ва “нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ” маҳкум шудаанд.
Ба гуфтаи қозии додгоҳ, ин гурӯҳ, аз ҷумла дар куштори низомиёни Русия ва инчунин қатли Собирҷон Бегиҷонов, раиси собиқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар моҳи майи соли 2001-ум дар вилояти Суғд даст доштааст.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон қарори додгоҳро ғайриодилона арзёбӣ кард.
2) Шаҳид Махдуми Абдусаттор:

Каримов Саттор Самадович машҳур ба Махдуми Абдусаттор, аз чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон ва аз афроди наздик ба марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва узви Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), дар шаби 19 майи соли 2019 дар зиндони “Кирпичний”, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, дар “ошӯбе”, ки ба гуфтаи огоҳон, кори дасти КДАМ будааст, ба таври хеле ваҳшатноке ҷоми шаҳодат нӯшид.
Дафтари матбуотии Идораи зиндонҳои вобаста ба Вазорати адлияи Тоҷикистон дар баёнияе дар он таърих навишт, ки Саид Қиёмуддини Ғозӣ, Махдуми Абдусаттор ва Шайх Тумур — се шахсияти саршиноси мазҳабӣ, аз сӯи “зиндониёни ошӯбгар” ба қатл расидаанд. Баёния меафзояд, зиндониёни узви гурӯҳи ДОЪИШ ин се нафарро барои “тарсонидани маъмурони зиндон” ба гаравгон гирифтанд ва бо корд ба таври ваҳшатноке ба қатл расонданд.
Махдуми Абдусаттор дар соли 1959 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Вай дар 16-уми сентябри соли 2015 аз тарафи кормандони КДАМ дар хонааш дар Душанбе ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар “табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим” ба 26 сол зиндон маҳкум шуд. ҲНИТ ин иттиҳомро сохта донист.
Бобоев Абдусаттор, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), ки аз афроди наздик ба шаҳид Махдуми Абдсаттор аст, дар мусоҳибае пас аз шаҳодати Махдум, ногуфтҳоеро дар бораи он марҳум баён дошт. Вай аз ҷумла гуфт, он нафароне, ки ҳамчун ДОЪИШ дар зиндонанд, дар Сурия ва Ироқ набуданд ва таҷриба надоранд ва ба иттиҳомоти мухталиф дар Тоҷикистон дастгир ва зиндонӣ шудаанд; ба ҳамин далел, созмондиҳии шӯриш тавассути як ҷавони 20 сола (писари полковник Гулмурод Ҳалимов) боваркарданӣ нест.
Вай дар ин мусоҳиба ҳамчунин баён дошт: “Ман беш аз 30 сол равобити дӯстона бо Махдуми Абдусаттор доштам… Дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки дар даҳаи 1990 рӯй дод, нерӯҳои “Фронти халқӣ” бародари ӯ, Махдуми Абдуҷҷабборро сар буриданд ва ба шаҳодат расонданд. Амакаш ба номи Муродалӣ ҳам тавассути “Фронти халқӣ” ба шаҳодат расид ва ҳанӯз ҷасади вай пайдо нашудааст. “Фронти халқӣ” ҳамонҳое ҳастанд, ки имрӯз дар давлат ҳастанд ва давлатдорӣ мекунанд…”
Бобоев ҳамчунин гуфт: “Махдуми Абдусаттор шахсе буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти қудратӣ ӯро аз наздик мешинохтанд. Чун фарди маҳбубе буд ва обрӯ ва эътибораш дар сатҳи Тоҷикистон камтар аз вазирон набуд. Барои ҳамин, чанд бор аз ӯ дархост карданд, бигӯяд, ҲНИТ террорист аст.., вале ӯ ҳаргиз чунин нагуфт ва зери бор нарафт.”
Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар баёнияе дар таърихи 20 майи соли 2019, ҳодисаи зиндони Ваҳдатро шадидан маҳкум намуд. Раёсати Олии ҲНИТ дар ин баёния, ҳукумати кишварро масъули бевоситаи ин ҳодисаҳо дониста, онро натиҷаи сиёсатҳои ғалати роҳбарияти кишвар донист. Барои равшан шудани ҳамаи паҳлӯҳои ин ҳодиса, Раёсати Олии ҲНИТ талаб кард, ки “гурӯҳи таҳқиқотии мустақил бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ ва хабарнигорони мустақил ташкил шавад, то ҷузъиёти ин ҳодиса ба таври дақиқ баррасӣ ва ба мардум расонида шавад”.
3) Шаҳид Эшони Сайид Қиёмуддин:

Қиёмуддин Ғозиев маъруф ба Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, аз руҳониҳои машҳури Тоҷикистон ва аз поягузорони Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дар ҳодисаи шаби 19 майи соли 2019 дар зиндони “Кирпичний”, ҳамроҳ бо Махдуми Абдусаттор ва Шайх Темур дар ҳамон “ошӯбе”, ки дар боло зикраш гузашт, ҷоми шаҳодат нӯшид.
Вай дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони “Шаҳидон” буд. Пас аз шурӯъи ҷанг, ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди Нерӯҳои Мухолифини Тоҷик фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ, Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ гардид. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ, аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст.
Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шуд. Ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум карданд.
Бино бар гузориши Радиои Озодӣ дар 14 августи 2020, мақомоти интизомии Тоҷикистон якбора се писари Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозиро дастгир карданд. Саидмуҳаммади 44-сола дар 17-уми июли 2020, Саидҳасани 33-сола ва Саидмуҳаммадии 25-сола дар 19-уми июли ҳамон сол боздошт шуда буданд. Додгоҳ Саидмуҳаммади Ғозиро ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба 13 сол ва Саидҳасани Ғозиро ба иттиҳоми “ифротгароӣ” барои 11 сол равонаи зиндон кард. Ҷараёни тафтиши парванда ва мурофиаҳои додгоҳии ӯ паси дарҳои баста гузашт.
Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС, дар мусоҳибае, ки зикраш дар боло гузашт, дар робита бо зиндонӣ шудани Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, баён доштааст: “Дар як ҷаласаи васеъ, Раҳмон ошкоро гуфт, ки эшон, Сайид Қиёмуддини Ғозӣ як хиёнаткор ва ҷинояткор аст, ки мазҳаби Худро фурӯхта ва ба мазҳаби шиъа гаравидааст. Аз сӯи бисёре аз тундравон ва ифротиҳо ин яъне судури ҳукми қатли вай буд. Ин дар ҳоле аст, ки мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва озод эълон шудааст ва ҳамаи адён ва мазоҳиб метавонанд озодона дар он фаъолият кунанд. Вале бибинед, худи раисҷумҳур, ки бояд кафили озодии мардум бошад, чунин сухане мегӯяд.”
Раиси КШНГЗС афзуд: “Дар ниҳоят дидем, ки Сайид Қиёмуддин ҳам мазлумона дар зиндони давлатии Тоҷикистон кушта шуд ва ҳатто ҷасади ӯро ҳам ба касе нишон надоданд. Дар қабристон ҳам иҷоза надоданд мардҳо ба сари мазори ӯ бираванд ва занон ҳам бо доду фиғон тавонистанд ба сӯи ӯ бираванд. Эшонро нерӯҳои амниятӣ мазлумона ва ғарибона ба хок супурданд.”
4) Шаҳид Шайх Темур:

Дар ҳодисаи хунини шаби 19 майи 2019 дар зиндони “Кирпичний”, яке дигар аз руҳониҳои Тоҷикистон ҷоми шаҳодат нӯшид; Саидмаҳдихон Сатторов маъруф ба “Шайх Темур”.
Вай дар соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада ва дар овони ҷавониаш 2 сол зиндонӣ шудааст. Баъдан ба водии Ҳисор кӯч баста, дар деҳаи Асбоби ноҳияи Турсунзода зиндагӣ кардааст.
Саидмаҳдихони 70-сола дар соли 2015 ба иттиҳоми “тамаъҷӯӣ”, “бисёрзанӣ”, “монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва ишғоли худсаронаи замин”, ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ дар додгоҳ ду иттиҳоми “тамаъҷӯӣ” ва “монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва ишғоли худсаронаи замин”-ро рад кардааст.
Аҷиб он, ки замони боздошташ, мақомот Сатторовро дар “даъвои пайғамбарӣ” гунаҳгор карда гуфтанд, ки ӯ худро “Имом Маҳдӣ”, пайғамбари охируззамон эълон кардаву дар атрофаш шогирдону муридони зиёде ҷамъ кардааст. Хешовандони вай ҳукми додгоҳро “аз ҳад зиёд сангин” ва ноодилона хонданд. Баъзе аз эътиқодмандони Шайх Темур гуфтанд, ки иддаоҳо дар бораи ӯ тӯҳмат аст.
Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС, дар мусоҳибаи худ, дар бораи Шайх Темур гуфтааст: “Ӯ яке аз шахсиятҳои машҳур ва маъруф буд. Эшон аз сӯфиҳои тариқат буд ва пайравону муридони хеле зиёде ҳам дошт. Ҳатман медонед, дар тариқатҳои сӯфӣ як пир доранд ва муридон ҳам аз ӯ пайравӣ мекунанд. Ӯ ҳам ба унвони як ришсафед пайравони зиёде дошт ва ба ҳамин далел, давлат ҳам аз ӯ ҳамеша метарсид. Қабл аз баста шудани ҲНИТ дар соли 2014 ё аввали 2015, барои Шайх Темур парвандасозӣ карда ва ӯро равонаи зиндон карданд. Ниҳоятан ҳам вай ба шаҳодат расид ва ҷасад ӯро ҳам ба касе нишон надоданд.”
Матлаби дигари хабарсоз дар мавриди парвандаи Шайх Темур он аст, ки дар соли 2016 хонаводаи вай дар як шикояти расмӣ ба полис гуфтанд, ки дар хусуси озод кардани Шайх Темур, ба ваъдаи як нафаре дода шуданд, ки гуфтааст, тавони миёнаравӣ дар қазияи афв ва озод шудани ӯ мусоидат мекунад. Ин нафар Насимҷон Собирҷонов аст, ки худро як корманди Вазорати умури дохила муаррифӣ карда ва ваъда кардааст, ки исми Сатторовро ба феҳрасти афроди мавриди афв дар соли 2016 ворид мекунад. Собирҷонов 20 ҳазор доллари наздикони Шайх Темурро ба ҷайб зада будааст.
5) Шаҳид Қурбон Маннонов:

Дар 16-уми августи соли 2016, раиси бахши Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар шаҳри Норак, Қурбон Маннонов дар Муассисаи ислоҳии 3/4 шаҳри Душанбе ба шаҳодат расид.
Марҳум Қурбон Маннонов дар соли 2015 бо парвандаи сохта ва тӯҳмати таблиғи идеяҳои ДОЪИШ зиндон шуда буд. Ҳанӯз қабл аз зиндон, марҳум бо роҳбарияти ҳизб гузориш дода буд, ки мақомоти кишвар аз ӯ талаби изҳороти видоеӣ бар зидди ҳизб ва роҳбарияти он, инчунин қатъи фаъолияти ҳизб дар шаҳри Норак ва хориҷ шудан аз онро карданд. Ва дар сурати иҷрои супориш, бо ҷойи кор ва замини наздиҳавлигӣ таъмин хоҳад шуд ва дар сурати сарпечӣ, худ ва хонадонашро ба душвориҳо рӯбарӯ хоҳад кард.
Раёсати Олии ҲНИТ дар баёнияе ба муносибати шаҳодати Маннон Қурбонов баён дошт: “Роҳбарияти Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо ифротгарӣ мухолифони сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, вакилони мудофеъ ва аъзову ҷонибдорони ҳизбҳои сиёсиро мавриди таъқибу пайгарди шадид қарор дода, бо маҳкама дар додгоҳҳои ноодилона ва пушти парда, парвандаҳои бо мӯҳри махфӣ ва асноди қалбакию шоҳидони иҷборӣ ба ҳабсҳои тӯлонимуддат равонаи зиндон сохта, тамоми арзишҳои инсонӣ ва озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиро аз онҳо салб кардааст. Илова бар ин, гирифтани эътироф бо роҳи зӯр ва шиканҷа аз боздоштшудаҳо, ба яке аз амалҳои оддии мақомоти қудратии кишвар табдил гардидааст.”
6) Шаҳид Домулло Абдусаттор:

Абдусаттор Бобоев маъруф ба Домулло Абдусаттор, раиси бахши исфарагии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва узви Раёсати Олии ҲНИТ, дар шаби 25-уми майи соли 2020 дар зиндони рақами 3-и низомаш сангини Хуҷанд ҷоми шаҳодат нӯшид.
Домулло Абдусаттор дар соли 1954 дар Исфара ба дунё омадааст. Ӯ дар 22 сентябри соли 2015 аз тарафи мақомот беасос боздошт ва баъдан ба муддати 11 сол равонаи зиндон гардид. Ӯ ҳамчун инсони донишманду ботақво дар Исфара ва атрофи он ҷойгоҳи хоссе дошт ва ҳамчун шахси озодихоҳу адолатпеша шинохта мешуд.
Аз Домулло Абдусаттор се фарзанд баҷо мондааст.
Раёсати Олии ҲНИТ дар таърихи 26 майи 2020 дар баёнияе, зимни таслияти даргузашти Бобоев ба хонавода, пайвандон ва ёрону дӯстонаш, дуо кард, ки “ӯро дар биҳишти ҷовидон ҳамроҳи шуҳадо, солиҳон ва анбиё маҳшур гардонад. Худованд ба бозмондагонаш сабри ҷамил ва тули умр ато фармояд!”
7) Шаҳид Абдулфайз Раҷабов:

Абдулфайз Раҷабов, зиндонии 47-сола, дар 9-уми майи 2020 дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе ҷоми шаҳодат нӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ аз бемории COVID-19 ҷон бохтааст. Ва ин дар ҳоле аст, ки дар шоми 10 майи ҳамон сол наздикони вай видеоеро пахш карданд, ки аз осори шиканҷа дар гардан ва рӯйи ӯ дида мешуд.
Абдулфайз Раҷабов соли 2015 ба иттиҳоми “ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назарзода”, муовини Вазири дифоъи Тоҷикистон, ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Раёсати Олии ҲНИТ бо судури баёнияе дар ин хусус, баён дошт: “Абдулфайз Раҷабов соли 1973 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада, дар шаҳри Душанбе истиқомат мекард. Моҳи сентябри соли 2015 ҳамроҳи садҳо аъзову ҷонибдорони ҲНИТ боздошт ва бо иттиҳомҳои сохтаву бофтаи режими худкомаи кишвар, ба 28 соли зиндон маҳкум шуда, давраи маҳкумиятро дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе пушти сар мекард.”
8) Шаҳид Мирзоумар Табаров:

Мирзоумар Табаров, узви 77-солаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), дар январи 2022 дар зиндон ҷоми шаҳодат нӯшид. Шаҳодати ӯ дар санаи 12 январи 2022 иттифоқ афтода буд, аммо дертар ифшо шуд.
Мирзоумар Табаров сокини деҳаи Фириштии ҷамоати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат буд ва муддате роҳбарияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ваҳдатро ба ӯҳда дошт.
Вай дар соли 2015 ба иттиҳоми “ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назаров” ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Раёсати Олии ҲНИТ бо судури баёнияе, ёдовар шудааст: “Соли 2015 режими Тоҷикистон марҳум Бобои Мирзоумарро бо ҷурми ҳамдастӣ дар ба ном “ошӯб”-и Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ҳамроҳи ду фарзандаш боздошт ва пас аз шиканҷаи зиёд, бидуни вакили дифоъ ва дар додгоҳи пушти дарҳои пӯшида ба муддати 23 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ду фарзандаш ҳанӯз дар зиндон мебошанд”.
9) Шаҳид Умедҷон Тоҷиев:

Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баъд аз зуҳри 19 январи соли 2014, дар бемористони боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷоми шаҳодат нӯшид.
Ин сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аз ҷониби кормандони умури дохилаи Исфара дар 30 октябри соли 2013 дар бозори деҳаи Ворух боздошт ва ҳамон рӯз бо ҳукми додгоҳи шаҳри Исфара бо ҷурми “итоат накардан ба амри милиса”, ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд.
Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо судури баёнияе, кормандони ниҳодҳои интизомии ин кишварро аз омилони шаҳодати Умедҷон Тоҷиев донист.
Дар ин баёния омадааст: “Ҳарчанд вакилони мудофеъ ва пайвандон аз хуб набудани вазъи саломатии Умедҷон Тоҷиев ба мақомоти интизомӣ чандин нома фиристода, пешниҳоди интиқоли ӯ ба бемористонро карда буданд, аммо ин пешниҳод пазируфта нашуд. Метавон ба ин натиҷа расид, ки масъулияти марги Тоҷиев пурра ба дӯши мақомоти интизомӣ мебошад.”
ҲНИТ иллати шаҳодати Тоҷиевро “ба истифодаи аз меъёр зиёди нерӯи барқ ва асари он ба кори дил” донист.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ ин амали мақомоти ниҳодҳои интизомиро маҳкум карда, аз Додситонии кулли Тоҷикистон тақозо кард, “дар бораи таҳқиқи сабабҳои марги Умедҷон Тоҷиев як комиссияи босалоҳият бо ширкати намояндагони ҲНИТ ва вакилони дифои Тоҷиев таъсис дода, қазияро ҷиддан баррасӣ намояд ва омилони марги ӯро муҷозот кунад.”
Авфи Байналмилал (Amnesty International) низ дар моҳи ноябри соли 2013 зимни як баёния, аз вазъи нигаҳдории Умедҷон Тоҷиев дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.
Дар ин баёния аз қавли пайвандони Умедҷон Тоҷиев таъкид шуда буд, ки ин узви ҲНИТ дар боздоштгоҳ мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтааст. Ӯ дар заминаи дастрасӣ ба вакили мудофеъаш ва дарёфти кӯмаки беҳдоштӣ, бо маҳдудиятҳо рӯбарӯ буд.
Модари Умедҷон Тоҷиев дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, аз президенти Тоҷикистон кӯмак хоста буд:
10) Шаҳид Раҷабалӣ Одинаев:

Раҷабалӣ Одинаев дар 7-уми апрели 2021 дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ” ҷоми шаҳодат нӯшид. Ӯ, ки аз тиҷорати хиёбонӣ то ба раҳбарии ширкати бузурги фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, “Умед-88”, расида буд, ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Раҷабалӣ Одинаев 61 сол син дошт.
Ширкати “Умед-88”, ки мутаъаллиқ ба шаҳид Раҷабалӣ Одинаев буд, дар бозори Тоҷикистон бо ширкати “Газпромнефт”-и Русия ва ширкати “Фароз”-и марбут ба Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон рақобат мекард. Ин ширкат дар соли 1996 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ташкил шудааст. Раҷабалӣ Одинаев ин ширкатро ба хотири писари бузургаш, Умед ном гузошта буд. Ширкати “Умед-88” дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дошт.
11) Шаҳид Рустам Ашӯралӣ:

Рустам Ашӯралӣ, писараммаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, муовини пешини Вазири дифоъи Тоҷикистон, дар 15 октябри 2018 дар зиндони рақами 2 маъруф ба “Кирпичный”, воқеъ дар Ваҳдат, дар синни 48-солагӣ ҷоми шаҳодат нӯшид. Маросими ҷанозаи вай дар 16 октябри 2018 баргузор ва ӯро дар қабристоне дар шаҳри Душанбе ба хок супурданд.
Рустам Ашӯралӣ дар хиёбони “Каратегинский” қарор дошт. Дар соли 2015, аз 60 то 70 нафар аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо генерал Назарзода боздошт кардаанд. Писари Ҳоҷӣ Ҳалим, Бахтиёр ба 18 сол ва бародари ӯ, Ҷамолиддин ба 10 сол зиндон маҳкум шуда буданд.
Рустам Ашӯралӣ сеюмин шахс аз наздикони шаҳид Ҳоҷӣ Ҳалим аст, ки дар зиндон шаҳид шудаанд. Пеш аз ин, Сангинмурод, ронандаи вай ва дар ибтидои марти соли 2017, Қаноат Мукаммилов, бародари Мирзо Мукаммилов, ронандаи дигари марҳум Ҳоҷӣ Ҳалим, дар зиндон аз дунё гузашта буданд.
12) Шаҳид Сангинмурод:

Сангинмурод ронандаи генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар зиндон ҷоми шаҳодат нӯшидааст. Ӯро дар тирамоҳи соли 2015 ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо генерал Назарзода боздошт карда буданд. Мутаассифона, дар бораи Сангинмурод маълумоте ба дасти мо нарасид.
13) Шаҳид Қаноат Мукаммилов:

Қаноат Мукаммилов бародари яке дигар аз ронандаҳои генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода аст, ки дар дар марти соли 2017 дар зиндон ҷоми шаҳодат нӯшид. Ӯро низ мисли Сангинмурод ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо генерал Назарзода боздошт ва зиндонӣ карда буданд. Мутаассифона, дар бораи Қаноат Мукаммилов низ ҳеч иттилоъе ба дасти мо нарасид.
14) Шаҳид Ҷомаҳмад Боев:

Дар ҳодисаи хунини шаби 19 майи соли 2019 дар зиндони “Кирпичний”, ба иловаи Эшони Қиёмуддин, Шайх Темур ва Махдуми Абдусаттор, яке дигар аз аъзои ҲНИТ низ ҷоми шаҳодат нӯшидааст: Боев Ҷомаҳмад Ятимович.
Вай зодаи соли 1987 буд. Дар таърихи 17 феврали соли 2016, додгоҳи вилояти Хатлон ӯро бо моддаи 187 ба 18 сол зиндон маҳкум карда буд.
Раёсати Олии ҲНИТ бо судури баёнияе, ҳодисаи хунини 19 майи 2019 дар зиндони “Кирпичний”-ро маҳкум карда ва аз амният ва саломатии маҳбусон, аз ҷумла маҳбусони сиёсӣ, изҳори нигаронӣ кард.
Раёсати Олии ҲНИТ барои равшан шудани паҳлӯҳои ин ҳодиса талаб карда, ки гурӯҳи таҳқиқотии мустақил бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ ва хабарнигорони мустақил, ташкил шавад, то ҷузъиёти ҳодиса дақиқ баррасӣ ва ба мардум расонида шавад.
15) Шаҳидони “хлеби” заҳролуд:

Дар июли 2019, 14 маҳбуси зиндонҳои вилояти Суғд ҳангоми интиқол ба маҳбасҳои ҷануби кишвар заҳролуд шуда ва дар Муассисаи тафтишотии Душанбе ҷон бохтанд. Мақомот гуфтанд, ки ҳодиса шоми 7-уми июли 2019 ҳангоми интиқоли 128 нафар маҳкумшуда (120 мард ва 8 зан) рух додааст.
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар ҳамон таърих бо нашри баёнияе, хабар дод, ки ин гурӯҳи маҳбусон баъд аз истеъмоли нон (хлеб) вазъашон вахим шуда ва дертар ҷон бохтанд. Ҳодиса дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб иттифоқ афтодааст.
Баъди истеъмоли “хлеб”, бо гузашти ним соат, аз 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузурӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ падид омада.
Рӯйхати маҳбусони ҳалокшуда ба шарҳи зерин аст:
1. Турдиев Ёқуб Сафармаҳмадович, с.т. 28.01.1991, сокини ноҳияи Хуросон, ҷ/д Қизил-қалъа, деҳаи Сарбанд.
2.Одинаев Валиҷон Дарвешович, с.т. 13.12.1976, сокини шаҳри Ҳисор, ҷ/д Деҳқонобод, деҳаи Бағалак.
3. Солиҳов Некқадам Гулмуродович, с.т. 23.07.1985, зодаи ноҳияи Варзоб.
4. Назруллоев Усмоналӣ Бурихонович, с.т. 21.03.1979, зодаи ноҳияи Ёвон.
5. Буриев Далерҷон Бозорович, с.т. 16.09.1998, зодаи шаҳри Истаравшан.
6. Убайдов Афзалшо Ҳабибович, с.т. 23.02.1995, зодаи шаҳри Ваҳдат.
7. Сунатуллои Имомалӣ, с.т. 05.06.1989, зодаи шаҳри Душанбе.
8. Юсупов Меҳроб Акбаралиевич, с.т. 07.07.1992, зодаи ноҳияи Варзоб.
9. Ватаниев Маҳмасаид Восеиевич, с.т. 20.04.1977, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳаи Ҳилолӣ.
10. Манонов Раҷабмурод Алимардонович, с.т. 26.05.1979, зодаи ноҳияи Файзобод, ҷ/д Чашмасор, деҳаи Бунгакиён.
11. Ҳакимов Ҳасан Нуралиевич, с.т. 17.01.1987, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён.
12. Абдураҳмонов Абдураҳмон Ҳасанович, с.т. 10.02.1997, зодаи ноҳияи Рудакӣ, ҷ/д Чимтеппа, деҳаи Гулбутта.
13.Ҳайдаров Некрӯз Мирзоалиевич, с.т. 21.08.1999, зодаи ноҳияи Данғара, деҳаи Корез.
14. Қаюмов Абдуҷамил Халилович, с.т. 10.11.1967, зодаи ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бӯстон.
Мақомоти идораи зиндонҳо дар ҳоле хӯрдани нон ё хлебро сабаби марги 14 маҳбус медонанд, ки бархе табибон инро зери шубҳа мебаранд. Яке аз табибони таҷрибадори соҳаи заҳролудшавӣ дар тиб, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, инсон аз хӯрдани нон метавонад заҳролуд шавад, аммо ин масмум шудан дар аксар ҳолат кушанда нест.
Ин табиб, ки дар яке аз беморхонаҳои Душанбе кор мекунад ва намехоҳад исмаш бурда шавад, гуфт, дар робита ба ҳалокати маҳбусон ду ҳолат метавонад пеш ояд: ё гандуми тозанашуда орд карда шудааст ё ба хамири нони маҳбусон маводи заҳрдоре илова шудааст. Вай афзуд: “Дар даруни гандум чандин растаниҳои заҳролуд, ба монанди гелиотроп мерӯяд. Ҳамонро тоза накарда орд кунанд, одамро заҳролуд мекунад. Аммо бо як тика аз ин нон одам ба ҳалокат намерасад. Танҳо агар аз он нон давоми чанд рӯз истеъмол кунад, заҳр метавонад ба организм зиёд ворид шуда, шикам дам шавад ва пасон бемор бимирад.”
#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон
#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов
#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор
#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ
#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов
#Шаҳид_Қурбон_Маннонов
#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор
#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов
#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев
#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров
#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев
#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ
#Шаҳид_Сангинмурод
#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов
#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев
Добавить комментарий